Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар пешниҳод кардаст, ҳамаи хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандие, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳузур доранд, авф карда шаванд.

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба омӯзиши лоҳаи қонуни аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон пешниҳодшуда «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд» оғоз кард.

Дар лоиҳаи қонун аз ҷавобгарӣ озод кардани ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҳузур доранд, пешбинӣ шудааст. Муҳлати амали авф аз ҷониби парлумони Тоҷикистон муқаррар мешавад.

Ба гуфтаи раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода, дар давраи авфи пешбинишуда ҳамаи хориҷиён ва шахсони бешаҳрванде, ки дар қаламрави кишвар ғайриқонунӣ ҳузур доранд, бе тарсу ҳарос метавонанд ҳузури худро  дар қаламрави Тоҷикистон қонунӣ кунанд.

“Қабули лоиҳаи қонуни мазкур ба таъмини риояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, аъзои оилаи онҳо дар ҷараёни ҳузури қонуниашон дар қаламрави Тоҷикистон мусоидат мекунад”, - гуфт вакили парлумон.

Дар қонунгузории Тоҷикистон барои ҳузури ғайриқонунӣ дар қаламрави кишвар ҷарима дар ҳаҷми аз 4 то 5 ҳазор сомонӣ ва ихроҷи қонуншикан ба берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст. Шахсоне, ки чандин маротиба даст ба ин қонуншиканӣ мезананд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.