Вазорати молияи Русия пешниҳод кардааст, ки оид ба додани ҳуқуқи андозбандӣ ба даромади касбии шахсони воқеӣ, ки шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошанду ба ҳайати Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО, ЕАЭС) шомил нестанд, озмоиш гузаронида шавад. Дар ин бора “Известия” хабар медиҳад.

Агар тағйирот пазируфта шавад, ба ҷуз Украина, аз реҷаи махсуси андозбандӣ сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Озарбойҷону Молдова низ истифода карда метавонанд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки навгонӣ ба муҳоҷирон имкон медиҳад, барои патент ҳар моҳ 4 ҳазор рубл пардохт накарда, қонунӣ кор кунанд. Ин дар навбати худ барои ҷалби хориҷиёни бештар ба Русия ва ҳалли мушкилоти норасоии қувваи корӣ шароит фароҳам меорад.

Ҳар як шаҳрванди Русия, ки дар як сол то 2,4 млн. рубл даромад дораду ба хизматгузории пулакӣ машғул аст ва кормандони кироя надорад, метавонад худро ба сифати шахси машғул ба кори мустақилона сабтином карда, зимни кор бо дигарон аз рӯйи меъёри 4% ва бо ширкатҳо 6% андоз пардозад.

Феълан ба ҷуз русиягиҳо, сокинони кишварҳои узви ИИАО: Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон шахсони ба кори мустақилона машғул шуморида мешаванд. Шаҳрвандони кишварҳои дигар бояд патент ё раводиди корӣ ва иҷозатнома барои кор дошта бошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.