Хабари нашркардаи сомонаи pressa.tj дурӯғ ва дасткорӣ аст.
Рӯзи 19-уми октябр сомонаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” (pressa.tj) хабаре бо сарлавҳаи “Собянин: Бе тоҷикон аҳволи Маскав бад мешавад” (бойгонӣ) нашр шуд, ки шубҳаи хонандагонро ба миён овард. Хонандагони “Се нуқта” бо ирсоли линк аз мо дархост карданд, ки хабари мазкурро санҷем, дар ҳақиқат мири Маскав чунин гуфтааст ё не.
Иқтибос:
Тоҷикон хеле каманд, ки дар даст лому бели барфтозакунӣ гиранд.
“Пойтахти Русия муҳтоҷи муҳоҷирон шуд — зимистон аллакай наздик аст ва акнун тоҷикон хеле каманд, ки дар даст лому бели барфтозакунӣ гиранд. Бо сабаби коронавирус, онҳо Маскавро тарк карданд”,- мегӯяд раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин.
Шумори муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маскав имсол 40% коҳиш ёфт, гуфтааст мири Маскав Сергей Собянин рӯзи якшанбе дар мусоҳиба бо барномаи “Ҳафтаи шаҳр” дар шабакаи телевизионии Россия-1.
Ҳукмнома: Дасткорӣ
“Се нуқта” маълум кард, ки Сергей Собянин дар рафти мусоҳиба аз ягон миллати муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик, ном набурдааст. Сарлавҳа ва қисмати болоии хабари ҳафтаномаи “Тоҷикистон” бофтаи муаллиф мебошад, ки барои ҷалб намудани хонанда навишта шудааст.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Мо ба сомонаи телеканали «Россия1» ворид шудем ва сабти барномаи “Ҳафтаи шаҳр/ Вақти маҳаллӣ” – ро аз рӯзи 18-уми октябр тамошо кардем. Аз дақиқаи 9:31 то 10:00 дар ин барнома мири Маскав Сергей Собянин аз камбуди муҳоҷирон мегӯяд:
«Мушкил он аст, ки дар Маскав муҳоҷирон хеле кам шуданд. Тибқи баъзе ҳисобҳо, 40 фоиз. Ин ба бозори меҳнат, бахусус дар соҳаи манзилу коммуналӣ таъсири худро мерасонад. Ин кори дастӣ аст, ин бел, ҷорӯб, лом. На ҳама москвагиҳо ба кор дар чунин ҷойҳо омодаанд. Аммо мо ин мушкилотро оҳиста – оҳиста ҳал карда истодаем. Одамонро аз минтақаҳои дигар ҷалб мекунем».
Ҳамин тариқ, Сергей Собянин танҳо аз камбуди муҳоиҷрон гуфтааст, на аз кам шудани муҳоҷирони тоҷик дар Маскав.
Хулоса
Санҷиши мо собит намуд, ки хабари сомонаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” (pressa.tj) бо сарлавҳаи “Собянин: Бе тоҷикон аҳволи Маскав бад мешавад” (бойгонӣ) дурӯғ ва дасткорӣ мебошад.
Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!
Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!
“Сиёсатмадор барои худ - на, барои миллат кор мекунад...” Нигоҳе ба 101-соли Низорамо Зарифова
Як ҳафта танаффус. Дастикам 30 нафар алайҳи чеҳраҳои боздоштшуда шаҳодат додаанд
Чӣ гуна чангу ғубор ба пиряхҳои Тоҷикистон таъсир мерасонанд?
Ҳайати ҳукумати “Толибон” дар Ӯзбекистон. Онҳо аз Самарқанду Бухоро дидан кардаанд
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Мусодираи беш аз 21 ҳазор маводи тарфгарӣ дар Суғд
Якбора 3 размикори тоҷик соли 2025-ро бо рақобатҳои нав оғоз мекунанд. Ҳарифонашон кистанд?
Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”
"Боим" дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ кист?
Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд
Ашёи муҳим барои саноати ҳарбӣ. Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма метавонад пешсаф шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста