Даҳ сол пеш, вақте ки Bluetooth қариб дар ҳама смартфонҳо буд, корбарон онро барои мубодилаи маводҳо истифода мекарданд. Ҳоло ки дар Интернет захираи абрӣ(облачные хранение) мавҷуд аст, Bluetooth танҳо барои пайваст кардани дастгоҳҳои беруна истифода мешавад: гӯшмонак, педометрҳо ва ғайра.

Аммо, вазифаи мубодилаи файл дар бисёр дастгоҳҳо ҳамчун пайвастшавӣ бо худи он ҳоло ҳам мавҷуд аст. Аз ин рӯ набояд фаромӯш кард, ки Bluetooth метавонад равзанаи дастрасӣ барои бадхоҳон ба дастгоҳи шумо бошад.
Масалан, дар соли 2017 коршиносони амнияти рақамии Армис ҳамлаи хакерҳо бо номи BlueBorne -ро кашф карданд. Ҳар гуна ҳамла ба воситаи Bluetooth аз функсияи фаъол ва ҳолати кашфи дастгоҳ оғоз меёбад. Чунин дастгоҳҳо ҳамеша пайвасти воридшавиро меҷӯянд. 

Чизи асосӣ барои хакер гирифтани MAC-суроғаи адаптери Bluetooth мебошад. Ин ба дастгоҳ қариб пурра дастрасӣ медиҳад. Хакерҳо ба смартфон фармонҳои махсус мефиристанд, то дастгоҳро ба пайвасти ноамн гузаронанд. Бо гирифтани MAC-суроға, ҳамлаварон метавонанд зангҳоро гӯш кунанд, файлҳои шахсӣ ва галереяи телефонро бубинанд ва вирус ё нармафзори ҷосусӣ насб кунанд.

Сарфи назар аз ҳамлаҳои Blueborne, пайвасти Bluetooth то ҳол хеле бехатар ҳисобида мешавад, зеро версияҳо ва худи смартфонҳо доимо нав карда мешаванд. Дар шабакаҳои интернетӣ маслиҳатҳои зиёде мавҷуданд, ки смартфони худро метавон тавассути замимаҳои махсус барои вобастагӣ тафтиш кард. Маслиҳати мо ин аст, ки ин замимаҳоро истифода набаред, зеро дар байни онҳо вирусҳо ва нармафзори ҷосусӣ зиёданд.

Аммо, донистани он, ки чӣ гуна маълумоти шахсиро аз ҳамлаҳои хакерӣ муҳофизат бояд кард муҳим аст, хусусан агар смартфони шумо аз насли пештара бошад. Чанд маслиҳати муҳимро пешкаш мекунем:

1. Ҳангоми истифода набурдан Bluetooth-ро хомӯш кунед.
2. Нармафзори дастгоҳи худро навсозӣ кунед.
3. Маълумоти ҳассосро, ки набояд ба дасти бегонагон афтад, дар телефони худ нигоҳ надоред.

Инчунин чизҳои мусбат низ мавҷуданд, ки шуморо аз паранояҳо муҳофизат мекунанд. Диапазони амали Bluetooth хеле хурд аст: таҳиягарон то 50 метр ваъда медиҳанд, аммо дар амал сигнал ҳадди аксар ба даҳ метр бидуни монеаҳои ҷисмонӣ мерасад (девор, мебел ва ғ.). Яъне, онҳо метавонанд кӯшиш кунанд, ки ба смартфони шумо дар ҷойҳои серодам ҳамла кунанд: марказҳои савдо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки хакер метавонад ба шумо наздик бошад. Одатан, ин гуна ҳамлаҳо барқасдона ба як шахси муайян, ки маълумоти ҳассос дорад, анҷом мешавад.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!