Аз 28 сентябр то 2 октябри соли 2020 дар Тоҷикистон нахустин ҷашнвораи ҷавонон "IdeaFEST: аз идея то амал" дар формати онлайн баргузор мешавад. Дар ҷашнвора 50 ширкаткунанда аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон - муаллифони идеяҳое, ки дар натиҷаи маъракаи минтақавии ҷавонон #IdeaChallenge2020 интихоб шудаанд, ширкат меварзанд.
Маъракаи минтақавии ҷавонон #IdeaChallenge2020 моҳи феврали соли равон таҳти шиори "Ҳама аз идея сар мешавад!" барои ҷавонони 18-30 солаи Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон оғоз шуда буд. Тавассути маъракаи #IdeaChallenge2020 идеяҳои навоварона ва эҷодкоронаи ҷавонон, ки мушкилоти аҳамияти иҷтимоидоштаро ҳал мекунанд, ба чолиш кашида шуд. Дар ҷамъбасти чорабинӣ 50 идеяи ҷолибтарин муайян карда шуд, ки муаллифони онҳо барои иштирок дар нахустин ҷашнвораи онлайн барои ҷавонон «IdeaFEST: аз идея то амал» роҳ ёфтанд.
Ҷашнвораи IdeaFest ба як платформаи ҷавонони ташаббускор табдил хоҳад ёфт, ки онҷо онҳо метавонанд тавонмандии худро барои таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои гуногун афзоиш диҳанд, аз сӯйи коршиносони маъруф омӯзишҳои мураббигӣ гиранд ва идеяҳои худро ба лоиҳаҳои мукаммал табдил диҳанд. Ғайр аз он, иштирокдорон чигунагии пешниҳод кардани идеяро барои мухотабон ва ҳамкорӣ бо сармоягузоронро барои татбиқи идеяҳо меомӯзанд.
Чунин як маъракаи онлайнӣ дар Қирғизистон рӯзҳои 7-11 сентябри соли 2020, Қазоқистон рӯзҳои 14-18 сентябр баргузор шуд ва дар Узбакистон рӯзҳои 21-25 сентябр доир мешавад.
Дар Idea Fest мураббиён ва коршиносон дар бораи ҷанбаҳои муҳим, аз қабили тарроҳии иҷтимоӣ, таблиғ, ташкили маъракаҳои самараноки иттилоотӣ ва ҷамъоварии маблағ ҷаласаҳои кушод ва мастер-классҳо баргузор мекунанд. Ғайр аз он, иштирокдорон тарзи истифодаи воситаҳои чандрасонаӣ ва ҳикояҳоро дар лоиҳаҳои иҷтимоӣ барои таблиғи интерактивии лоиҳаҳо ва муаррифии бомуваффақияти онҳо меомӯзанд.
Суханронони фестивал:
Лола Насриддинова - муассис ва роҳбари Созмони ҷамъиятии "ИРОДА" (аввалин лоиҳаи калон барои волидон ва кӯдакони гирифтори аутизм), созандаи ошхонаи иҷтимоии “Дар як Замин” бо кормандони навраси гирифтори аутизм.
Муҳиба Рабиҷонова - мушовири мустақил (идоракунии молиявӣ дар лоиҳаҳои иҷтимоӣ) дар лоиҳаи "Асосгузори ҳаракати Амалиёти ВМИ (василаҳои муҳофизати инфиродӣ) Хуҷанд", ки аз ҷониби БОР (Бонки осиёии рушд) маблағгузорӣ мешавад, менеҷери лоиҳа ва намояндаи расмии Конгресси АвруОсиё дар Тоҷикистон.
Матлуба Солиҳова - роҳбари созмони ҷамъиятии "Пешрафт", муассиси бузургтарин чорабинии хайрия барои ёрӣ ба хонаводаҳои табибон дар давраи пандемия, асосгузори фонди хайрияи Пешрафт.
Таҳмина Хакимова - мураббии видео барои фаъолони шаҳрвандӣ, блогнависон ва рӯзноманигорон.
Идеяҳои интихобшудаи иштирокчиён дар 6 самт гурӯҳбандӣ шудаанд, ки дар онҳо 8 мураббӣ-коршинос бо забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ пуштибонии менториро пешниҳод мекунанд:
- лоиҳаҳои экологӣ
- лоиҳаҳои таълимӣ
- лоиҳаҳои иҷтимоӣ
-лоиҳаҳо барои таҳияи сайтҳо, бозиҳо ва замимаҳо
-лоиҳаҳои навиштани мавод
-лоиҳаҳои шаҳрнишинӣ
IdeaFEST дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи “Пурзӯр намудани устуворӣ ба ифротгароӣ ва иттилооти бардурӯғ дар Осиёи Марказӣ”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби Internews амалӣ мегардад.
Дастгирии иттилооти ҷашнвораро лоиҳаи “Се нуқта” таъмин менамояд. Дар саҳифаи ин лоиҳа шумо метавонед ҳама маълумоти муфассалро дар бораи IdeaFEST дастрас намоед, маводи ҷашнвораро хонед ва барномаҳои онро ба таври мустақим тамошо кунед.
Дар бораи лоиҳаи “Пурзӯр намудани устуворӣ ба ифротгароӣ ва иттилооти бардурӯғ дар Осиёи Марказӣ”:
лоиҳаи минтақавӣ аз ҷониби ташкилоти ғайритиҷоратии байналмилалии Internews бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо амалӣ карда мешавад. Ҳадафи лоиҳа тақвияти устувории шаҳрвандон ба муқобили радикализатсия ва дезинформация аст, ки боиси ифротгароии хушунатомез мегардад. Лоиҳа ба ин мақсад ВАО, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, мақомоти давлатӣ, пешвоёни динӣ ва шаҳрвандони фаъолро дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон дастгирӣ мекунад. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф, Internews ҳамчунин ташаббусҳои миллӣ ва минтақавиро барои эҷоди маводҳои фарогир ва босифату дақиқ, боэътимод ва мутавозин дастгирӣ хоҳад кард. То ба ҷомеаҳои маҳаллӣ ёрӣ расонида қобилияти интихоби огоҳонаи онҳо ва андешидани чораҳои мусбатро барои дастгирии сулҳу амният боло барад. Лоиҳа аз моҳи октябри соли 2019 бо маблағи умумии 4,500,000 евро амалӣ шуда, тамоми кишварҳои Осиёи Марказиро фаро мегирад.
“Сиёсатмадор барои худ - на, барои миллат кор мекунад...” Нигоҳе ба 101-соли Низорамо Зарифова
Як ҳафта танаффус. Дастикам 30 нафар алайҳи чеҳраҳои боздоштшуда шаҳодат додаанд
Чӣ гуна чангу ғубор ба пиряхҳои Тоҷикистон таъсир мерасонанд?
Ҳайати ҳукумати “Толибон” дар Ӯзбекистон. Онҳо аз Самарқанду Бухоро дидан кардаанд
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Мусодираи беш аз 21 ҳазор маводи тарфгарӣ дар Суғд
Якбора 3 размикори тоҷик соли 2025-ро бо рақобатҳои нав оғоз мекунанд. Ҳарифонашон кистанд?
Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”
"Боим" дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ кист?
Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд
Ашёи муҳим барои саноати ҳарбӣ. Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма метавонад пешсаф шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста