Далелсанҷӣ, сабабҳои пайдоиш, хусусият, ҳадаф ва вазифаҳои далелсанҷӣ, объекти далелсанҷӣ, муҳимияти санҷиши изҳороти расмӣ ва бастагии далелсанҷӣ бо фаъолияти рӯзноманигорӣ дар дарси омӯзишии mediasavod.tj

Далелсанҷӣ чист ва ба чӣ кор ояд?

Далелсанҷӣ – (англ. "fact-checking" – санҷиши далелҳо) санҷиши дурустии факту далелҳои изҳорот, хабар ва паёмҳо аст, ки ба таври оммавӣ паҳн карда мешаванд.

Далелсанҷӣ як падидаи нисбатан нав мебошад, ки амалан барои санҷишу таҳлили дақиқ ва беғаразонаи изҳороти чеҳраҳои маъруфи ҷамъиятӣ, бахусус сиёсатмадорон анҷом дода мешавад.

Далелсанҷӣ танҳо ба хотири ҷудо кардани ҳақиқат аз дурӯғ, тарғибот (пропаганда), дасткорӣ (манипулятсия) гузаронида мешавад. Далелсанҷон ба хотири пешгирӣ аз афкори ғалат дар байни табақаҳои иҷтимоӣ талош мекунанд, ки бо таъсири сухани мансабдорон ва матлаби ВАО ба вуҷуд меояд.

Сабаби пайдоиши далелсанҷиро коршиносон ба рушди техникаву технология ва интишори зиёди хабарҳои бардурӯғ рабт медиҳанд.

Далелсанҷ барои санҷиши дурустии изҳорот танҳо аз маълумоти манбаъҳои боз, яъне расмӣ истифода бурда метавонад. Тибқи меъёрҳои далелсанҷӣ истифодаи манобеи пӯшида ва номаълум ҷоиз нест.

Далелесанҷӣ бо фаъолияти рӯзноманигорӣ чӣ вобастагӣ дорад?

Чуноне зикр шуд, далелсанҷӣ абзори муқтадиру муассири тадқиқотӣ, ифшо намудани манипулятсияҳои сиёсӣ ва гӯл заданҳои воқеӣ дар нисбати мавзуъҳои дардноки иҷтимоӣ аст ва барои ифшо намудани популизм, манипулятсия, далелҳои номӯътамад дар нутқи сухангӯёни сатҳҳои мухталиф ва мақолаҳои дар расонаҳо дарҷшуда равона шудааст. Далелсанҷиро раванди нав дар журналистика ном мебаранд.

Ҳоло ҳар касе, ки саводи хуби расонаӣ ва тафаккури интиқодӣ, қобилият ва маҳорату малакаи кор бо мошинҳои ҷустуҷӯӣ ва абзорҳои далелсанҷиро дорад, метавонад бемамоният ин корро анҷом диҳад.

Бо вуҷуди ин далелсанҷӣ қабл аз ҳама ба журналистика ва ба фаъолияти рӯзноманигорон иртиботи қавӣ дорад. Санҷиши далелҳо як амалкарди муҳими касбии журналистон аст. Аммо метавон хулоса кард, ки ҳам журналист ва ҳам одамони касбу кори гуногун имкон доранд, ба далелсанҷӣ сарукор гиранд. Муҳимтарин шарт ин аст, ки онҳо аз абзори санҷиши далелҳо дуруст истифода карда тавонанд ва маҳорати хуби кор бо манбаҳои иттилоотиро дошта бошанд.

Далелсанҷӣ чунин сохтор дорад:

1. Объекти санҷиш
2. Моҳияи масъала
3. Исбот бо далелҳои конкретӣ
4. Хулоса

Объекти далелсанҷӣ

Чун аз номаш бармеояд, далелсанҷӣ танҳо барои санҷиши далел, факт, рақам, санад сарукор мегирад. Чунин шакли изҳоротҳо, бино ба надоштани асоси фактологии дақиқ, объекти далелсанҷӣ шуда наметавонанд:

- фарзия
- пешгӯӣ
- тахмин
- андеша
- фикр

Таъкид мекунем, изҳороте, ки факту далел надорад, дар ягон маврид қобили санҷиш нест ва арзиши санҷидан ҳам надорад.

Хулоса ва ҳукмнома дар далелсанҷӣ

Хулоса дар далелсанҷӣ ҷузъи бисёр муҳим аст. Зеро он маҳз ҷамъбасти натиҷаи таҳлилу ташхис ва санҷиши далел аст. Маҳз тариқи хулоса хонанда ба асли масъала сарфаҳм меравад. Яъне далелсанҷ бо овардани далелҳои конкретӣ дар ҷараёни санҷиши худ, исбот мекунад, ки то куҷо факти мавриди санҷиш ба ҳақиқати маълумоти манбаҳои кушод созгор аст. Ба ин васила далелсанҷ ба таври фишурда натиҷаи санҷиши худро дар хулоса баён мекунад.

Ҳукмнома низ қисмати таркибӣ ва хеле арзишманди далелсанҷӣ ба ҳисоб меравад. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ вобаста ба хусусиятҳои менталитет, забон ва услубҳои кори расонаҳо аз се то даҳ гузинаи ҳукмномаҳо мавҷуд буда, критерияҳои ҳар як ҳукмнома хеле мушаххас ва дақиқ шудаанд. Дар таҷрибаи далелсанҷии кишварҳои пасошӯравӣ, бахусус укроинӣ асосан аз се навъи ҳукмнома кор мегиранд:

Ҳақиқат – далелҳо, арқом, маълумоти дар изҳорот овардаи гӯянда ба ҳақиқат мувофиқанд; алоқамандии сабабу натиҷа дуруст инъикос шудааст, маълумот мантиқӣ буда, ишора ба манбаъ ҳаст.

Нимаҳақиқат – дар умум гӯянда бо мавзӯъ ошност, ба хусусиятҳояш сарфаҳм меравад, вале ба хато ва иштибоҳот роҳ медиҳад; то охир алоқамандии сабабу натиҷаро намекушояд ё на чандон дуруст онҳоро шарҳ медиҳад; мантиқ нуқсонҳои муайян дорад, хулосаҳо дар умум дурустанд, аммо метавонанд ноҷо бошанд ва ба вақту ҷузъиёт мувофиқат накунанд.

Дурӯғ – изҳорот муболиғае беш нест, маълумоту додаҳо коҳиш ёфта, ҳодисаю падидаҳо иғроқ шудаанд, аслан изҳорот бепоя аст; далелҳо, алоқамандии сабабу натиҷа ва мантиқ таҳриф шудаанд; таваҷҷуҳ ба ҷанбаҳои даркории изҳорот қаллобона тамаркуз мешавад ва ҷузъиёти нороҳаткунанда ба «соя кашида мешавад»; маълумот-додаҳои вуҷуднадошта ё таҳрифшуда ба сарчашмаҳое ишора мешаванд, ки ба мавзуъ робита надорад.

Дар модели тоҷикии далелсанҷӣ илова бар ин 3 навъи ҳукмнома инчунин ҳукмномаҳои фейк ва дасткорӣ мавҷуд аст.

Фейк - далелҳо ва додаҳои ҳуҷҷатӣ, алоқамандиҳои байни сабаб ва натиҷаҳо, динамика ва рафти ҳодиса ё зуҳуроте, ки сухангӯ овардааст,ба ҳақиқат рост НАмеоянд, ё ин ки аксаран бофта мебошанд; мантиқи истидлол таҳрифшуда аст, яъне тартиби баён вуҷуд надорад, ё ин ки сохта аст; номгӯи манбаъҳо ва шаҳодатҳои ҳуҷҷатӣ содда карда шуда, дар таркиби худ номгӯи шартӣ ва тахминӣ доранд, ки қабули онро аз ҷониби аудиторияи васеъ ва паҳншавии онро дар оянда дар шакли паёмҳои таҳрифшуда ва ғайбат осон мекунад.

Дасткорӣ - далелҳо ва додаҳои ҳуҷҷатие, ки сухангӯ овардааст, ба ҳақиқат рост меоянд, аммо бо далелу маълумоти таҳрифшуда/дурӯғ/бофта омехта шудаанд; мантиқи истидлол таҳрифшуда аст, яъне қасдан ба яке аз далелҳо ё додаҳо (аксаран   дуюмдараҷа) бо зарар ба дигараш ишора мешавад; манбаъҳои боэътимод зикр мешаванд, аммо функсияҳои онҳо, мақсад, шакли фаъолият метавонанд таҳрифшуда ё қасдан нодуруст ва ё ноаниқ нишон дода шуда бошанд. Иттилоотнокии сухангӯ доир ба мавзӯи баррасишаванда метавонад ҳам сатҳӣ ва ҳам амиқ бошад, ки дар ин гуна мавридҳо барои дасткорӣ бо далелҳо ба ӯ имкон медиҳад.

Таърихи далелсанҷӣ

Далелсанҷӣ таҷрибаи байналмилалӣ аст. Бино ба маълумотҳо тафтиш кардани изҳороти расмӣ-воқеӣ аввалан дар Амрико оғоз шудааст. Ҳанӯз соли 2003 дар ИМА лоиҳаи factcheck.org таъсис ёфта буд. Тахминан 4 сол баъд боз як платформаи далелсанҷӣ Politifact пайдо шуд. Маҳз дар соли 2003 теъдоди лоиҳаҳои дар самти далелсанҷӣ афзоиш ёфт ва барои ҳамчун як майлон нав эътироф шудани далелсанҷӣ боис гардид. Дар аввал ба далелсанҷӣ асосан кормандони ВАО машғул мешуданд. Аммо ин меъёр ҳоло дигар шудааст ва тавре ки дар боло гуфтем соҳибони касбу корҳои гуногун метавонанд ба таври мустақил ба санҷиши далелҳо пардозанд. Далелсанҷӣ баъд аз Амрико ба Аврупо ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон маъруфият пайдо кард ва сол то сол пойгоҳҳои далелсанҷӣ дар ҳоли афзоиш ҳастанд.

Ҳоло дар дунё платформае бо ном шабакаи байналмилалии далелсанҷӣ – IFСN фаъолият дорад, ки мақсадаш назорат ва пуштибонӣ аз фаъолияти лоиҳаҳои далелсанҷист.

Хотиррасон мекунем, ки дар Тоҷикистон соли 2018 аввалин пойгоҳи далелсанҷӣ Factcheck.tj таъсис ёфтааст, ки мунтазам фаъолият мебарад. Лоиҳаҳое амсоли Rushnoi.org ва Media Marker низ дар ин авохир то ҳаде ба далелсанҷӣ машғулият доранд.

Кодекси ахлоқии далелсанҷӣ кафолати сифат

Шабакаи байналмилалии далелсанҷӣ – IFСN ҳанӯз соли 2016 кодекси ахлоқро пешниҳод кардааст, ки ҳоло шумори зиёди лоиҳаҳо дар заминаи он фаъолият мебаранд. Мақсад аз татбиқи ин кодекс баланд бардоштани сифат ва корбурди тартиби ягонаи кор дар ҳангоми санҷиш ва далелсанҷӣ. Кодекси ахлоқии далелсанҷӣ аз чунин қоидаҳо иборат аст:

- Қоидаи бетарафӣ ва адолат
- Қоидаи шаффофияти сарчашмаҳо
- Қоидаи шаффофияти маблағгузорӣ ва созмонҳо
- Қоидаи тафтиш ва тасҳеҳи арзёбӣ

Хулоса

Далелсанҷӣ – (англ. "fact-checking" – санҷиши далелҳо) санҷиши дурустии факту далелҳои изҳорот, хабар ва паёмҳое, ки ба таври оммавӣ паҳн карда мешаванд.

Далелсанҷ барои санҷиши дурустии изҳорот танҳо аз маълумоти манбаъҳои боз, яъне расмӣ истифода бурда метавонад.

Объекти далелсанҷӣ сухан, изҳорот ва ё паёми ягон нафари намоён аз ҷумла роҳбарони сохтору ташкилот ва муассисаҳо, мавтлаби ВАО шуда метавонад, танҳо агар он факту далели конкретӣ дошта бошад.

Ҳукмнома қисмати муҳими далелсанҷӣ аст. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ аз се то даҳ гузинаи ҳукмномаҳо мавҷуданд. Дар таҷрибаи далелсанҷии кишварҳои пасошӯравӣ, бахусус укроинӣ асосан аз се навъи ҳукмнома кор мегиранд:

- Ҳақиқат
- Нимаҳақиқат
- Дурӯғ

Дар модели тоҷикии далелсанҷӣ бошад, боз 2 гузина илова шудааст:

- Фейк
- Дасткорӣ

Факт (далел) – мафҳумест, ки моҳияти субъект-обектро ошкор мекунад, ҳодисаи воқеӣ ва ё натиҷаи фаъолиятро ба таври воқеъӣ мушаххас мекунад.

Популизм – навъи фарҳанги сиёсист, ки намояндагонаш ба оммаи васеъ талоши "Дилсӯзӣ мекунанд, бо истифода аз мушкилоташон чун қоида, гӯё баъди ба сари ҳаокимият омадан соҳиби қудрат шудан ваъдаи ҳалли мушкилоти онҳоро медиҳанд.

Дасткорӣ (манипуляция) – калимаи лот. "manus" – даст аст. Дасткорӣ – амали таъсиррасонӣ ба одамон ё идоракунии онҳо бо роҳи чолокӣ аст, ки дар натиҷа ба одамон ҳамчун зочаҳои идорашаванда рафтор мекунанд.

P.S. Абзори далелсанҷӣ

Барои санҷиши далелҳо обзору машинаҳои ҷустуҷӯии зиёде мавҷуд ҳастанд, ки ҳоло доир ба чанде аз онҳо ба таври мӯъҷаз маълумот медиҳем.

TinEye reverse image search – ин абзор барои санҷиши сурат истифода мешавад. Имкониятҳои ин абзор ба шумо даст медиҳад то шумораи дақиқи сарчашмаҳое ки сурати мавриди ҷустуҷӯи истифода шудааст дарёфт намоед ва онро аз нигоҳи вақт, ҳаҷми сурат, сифати сурат, аз нигоҳи маротибаи охирини нашри сурат дар интернет тасниф кунед.

Yandex reverse image search – абзори мазкур барои чустучӯи сурат тариқи захираи Яндекс пешбинӣ шудааст. Шумо бо роҳи ба машинаи ҷустуҷӯии ин абзор боргирӣ кардани сурат ё акс номгӯи манбаҳое ки дар он ин акс корбаст шудааст, пайдо мекунед.

FindClone.ru – тавассути ин обзор чеҳраҳои ҳаммонанди як нафар ҷустуҷӯ карда мешавад. Ин абзор дар бештари ҳолатҳо инсонҳори аз нигоҳи қиёфа ҳаммонандро аз тариқи шабакаи иҷтимоии ВКонтакты ҷустуҷӯ мекунад.

Google reverse image search - тавассути ин сурат аз захираи Google ҷустуҷӯ карда мешавад. Имкониятҳои ин абзор ба имкониятҳои машинаи ҷустуҷӯии Yandex reverse image search монанд аст. Танҳо ин абзор суратҳоро аз захираи базавии Google пайдо мекунад.

Findexif ё FotoForensics. Бо воситаи ин барномаҳои онлайнӣ шумо метавонед маълум созед, ки акс тағйир дода шудааст ё не. Ин барномаҳоро дар компютер насб кардан лозим нест, онҳо ба таври онлайн дастрас буда гирифтани линки онҳо кифоя аст. Пас аз боргирии акс нишонаҳои тағйири акс пайдо мешаванд - ин захираҳо шумораи қабатҳои тасвирро муайян мекунанд ва шумо мефаҳмед, ки то куҷо акс тавассути барномаҳои гуногун тағйир дода шудааст.

YouTube Data Viewer - абзори мазкур барои муайян кардани вақти ҷой додани навор(видео) дар канали Ютуб ба кор бурда мешавад. Азбаски баъзан қасдан ва ё бо дигар мақсадҳо вақти пахши видеоҳо дар канали Ютуб тағфир дода мешавад, бо истифода аз ин абзор шумо имкон доред, ки сана ва вақти дақиқи пахши видео дар канали Ютубро муайян созед.

Archive.is – ин абзор барои захира кардани як матлаби интернети пешбинӣ шудааст. Ин захира имкон медиҳад, ки нусхаи аслии матлаб архив карда шавад ва дар ҳолати ворид шудани тағйирот ба матлаби асл, матлаби захирашуда ҳамчун асос истифода мешавад.

Domain Big Data – ба воситаи ин абзор дар бораи сомона, домени сомона, макон ва санаи бақайдгирии, IP суроға ва ғайра маълумот ҷамъ овардан мумкин аст.

Whoisology – тавассути ин абзор дар бораи сомонаҳои муайян маълумот гирифтан мумкин аст.

Google Maps ва Google Map's Street View. Ба воситаи Google Maps шумо метавонед суроғаи аниқи обекту корхона ё номи кӯчаро муайян созед ва бо маълумоти дар хабар овардашуда муқоиса кунед. Google Map's Street View имконият медиҳад, ки дар кӯчаи ҳодиса "қадам занед" ва муқоиса кунед, ки маълумоти дар хабар овардашуда мувофиқат мекунанд ё не

Flightradar24 – дар ин захира ҳаракати ҳавопаймоҳоро пайгирӣ кардан мумкин аст. Ин захира харитаи электронии ҳаракати ҳавопаймоҳоро пешкаш месозад, ки шумо имкон доред, то бифаҳмед, ки кадом ҳавопаймо аз руи кадом хатсайр дар айни ҳол ҳаракат дорад.

Ҳамчунин дар ин росто ҷоиз ба таъкид аст, ки манбаҳои далелсанҷӣ дар ҳар кишваре вижагии худро доранд. Азбаски далелсанҷӣ дар асоси манбаъҳои боз анҷом дода мешавад, дар баъзе кишварҳо бинобар мавҷуд будани баъзе маҳдудиятҳо барои дастрасӣ ба иттилооти саривақтии манбаҳои кушод мушкилиҳо ҷой дошта бошад, дар баъзе аз кишварҳои дигар, ки фаъолияти тамоми сохторҳо ба таври нисбатан шаффоф дар манбаҳои боз ҷой дода мешавад, санҷиши далелҳо як андоза осонтар сурат мегирад.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” нашр шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!