Ҳукумати Душанбе бо нашри як “Раддия” дар торнамои шаҳрдорӣ хабари нашршуда дар бораи ҷарроҳӣ шудани раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Исроилро, “фейкӣ” ва бардурӯғ номидааст. Ҳукумати Душанбе ин корро ноором кардани вазъи иҷтимоиву сиёсии кишвар унвон кардааст.
Дар ин раддия паҳну нашр “кардани чунин иттиллоти бардурӯғ дар бораи роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи интихоботи президентӣ яке аз усулҳои нопоки бадхоҳони кишвар” номида, ин корро “иғвогарии барқасдона ба ноором кардани вазъи иҷтимоӣ ва сиёсии Тоҷикистон” донистааст.
Дар ин раддия омадааст: “Мо бо тамоми масъулият изҳор медорем, ки маълумот дар бораи бемории эҳтимолии Рустами Эмомалӣ ва табобати ӯ дар давлати Исроил ба воқеият мувофиқат намекунад. Дар фейкҳои шабакаҳои иҷтимоӣ гуфта мешавад, ки гӯё мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ, соли 2019 ба давлати Исроил ташриф оварда, дар он ҷо ӯро ҷарроҳӣ карданд. Тавре ки шумо медонед, муҳтарам Рустами Эмомалӣ як шахсияти ҷамъиятӣ ва шахси расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва аз ин рӯ сафарҳои ӯ, бахусус ташрифҳои хориҷӣ, ҳама вақт мавриди таваҷҷуҳи ВАО-и ватанӣ ва хориҷӣ аст. Агар муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар воқеъ соли 2019 ба давлати Исроил сафар мекард, пас ин иттилоот ҳанӯз дар соли 2019 дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ пайдо мешуд”.
Ин раддия дар ҳолест, ки бархе расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ навишта буданд, ки Рустами Эмомалӣ соли 2019 дар Исроил аз бемории саратони рӯда табобат гирифта ва ҷарроҳӣ шудааст. Онҳо ин хабарро бар пояи нашри ин маълумот аз сӯйи мудири яке аз бемористонҳои Исроил дар саҳфаи Тввитераш нашр карда буданд. Аммо дар раддия омадааст, ки “мо расман изҳор менамоем, ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳеҷ гоҳ барои табобат ё мақсадҳои дигар ба давлати Исроил сафар накардааст”.
Дар ин раддия ҳамчунин бо хитоб зикр шудааст, ки “мо ба ҳамватани азиз муроҷиат намуда, даъват менамоем, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба иғвоҳои бадхоҳони Ватанамон дода нашаванд”.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Сиёсатмадор барои худ - на, барои миллат кор мекунад...” Нигоҳе ба 101-соли Низорамо Зарифова
Як ҳафта танаффус. Дастикам 30 нафар алайҳи чеҳраҳои боздоштшуда шаҳодат додаанд
Чӣ гуна чангу ғубор ба пиряхҳои Тоҷикистон таъсир мерасонанд?
Ҳайати ҳукумати “Толибон” дар Ӯзбекистон. Онҳо аз Самарқанду Бухоро дидан кардаанд
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Мусодираи беш аз 21 ҳазор маводи тарфгарӣ дар Суғд
Якбора 3 размикори тоҷик соли 2025-ро бо рақобатҳои нав оғоз мекунанд. Ҳарифонашон кистанд?
Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”
"Боим" дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ кист?
Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд
Ашёи муҳим барои саноати ҳарбӣ. Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма метавонад пешсаф шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста