Пайдоиши Далелсанҷӣ, мавзӯи омӯзиш ва тарзи таҳлили маълумот дар маводи омӯзиши Мактаби расонаии CABAR.asia.
Дар маводҳои пештара мо шуморо бо роҳҳои осонтарини шинохтани “фейк”, ҷудо кардани хабару маълумоти дақиқу ростин аз бардурӯғ ошно карда будем. Ҳоло бошад шуморо бо далелсанҷӣ (факт-чек) ошно месозем, ки вазифаи аслиаш таҳлили маълумот ва хабару изҳоротҳо аст.
Далелсанҷӣ чист, кай пайдо шуд, мавзӯъ ё объекти омӯзиши он, тарзи таҳлили маълумот ва формат ё шакли пешниҳоди далелсанҷӣ дар видео ва маводи омӯзишии Мактаби расонаии CABAR.asia дар нақли яке аз аввалин журналист-далелсанҷҳои Тоҷикистон - Ҷамшед Маърупов.
Далелсанҷӣ ё санҷиши далел, ки дар аксар кишварҳо онро бо забони англисӣ «факт-чек» ё «факт-чекинг» мегӯянд, дар фазои расонаҳои чӣ ватанӣ ва чӣ хориҷӣ босуръат ворид шуд.
Сабаби пайдоиши фактчекро коршиносон ба рушди техникаву технология ва паҳни зиёди хабарҳои бардурӯғ рабт медиҳанд. Вале ҳадафи асосии кори далелсанҷ на ҷустуҷӯйи дурӯғ, балки муайян кардани ҳақиқати далелҳо ва муқоисаи маълумотест, ки аз сӯйи ин ё он ниҳод ва афроди шинохта паҳн ва ё эълон шудаанд.
Далелсанҷ барои санҷиши дурустии изҳорот танҳо аз маълумоти манбаъҳои боз, яъне расмӣ васеъ истифода бурда метавонад.
Мавзӯъ ё объекти омӯзиш
Мавзӯи омӯзиши далелсанҷӣ изҳороти оммавии шахсони мансабдор ва маводи расонаҳо буда метавонад.
Танҳо он мавзӯъ ё объектҳое метавонанд, барои далелсанҷӣ интихоб шаванд, ки ба меъёрҳои зерин ҷавобгӯ бошанд:
– Далелу арқом доранд;
– Ба таври оммавӣ паҳн шудаанд;
– Аҳамияти иҷтимоӣ доранд;
– Ба таври густурда дар расонаҳо ва ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гаштаанд.
Бояд гуфт, ки танҳо иттилоъ ва маълумоти аз манбаъҳои боз дарёфтшуда метавонад, ҳамчун далел эътироф шавад. Истифодаи манбаъҳои пӯшида ё беном қобили қабул нест. Чун на ҳама изҳорот дар қолаби далелсанҷӣ метавонад, мавриди омӯзиш қарор бигирад.
Масалан, далелсанҷӣ масъалаҳоеро, ки ба оянда нигаронида шудааст, ҳеч гоҳ мавриди санҷиш қарор намедиҳад:
– Агар ягон шахси расмӣ бигӯяд, ки «интизорем, дар соли хониши оянда қабули довталабон дар донишгоҳҳо 20% меафзояд», инро наметавон санҷид, чун ӯ аз интизориҳои худ ҳарф мезанад, ки он бештар ба оянда нигаронида шудааст.
– Ва ё баъзан вақт афроди расмӣ аз ибораҳои «ба андешаи ман…», «Фикр мекунам, ки…», «Ба назарам…» ва ба ин монандро дар гуфторҳои худ истифода мебаранд, ки инҳо низ мавриди санҷиш қарор дода намешаванд.
– Дигар ин ки вақте сухани боз ҳам ягон шахси расмӣ аз фарзияву тахмин иборат аст, он ҳам моли фактчек нест: «Нақшаи истеҳсоли пахта назар ба соли гузашта беш аз 15% афзуд».
Яъне, дар ин ҷо низ ҳисобу китоби тахминӣ мавҷуд аст, на далели дақиқу рушан.
Формат ё шакли пешниҳоди далелсанҷӣ
Натиҷаи далелсанҷӣ метавонад, маводи журналистие гардад, ки дар шакли хабар, мақола, садо ва гузориши видеоӣ ё чандрасонаӣ таҳия гашта, сохтори зеринро фаро гирад:
1.Нутқи айнан нақлшуда бо пайванд ба сарчашма
2. Шарҳи ҷараёни санҷидани нутқ ё далел дар манбаъҳои боз (расмӣ)
3. Хулоса
Хулоса – яке аз ҷанбаҳои асосии далелсанҷӣ ва қисми ҷудонашавандаи он ба ҳисоб рафта, ҳар як маводи санҷидашуда бояд бо хулосаи дақиқу аниқ дар такя ба манбаъҳои расмӣ анҷом ёбад. Вале агар нафаре (хонанда) ё ягон шахси маъруф бо хулосаи далелсанҷӣ розӣ набошад, метавонад бо пешкаш намудани маълумоти зарурӣ (дақиқ), ки хулосаи моро инкор мекунад, он тағйир ёбад.
Сохтори маводи далелсанҷӣ (фактчек)
Чӣ санҷида шуд? | Чиро санҷидан мехоҳед: матн аст ё иқтибос, бояд асли онро дар матни санҷиш оваред ва шарҳ диҳед.
Чӣ гуна санҷида шуд? | Матне, ки мавриди санҷиш қарор доданӣ ҳастед, онро чӣ гуна, бо кадом тарзу усул, кадом қадамҳоро тай кардед, аз кадом абзорҳо истифода намудед, барои хонанда нишон диҳед.
Ҳукмнома | Бо як ё ду ҷумла натиҷаи санҷиши маводи худро хулоса кунед, яъне хулосаи мантиқӣ.
CHECK-LIST – барои эмин будан аз хабарҳои фейкӣ
Масалан, барои муайян кардани хабаре, ки он дурӯғ аст ё рост, ба чанд нуктаи муҳим аҳамият дод:
– Хабарро ҳамеша пурра мутолиа намуд
– Тафаккури интиқодиро ба кор даровад: ба ҳар маводе, ки шубҳа доред, касе инро манъ намекунад
– Ҳамеша манбаи аввалини хабарро ҷустуҷӯ кард
– Истинод ё линкҳои дар хабар овардашуда, манбаи он ва мақсади асосии сомонаро омӯхт
– Ҳеч гоҳ маводро аз рӯйи сарлавҳаи он баҳо надод, балки таваҷҷуҳ кард, ки сарлавҳаи мавод ба муҳтавои он то куҷо мувофиқат мекунад
– Ба ному насаби муаллиф аҳамият дод ва ӯро санҷид
– Ягон вақт ба манбаъҳои номаълум ё анонимӣ бовар накард
– Ҳатман ба санаи нашри хабар диққат дод ва онро санҷид
– Ҳангоми истифодаи хабар аз шабакаҳои иҷтимоӣ боэҳтиёт буд: қабл аз нашри ин ё он иттилоъ, нахуст санҷид ва баъд онро паҳн намуд
– Кӯшиш намуд, хабарҳои ростро аз дурӯғ фарқ карда тавонист ва ё назар андӯхт, ки дар ин бора дигар расонаҳо чӣ навиштаанд
– Ва ниҳоят, ҳангоми зарурат ба коршиносону далелсанҷон муроҷиат намуд…
Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ! Ба далелҳо эътимод намо, ба овозаҳо не!
Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” чоп шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!
“Сиёсатмадор барои худ - на, барои миллат кор мекунад...” Нигоҳе ба 101-соли Низорамо Зарифова
Як ҳафта танаффус. Дастикам 30 нафар алайҳи чеҳраҳои боздоштшуда шаҳодат додаанд
Чӣ гуна чангу ғубор ба пиряхҳои Тоҷикистон таъсир мерасонанд?
Ҳайати ҳукумати “Толибон” дар Ӯзбекистон. Онҳо аз Самарқанду Бухоро дидан кардаанд
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Мусодираи беш аз 21 ҳазор маводи тарфгарӣ дар Суғд
Якбора 3 размикори тоҷик соли 2025-ро бо рақобатҳои нав оғоз мекунанд. Ҳарифонашон кистанд?
Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”
"Боим" дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ кист?
Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд
Ашёи муҳим барои саноати ҳарбӣ. Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма метавонад пешсаф шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста