Аксари корфармоёни хатлонӣ бо мақсади пешгирии сирояти COVID-19 бехатарии кормандонро то ҷое таъмин карда бошанд ҳам, вазъ ҳамоно беҳбуд металабад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар давраи авҷи паҳншавии коронавирус реҷаи хонанишинӣ эълон накард, аммо ҳанӯз 30-юми апрели соли 2020 (замони расман эълон шудани аввалин ҳолатҳои сирояти COVID-19 дар ҷумҳурӣ) бо тасвиби Протоколи №5 роҳбарони ҳамаи вазорату кумитаҳо, ташкилоту идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру навоҳиро вазифадор кард, ки ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ тадбир андешанд.

1/2

Тибқи иттилооти расмӣ, аксари ташкилоту корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ ин дастурро иҷро карда истодаанд.

Бо ин вуҷуд, мушоҳидаҳои дувоздаҳрӯзаи мо (аз 9 то 20-уми июн) баёнгари онанд, ки дар ин самт камбудиҳои муайян ҳанӯз ҷой доранд.

Маблағгузорӣ ва кумакҳо

Чунонки аз Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ба мо хабар доданд, барои пешгирӣ аз хавфҳои эҳтимолии паҳншавии коронавирус аз буҷетҳои ташкилотҳои вилоятӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ маблағҳои зарурӣ ихтисос дода шуд. Ин тадбир барои омодасозии муассисаҳои тандурустӣ ба қабули сироятёфтагон, ҳамчунин баҳри безараргардонии ташкилоту идораҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ муҳим арзёбӣ мешуд. Вале аз ҳисоботи ниҳоди мазкур бармеояд, ки то 15-уми июни соли ҷорӣ 16 шаҳру ноҳия бо ин мақсад маблағҳои иловагӣ ҷудо накардаанд.

Ба таъкиди Бахтиёр Назарзода, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон, дар ин шаҳру навоҳӣ чораҳои дахлдор бо маблағҳои вилоятӣ (2 миллион сомонӣ)-и барои муассисаҳои тиббӣ пешбинишуда, харҷномавӣ (ҷамъ: 4 миллиону 819 ҳазор сомонӣ), даромадҳои дохилӣ (ҷамъ: 2 миллону 758 ҳазор сомонӣ) ва аз ҳисоби кумакҳои хайриявӣ амалӣ мешаванд.

1/2

Зиёда аз ин, Илёсиддин Саидов, мудири шуъбаи бистарикунонии Раёсати тандурустии вилояти Хатлон мегӯяд, ки бо назардошти қишри осебпазири ҷомеа будани табибон дар муқобили COVID-19 ниҳоди онҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, созмонҳои байнулмилалӣ, инчунин саховатмандону соҳибкорон муассисаҳои тандурустии вилоятро бо либосҳои муҳофизатӣ, маводи антисептикӣ, дастпӯшак, ниқобҳои тиббӣ, пойкашҳои яккарата ва дигар ашёи зарурӣ таъмин кардаанд.

Масъулияти роҳбарон

“Вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки дар даромадгоҳи биноҳояшон навбатдор таъйин карда, барои кормандону корафтодагон ҳароратсанҷи фосилавӣ ва маҳлули безараргардонӣ муҳайё кунанд, - талаботи дигари протоколи №5-и ҳукумати Тоҷикистонро шарҳ дод Икром Барфаков, муовини сарвари Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон. - Бо ниқоб гаштани зердастонро таъмин ва аз қабули шаҳрвандон муваққатан худдорӣ кунанд. Коргузории мустақимро коҳиш дода, фосилаи муқарраршудаи ҷисмонии аз 1,5 то 2 метрро риоя кунанд. Маҷлису машваратҳоро тавассути телефон ё ба таври онлайнӣ гузаронанд”.

Ӯ илова кард, ки мувофиқи тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳар як корманд ё каси дигаре, ки вориди корхона шудан мехоҳад, ҳатман шахсияташ дар дафтари навбатдорон дарҷ ва ҳарорати баданаш санҷида шуда, пойафзолу дастонаш бо маводи безараргардонӣ бояд тамиз карда шавад. Роҳраву ҳуҷраҳои корӣ дар як рӯз на кам аз ду маротиба бо маҳлулҳои махсуси зиддиуфунӣ поккорӣ ва бо кушодани дару тирезаҳо ҳаво иваз карда шавад. Барои бо собун шустани дастон шароит фароҳам оварда шавад.

Дар “хатти пеши ҷабҳа” ниёз ба ҳимоя бештар аст

Шамсулло Олимзода, сардухтури беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов дар шаҳри Бохтар, ки то ин мансаб чанд сол роҳбари Маркази мубориза бо бемории сил дар вилоят буд, дар мавриди бехатарии табибон дар ҷойи кор чунин гуфт: “Мо, табибон бояд худро аз сироятшавӣ эмин дорем. Яъне дар радифи он талаботе, ки иҷрояшон барои ҳама ҳатмист, ҳангоми муоинаи бемор ё дар рӯ ба рӯйи ӯ бо нигоҳдошти фосилаи ҷисмонӣ биистем, ё дар паҳлӯяш қарор бигирем. Пӯшидани либосҳои ҳифозатӣ, айнак, дастпӯш ва респираторҳое, ки бо кафолати 90 дарсад монеъ ба интиқоли вирус мешаванд, ҳатмист. Истифодаи либосҳои махсуси яккарата беш аз 8-12 соат дуруст нест. Ҳамаи ин василаҳои корӣ бояд аз ҳисоби муассиса таъмин карда шаванд. Дар баробари ин роҳрав ва ҳамаи ҳуҷраҳои кории табибон бояд зуд-зуд бо усули “тозакунии намнок” рӯбучин ва партовҳо фавран безарар карда шаванд”.

Миҷгона Назарова, мутахассиси Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон зикр кард, ки дар муассисаҳои тиббӣ бояд дастпӯшакҳои яккаратаи ҷарроҳӣ, муоинавӣ ва хоҷагидорӣ истифода шаванд. “Аз нав истифода кардани ҳамаи онҳо қатъиян манъ аст. Бояд ба андозаи даст мувофиқ бошанд. Дастпӯшҳоро набояд дар ҷойе, ки ҳарорат баланд аст, гузорем. Он нафароне, ки ин воситаи муҳофизатро бисёр ба кор мебаранд, бояд аз малҳамҳои нармкунандаи пӯст истифода баранд”, - афзуд ӯ ва таъкид кард, ки барои шаҳрвандони ғайритабиб ниёзе ба пӯшонидани дастон нест.

Тадбири дигар барои бехатарии табибоне, ки ба муолиҷаи гирифторони коронавирус сарукор доранд, ба андешаи Илёсиддин Саидов, мудири шуъбаи бистарикунонии Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, риояи реҷаи истироҳат аст. “Духтурони мо 15 шабонарӯз дар назди беморон меистанд, лекин ин маънои онро надорад, ки онҳо ҳатман 24 соат хизмат кунанд. Табиб бояд 8 соат фаъолият кунад ва 8 соат фориғ аз кор бошад. Яъне бояд се гурӯҳи духтурон бо навбат хизмат расонанд”, - илова кард ин духтури собиқадор.

Ба иддаои Икром Барфаков, Илёсиддин Саидов ва Шамсулло Олимзода, омили асосии сироят ёфтани чанде аз табибон дар нахустрӯзҳои пайдоиши коронавирус дар кишвар маҳз сарфи назар кардани як ё чанде аз ҳамин қоидаҳои ҳифозатӣ буд.

Тавсияҳо татбиқ мешаванд?

Ба хотири донистани ин ки тавсияҳои мутахассисон дар мавриди таъмини бехатарӣ дар ҷойи кор чӣ тавр татбиқ мешавад, мо дар маҷмӯъ бо шароити беш аз 20 ташкилоту муассисаи серодами минтақаи Бохтар шинос шудем. Қоидаҳои беҳдоштӣ то андозае риоя шуда бошанд ҳам, вале дар якчанд корхона пас аз нисфирӯзӣ ё навбатдорон ба қайд намегирифтанд, ё қуттиҳои дар роҳравҳо гузошташудаи дорои маҳлули хлор аз гармии офтоб хушкида буданд. Раёсати тандурустии вилоят, сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон, Маркази назорати давлатии санитарию эпидимологии вилоят, Маркази саломатии шаҳри Бохтар, беморхонаи марказии ноҳияи Кӯшониён ва ширкати “Акси шифо”-и шаҳри Бохтар аз ҷумлаи муассисаҳои тандурустие буданд, ки мо аз онҳо боздид кардем.

“Агар навбатдори мо, ки ҳароратсанҷи фосилавӣ дар даст дорад, таби касеро ташхис кунад, ӯро бо ҳамроҳ кардани корманди тиббӣ фавран ба назди духтури оилавӣ ё сироятшинос мефиристад”, - гуфт Сафар Ҷалилов, мудири шуъбаи якуми тибби оилавии Маркази саломатии шаҳри Бохтар.

“Азбаски “Акси шифо” бо таҳҷизоти замонавии ташхис таъмин аст, омадурафти корафтодагон ҳам зиёд аст. Биноан, аз рӯзҳои аввали шуюъи COVID-19 тамоми чораҳои худмуҳофизатиро андешидаем. Ҳамзамон роҳраву ҳуҷраҳои муоинаро рӯзе то панҷ маротиба безарар мегардонем”, - тазаккур дод сарвари ин муассисаи хусусӣ Олимҷон Пӯлодов.

Ба иттилои Маҳмадҷон Абдулқодирзода, сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон – ниҳоде, ки салоҳияти назорати фаъолияти дорухонаҳоро ҳам дорад, қоидаҳои беҳдоштӣ дар ҳамаи дӯконҳои доруфурӯшии минтақаи Бохтар бо ташкили садди муҳофизатӣ, огоҳномаҳои фосилаи ҷисмонӣ ва истифода аз ниқоб риоя карда мешаванд. Мушоҳидаҳои интихобии мо дар шаҳру навоҳии Бохтар, Кӯшониён ва Левакант дурустии ин иддаоро нишон дод.

Дар муассисаҳои ғайритиббӣ, аз ҷумла, раёсатҳои андоз, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Кумитаи идораи замини вилоят, Идораи телевизион ва радиои вилоят, Идораи ҷамоати деҳоти шаҳраки Исмоили Сомонӣ ва шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён, бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтар низ вазъ қонеъкунанда буд.

Масъулони Сарраёсати молияи вилояти Хатлон бар замми тадбирҳои ҷорӣ, боз ҳуҷраҳои кориро тавассути чароғи квартсии зиддиуфунӣ безарар мекардаанд. “Мо инчунин барои гузаронидани ҷаласаҳои онлайнӣ шароити хуби техникӣ дорем. Яъне як ҳуҷраи омӯзиши кор бо компютер дорем, ки дар он ҳама таҳҷизоти зарурӣ фароҳам оварда шудааст. То ҳадди имкон кӯшиш мекунем, ки даробаро камтар шавад”, - изофа кард сарвари сарраёсат Бахтиёр Назарзода.

1/2

“Дар чанд моҳи охир 40 корманди мо ба бемориҳои COVID-19 ва илтиҳоби шуш гирифтор шуда, хушбахтона, шифо ёфтанд. Аз ҷониби корхона ба ҳамаи онҳо кумаки моддӣ расонида шуд. Аммо ба хотири такрор нашудани чунин ҳолатҳо тамоми чораҳои беҳдоштиро роҳандозӣ карда, кормандони осебпазир ва аз 50-сола болоро ба рухсатӣ фиристодем. Ҷаласаҳоро аз аввал бо усули селекторӣ мегузаронидем”, - гуфт сарнозири шуъбаи кадрҳои Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи “Шабакаҳои барқи ҷануб” Хайриддин Одинаев.

Дар филиалҳои бонкҳои мустақар дар шаҳри Бохтар, чунонки мушоҳида кардем, барои бехатарии кормандон тадбирҳои боз ҳам беҳтар андешида шудаанд. Ба қавли Баҳодур Исоқов, сардори шуъбаи “Аввалин бонки молиявии хурд” дар вилояти Хатлон, калонсолон ва он нафароне, ки дар ҷойи кор ивазкунанда доранд, бо пурра пардохт шудани маош ба рухсатӣ фиристода шуданд. “Онҳоро бо интернети ройгони мобилӣ таъмин кардем, то ин ки аз хонаашон машғули корҳои зарурӣ шаванд. Ҳоло супориш шудааст, ки бозори муомилаҳои бонкиро омӯзем ва дақиқ кунем, ки барои даъват кардани кормандон оё эҳтиёҷ дорем ё не. Агар чунин эҳтиёҷ набошад, дар рухсатӣ мемонанд”, - афзуд Исоқов.

Воқеан, зимни боздид аз ин муассисаҳо шаҳрвандонеро ҳам мушоҳида кардем, ки саломатии худ ва дигаронро зери хавф гузошта, пас аз таъкидҳои пайвастаи навбатдорон аз остонаи дар барои дарёфти ниқоби тиббӣ қафо мегаштанд.

1/14

“Аз мост, ки бар мост?”

Ҷумъагул Мирзоева, ки тӯли 22 сол муҳаррири барномаи “Мадади Сино” дар “Телевизиони Хатлон” аст, мегӯяд, ҳарчанд масъулон бобати бехатарии кормандон чораҳои кам наандешидаанд, вале дар ин самт ҳанӯз камбудиҳои ҷузъӣ дида мешаванд.

“Агар инсон хоҳад, ки танаш солим бошад, бояд худ фикри саломатияшро карда, қоидаҳои гигиенаи шахсиро риоя кунад. Агар кормандон дар ҷойи кор ба тозагии ҳуҷраҳои корӣ аҳамият надиҳанд, зуд-зуд ҳавои онро иваз накунанд, дастонашонро нашӯянд ё бо маҳлулҳои антисептикӣ безарар нагардонанд, чораандешии роҳбарияти муассиса ё корхона ҳеҷ натиҷа намедиҳад. Новобаста ба он, ки масъулони соҳаи беҳдошт ҳамарӯза тариқи воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ гаштаю баргашта таъкид месозанд: “дастҳоятонро бо собун бишӯед”, “бо даст салом накунед”, “фосилаи иҷтимоиро нигоҳ доред”, боз мебинед, аксарият дар ҷойи кор бо даст салом карда, ҳамдигарро ба оғӯш мегиранд, 5-6 нафар дар як ҳуҷра бе ниқоб суҳбат мекунанд. Азбаски вазъи эпидемикии бемории C0VID-19 коҳиш ёфт, мардум то ҷойе бепарво шуданд, ки ин метавонад хатари ҷиддӣ ба бор оварад”, - илова кард Мирзоева.

Ҳукумати электронӣ ва пешгирии паҳншавии беморӣ

Аз шиносоӣ бо шароити нисбатан фароҳам бобати бехатарии кормандон дар ҷойи кор чунин хулоса метавон кард, ки роҳбарони ташкилоту идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳоро зарур аст, ба хотири пешгирӣ аз мавҷи такрории коронавирус таъмин ва риояи қоидаҳои муқарраршударо суст нагиранд.

Дар ин росто фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро аз 5-уми июни соли 2020, рақами 1544 “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии C0VID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки тақвияти ҳукумати электрониро “барои таъмини фаъолияти фосилавии мақомоти давлатӣ” супориш додааст, ҳамчун дастури амал қарор бидиҳанд.