Оё шумо таблиғро тамошо карда, фаромӯш кардед? Фикр мекунем, ин тавр нест! Мутахассисони Институти тадқиқотии иттилоотӣ ва коммуникатсионии IRSIC (Марсел) таъсири таблиғотро ба мағзи мо омӯхта, муайян карданд, ки онро дар хотираи худ 3 моҳ нигоҳ медорем.
Онҳо дар 400 ихтиёриён санҷиш гузаронданд. Аз ихтиёрон талаб карда мешуд, ки интернетро мувофиқи хости худ истифода баранд. Ҳангоми истифодаи интернет, ба онҳо гоҳ-гоҳ баннерҳои гуногуни таблиғотӣ мефиристоданд, аксҳои дурахшоне, ки дар паҳлӯ, боло, поён пайдо мешуданд.
Бешубҳа, шумо низ бо ин намуди таблиғот ошно ҳастед. Мо ба онҳо аҳамият намедиҳем ва ба назарамон чунин менамояд, ки ба мо ҳеҷ таъсире надоранд.
Аммо, тавре тадқиқот нишон дод, на ҳама чиз чунин содда аст. Ихтиёрон низ ба дурахшидани баннерҳои рекламавӣ аҳамият надоданд ва натавонистанд бигӯянд, ки баннери таблиғи кадом маҳсулотро диданд. Аммо пас аз 7 рӯз ва 3 моҳ аз корбарон пурсиданд, муайян кунанд ва бигӯянд, оё мехоҳанд ин маҳсулотро бихаранд, онҳо зиёд фикр намекарданд. Аксарият омода буданд, ки бо хушнудӣ маҳсулоти шиносро бихаранд, вале гуфта наметавонистанд, ки онро дар куҷо дидаанд.
"Косметика, телефонҳо, тӯҳфаҳо, мошинҳо, “тугмачаро зер кунед, то ҳамаашро бубинед” ва монанди инҳо - ҳама ба мағзи мо ворид мешаванд ва моҳҳо дар он мемонанд" мегӯяд, Дидйе Курбет, роҳбари гурӯҳи тадқиқотӣ, ки таъсири таблиғотро дар равони мо меомӯзад.
Чӣ кор бояд кард?
Ҳамкорони Дидйе Курбет, ки ин омӯзишро бо ӯ гузаронидаанд, мутмаинанд, ки агар шахс иттилоотро дарк намояд, пас метавонад ба таъсирии манфии таблиғ муқобилият кунад. Ҳамеша муҳим аст, ки мағзро дар ҳолати корӣ нигоҳ доред, чизҳои навро омӯзед ва тафаккури интиқодиро рушд диҳед.
Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!
Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!
“Сиёсатмадор барои худ - на, барои миллат кор мекунад...” Нигоҳе ба 101-соли Низорамо Зарифова
Як ҳафта танаффус. Дастикам 30 нафар алайҳи чеҳраҳои боздоштшуда шаҳодат додаанд
Чӣ гуна чангу ғубор ба пиряхҳои Тоҷикистон таъсир мерасонанд?
Ҳайати ҳукумати “Толибон” дар Ӯзбекистон. Онҳо аз Самарқанду Бухоро дидан кардаанд
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Мусодираи беш аз 21 ҳазор маводи тарфгарӣ дар Суғд
Якбора 3 размикори тоҷик соли 2025-ро бо рақобатҳои нав оғоз мекунанд. Ҳарифонашон кистанд?
Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”
"Боим" дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ кист?
Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд
Ашёи муҳим барои саноати ҳарбӣ. Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма метавонад пешсаф шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста