Росавиатсия то рӯзи 5-уми май ҷадвали пешакии парвози ҳавопаймоҳоро аз кишварҳои хориҷа барои баровардани шаҳрвандонаш пешниҳод кард. Дар ҷадвал хатсайрҳо аз Тел-Авив, Рим, Бангкок ва Шанхай зикр шудааст.

Аз ҷумла, рӯзи 30-юми апрел ду парвоз аз пойтахти Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Ширкати “Сибирь” аз Душанбе ба Новосибирск ва ширкати «Уральские авиалинии» аз Душанбе ба шаҳрҳои Сургут ва Екатеринбург парвозҳо анҷом медиҳанд.

Рӯзи 3-юми май парвози ҳавопаймои ширкати «Уральские авиалинии» аз Душанбе ба Маскав барои баровардани шаҳрвандони Русия дар назар аст.

Ин маълумотро сафорати Русия дар Тоҷикистон интишор кард:

“Ёдрас мекунем, ки ба ин хатсайрҳо танҳо он ишаҳрвандони Русия роҳ дода мешаванд, ки намунаи варақаро дар портали “Госуслуги” пур кардаанд (маълумоти муфассал дар сомонаи сафорати Русия дар Тоҷикистон аз 14-уми апрели соли 2020 - https://goo.su/0Wqw)”, - қайд мешавад дар маълумоти намояндагии дипломатии Русия.

Дар маълумот ҳамчунин зикр шудааст, ки парвоз тариқи ин хатсайрҳо бо дастрасии иҷозаи мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон сурат мепазирад.

Ёдрас мекунем, ки бар асари пандемияи коронавирус Русия аз 27-уми март иртиботи мунтазами ҳавоиро бо кишварҳои дигар қатъ кард. Танҳо аз хориҷа баровардани сайёҳони русиягӣ истисност. Аз 31-юми март шумори хатсайрҳо барои аз хориҷа баргардонидани шаҳрвандон кам шуда, шумори мусофирон маҳдуд шуд. Аз аввали моҳи апрел якчанд рӯз баргардонидани шаҳрвандон қатъ гардида, аз 6-уми апрел ин гуна парвозҳо барқарор шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.