Роҳбарияти бозори яклухтфурӯшии “Корвон” маълумот дар бораи аз соҳибкорон ҷамъоварии маблағро барои корҳои таъмиру навсозии он рад кард. Роҳбарияти бузургтарин бозор дар ҷумҳурӣ мегӯяд, овозаҳои дар ин робита ҷойдошта ягон асоси воқеӣ надоранд.
Сарвари “Корвон” Ҳалима Мавлонова ин масъаларо дар суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” чунин шарҳ дод:
“Ба гуфтаи тоҷироне, ки ба “Азия-Плюс” шикоят бурдаанд, қатъиян розӣ нестем. Мавқеи расмии мо чунин аст, ки нақшаи таъмиру навсозӣ 24-уми январи соли равон аз ҷониби шаҳрдории Душанбе тасдиқ шуда, мувофиқи он, раҳбарияти бозор барои васеъ кардани роҳҳо, сохтмони таваққуфгоҳи бисёрошёна барои мошинҳо ва ба тартиб овардани боғу гулгаштҳо бояд 72 манзили воқеъ дар гирду атрофи бозорро харад”.
Ӯ мегӯяд, ҶДММ “Бозори Корвон” сарфи назар аз маблағе, ки ба ин лоиҳа сарф мешавад, мустақилона ва бидуни дастгирии соҳибкорон корҳои таъмиру навсозиро анҷом медиҳад.
“То имрӯз аз ҷониби маъмурият ҳеҷ талаби ҷамъ кардани маблағ аз соҳибкорон барои анҷоми ин корҳо нашудааст”, - изҳор дошт Мавлонова.
Дар ҳамин ҳол, сарвари бозор таъкид кард, маъмурият соҳибкоронеро, ки бо онҳо шартнома бастааст, бо нуқтаҳои фурӯш таъмин мекунад.
Ихтилофи раҳбарият ва иҷорагирони фаръӣ
Мо ҳамчунин бо молики бозори “Корвон” Нуршед Машрабов суҳбат кардем.
Ба гуфтаи ӯ, моҳи декабри соли 2018 шаҳрдорӣ дастур додааст, ки шароити бозор ба талаботи бехатарии техникӣ, меъёрҳои санитариву гигиенӣ ва ғайра мутобиқ карда шуда, то охири соли 2020 корҳои таъмиру навсозӣ ба итмом расонида шаванд.
“Бинобар сабаби ҷой доштани мушкилот бо чанде аз моликони мағоза ва дӯконҳои хусусӣ аз нақша дер монда истодаем”, - иттилоъ дод ба “Азия-Плюс” молики бозор.
Бино ба маълумоти ӯ, имрӯз дар бозор ду категорияи соҳибкорон – савдогарон ва иҷорагирони фаръӣ (субарендаторҳо) фаъолият мекунанд.
“Маҳз иҷорагирони фаръӣ мушкили зиёд эҷод мекунанд. Замоне онҳо мағозаву дӯконҳо сохта, акнун аз иҷораи он фоида мегиранд. Давоми фаъолияти бозор чунин иншоот борҳо аз даст ба даст гузашта, чандин бор фурӯхта шудаанд, ба иҷора ва иҷораи фаръӣ дода шудаанд, - мегӯяд Машрабов. - Азбаски онҳо хусусиянд, роҳбарияти бозор ҳуқуқ надошт, ки ба кори онҳо дахолат кунад. Қисме аз савдогарон мувофиқи созиши байниҳамдигарӣ маҳз ба онҳо иҷорапулӣ медиҳанд”.
Вақте корҳои таъмиру навсозӣ оғоз гариданд, табиист, ки мағозаву дӯконҳои аз ҷониби онҳо сохташуда низ ба нақшаи кӯчонидан афтоданд.
“Норозигӣ маҳз аз ҷониби ҳамин категорияи соҳибкорон изҳор мешавад, ҳарчанд ба онҳо ваъда додем, ки ба ивази мағозаҳои тахрибшудаашон пас аз навсозӣ биноҳои нав медиҳем”, - идома дод ӯ.
Молики бозор ба онҳо пешниҳод кардааст, ки шарику саҳмиядори бозор шаванд, лекин на ҳамаи онҳо инро пазируфтаанд. Айни замон бо онҳо гуфтушунид ҷараён дорад.
“Соҳибкороне, ки дар нуқтаҳои фурӯши иҷорагирифтаашон ба савдо машғуланд, осеб намебинанд”, - ваъда дод роҳбари бозор.
Савдогарон шикоят надоранд
Савдогароне, ки бар асоси шартнома бо ҶДММ “Бозори Корвон” ба тиҷорат машғуланд, ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ҳеҷ касе аз онҳо 1300 доллар барои ҳар як метри мураббаъи майдони фурӯш талаб накардааст.
“Дар маҷлисҳо моро аз давра ба давра таъмиру навсозии бозор огоҳ карда, гуфтанд, ки эҳтимол аз 2 то 6 моҳ муваққатан кор карда натавонем, - гуфт яке аз соҳибкорон. - Агар фикри маро пурсиданӣ бошед, ман ба ин розиям, чунки ҳозир барои савдо чизе нест”.
Иҷорагирони фаръӣ, ки ба шарикӣ даъват шудаанд, шояд аз савдогарон (иҷорагирон)-и худ пул талаб карда бошанд, лекин дар ин маврид соҳибкорон хомӯширо афзал медонанд, чунки метарсанд, ки нуқтаи фурӯшро аз даст медиҳанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
.