Рӯзи 20-уми ноябр дар ҷумҳурӣ аз сабаби вуруди антисиклони арктикӣ якуякбора ноустувор шудани вазъи обуҳаво дар назар аст.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, рӯзи 21-уми ноябр боридани борон ва дар охири рӯз дар бештари водиҳо, доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ ба барфи тар мубаддал шудани он дар назар аст.

Эҳтимоли боришоти борон, барфи тар дар водиҳо ва барф дар ноҳияҳои кӯҳӣ то рӯзи 23-юми ноябр аз эҳтимол дур нест.

Рӯзҳои 21-22 ноябр дар бештари ноҳияҳои НТМ, вилояти Хатлон ва ғарби ВМКБ ба амал омадани боришот (борон, барфи тар)-и бошиддат пешгӯӣ мешавад.

Рӯзи 20-уми ноябр вазъи рӯзонаи ҳаво то ҳудуди 8-13 дараҷа дар назар буда, баъдан рӯзҳои 21-23 ноябр пастшавии он дар водиҳо ва доманакӯҳҳо то 0-5 дараҷа гармиро ташкил медиҳад.

Аз сабаби якуякбора паст шудани ҳарорати ҳаво ва боридани барф дар роҳҳои нақлиётгарди кӯҳии ҷумҳурӣ пайдоиши қабати барф дар назар буда, дар ноқилҳои барқӣ часпидани барфи тар аз эҳтимол дур нест. Ин давра дар бештари қаламрави ҷумҳурӣ фаромадани туман дар назар буда, дурии биниш аз 200 то 500 метрро ташкил медиҳад.

Ба сохторҳои дахлдор оид ба нигоҳдории роҳҳои нақлиётгард тавсия дода мешавад, ки тайёрии пешакиро оид ба рафъи ин зуҳуроти номатлуби табиӣ роҳандозӣ кунанд.

Ба кишоварзони ҷумҳурӣ тавсия дода мешавад, ки аз сабаби ба амал омадани боришоти шиддатнок ва баъдан пастшавии ҳарорати ҳаво ҷамъоварии зироатҳои кишоварзӣ, мева ва сабзавотро саривақтӣ амалӣ карда, ба ноустуворшавии вазъи обуҳаво чораҳои пешакӣ андешанд. Ҷиҳати амалӣ намудани корҳои нотамоми сохтмонӣ дар секторҳои хусусӣ ва давлатӣ андешидани чораҳои зарурӣ аз манфиат холӣ нест.

Рӯзҳои 24 то 26 ноябри соли ҷорӣ аз сабаби софшавии ҳаво ва қатъ гардидани боришот, туманфароӣ ва пастшавии вазъи шабонаи ҳаво дар водиҳо то 0-5 дараҷа сардӣ, дар доманакӯҳҳо то 3-8 дараҷа сардӣ,  дар минтақаҳои кӯҳӣ аз 5-10 дараҷа сардӣ то 10-15 дараҷа сардӣ ва дар ноҳияҳои баландкӯҳӣ то андозаи 20-25 дараҷа сардӣ пешгӯӣ мешавад.

Дар давраи ноустувории вазъи обуҳаво фишори атмосферӣ баланд шуда, таъсири он ба бемориҳои гирифтори фишорбаландӣ, дил, диабети қанд ва астма дар назар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.