Дар Душанбе рӯзи 2 июл бо дастгирии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) ҷаласаи гурӯҳи кории шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва захираҳои замин баргузор гардид.

Мақсади асосии вохӯрӣ ба муҳокимаи масъалаҳои мубрами соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла сармоягузориҳои имконпазир ва нақшаи миёнамӯҳлати эътиногардонии соҳаи кишоварзӣ ба COVID-19, инчунин ташаббуси “Даст ба даст”-и нави ФАО барои дастгирии намояндагони кишвар дар дарёфти роҳи муассир баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ дар оянда равона шуда буд.

Дар ҷаласа шарикони гуногун - аз ҷумла намояндагони вазоратҳо, агентиҳои марбутаи ҳукумат ва рушд, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақсади шиносоӣ бо масъалаҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ, инчунин ҳадафҳо, натиҷаҳои интизор ва саҳми ташаббуси “Даст ба Даст”-и  ФАО ширкат варзиданд.

Ба наздикӣ Тоҷикистон шомили ин ташаббуси глобалӣ гардид, ки кӯшиши муштараки байнисоҳавиро баҳри суръатбахшии дигаргунсозии соҳаи кишоварзӣ ва рушди устувори деҳот бо мақсади рафъи камбизоатӣ (ҲРУ1) ва хотима додани гуруснагӣ ва ҳама шаклҳои норасоии ғизо (ҲРУ2) инъкос мекунад.

Дар рафти вохӯрӣ, шарикон барномаҳо ва идеяҳои эҳтимолии лоиҳаҳоеро, ки дар  раванди омодасозӣ қарор доранд ва барои рушду пешбурди соҳаи кишоварзӣ равона карда шудаанд, муаррифӣ намуданд.

"Бо вуҷуди он, ки бахши кишоварзии кишвар дар солҳои охир рушди устувори худро нишон додааст барои таъмини ҳалли устувори истеҳсолоти кишоварзӣ ва системаҳои озуқаворӣ ба такони инноватсионӣ зарур мебошад" - қайд кард Намояндаи ФАО дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиев.

 Ба гуфтаи ӯ, барои ин муносибати ҳамаҷониба зарур мебошад, то ки ниёзҳои аҳолии осебпазир қонеъ гардонда шаванд ва чораҳои паст кардани таъсири бӯҳронҳо ва таконҳои беруна баррасӣ гарданд.

“Ташаббуси “Даст ба даст”-и ФАО метавонад заминаро барои истифодаи донишҳои мавҷуда ва пешниҳоди қарорҳои мушаххас  барои бахши истеҳсолӣ ва мардуми осебпазири Тоҷикистон таъмин намояд”, - қайд кард ӯ.

Ин равиши беназир барои мустаҳкам намудани ҳамкориҳо барои ҳукумат, бахшҳои хусусӣ ва шаҳрвандӣ бо ҳадафи ниҳоии рафъи камбизоатӣ ва гуруснагӣ ва фароҳам овардани шукуфоӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ равона карда шудааст.

Ташаббуси мазкур ҳама имкониятҳои мусоидро барои афзоиши даромад ва коҳиши нобаробарии эҳтиёҷмандон, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори системаи озуқаворӣ барои озуқавори серғизо баҳри ҳамагон фароҳам меорад.

Ҳадафи ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии рушд баланд бардоштани таъсири барномаҳои рушд ва ташвиқи ҳамоҳангсозии беҳтари донорҳо дар соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва табодули афкор оид ба вазъи кунунии соҳаи кишоварзӣ ва стратегияҳои алоқаманд мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.