Бозори “Ҷал-Ҷам” дар пойтахт, ки барои фурӯши масолеҳи сохтмон пешбинӣ шудааст, дар доираи амалисозии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе кӯчонида мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар доданд, дар ҷойи ин бозор, ки дар маҳаллаи 1-ум Советский воқеъ аст, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, марказҳои муосири савдо, иншооти таъиноти иҷтимоӣ – мактабу беморхонаҳо сохта мешаванд.

Ба фурӯшандагони бозори “Ҷал-Ҷам” барои озод кардани қаламрав то 15-уми январ муҳлат дода шудааст.

Ҳукумати шаҳр ба онҳо пешниҳод кардааст, ки ба муҷтамаи нави савдои “Кӯшониён” гузаранд, ки дар мавзеи корхонаи таъмири пойтахт бунёд шудааст.

“Маъмурияти маркази савдои “ Кӯшониён” бо дархости шаҳрдории Душанбе савдогарони ба ин ҷо гузаштаи бозори “Ҷал-Ҷам”-ро се моҳ аз пардохти маблағи иҷораи нуқтаҳои фурӯш озод мекунад”, - афзуд манбаъ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.