Набояд фаромӯш кард, ки сарлавҳа ин як воситаи тавоно барои дасткорӣ аст. Мо онро хоҳем ё наҳоем, ҳар рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ вомехӯрем. Аз ин рӯ, муайян намудани дастикориро бояд аз сарлавҳо оғоз намуд. Дар маводи зер, се нишонаи муайян намудани дасткориро дар сарлавҳа пешниҳод менамоем.

Гапи нотамом (нопурра)

Ҳиллаи класикии кликбейт ин накушодани мақсади асосӣ дар ҷумла аст, то хонандаро маҷбур намояд, ки тавассути пайванд (ссылка) ба мавод ворид шавад. Мутаассифона, аз чунин шева на танҳо спамерҳо балки ВАО низ кор мегирад. Аммо тибқи қоида, мавод бо чунин сарлавҳа беэътимод аст.

Баҳодиҳӣ

«Садамаи даҳшатноки автомобилӣ», «Лоиҳаи қонуни хандаовар», «Кирдори номувофиқи вакил». Муаллифон аксар вақт кӯшиш мекунанд, ки ба хонанда лаҳзаҳои хуби ҳодисаро нишон диҳанд. Аммо дар воқеъ, чунин баҳогузорӣ, эҳсосот ва аксар вақт сарлавҳаҳои муболиғаомез кӯшиши ба гардани хонанда бор кардани хулосаи субъективии муаллиф аст.

Андеша ба ҷойи далел

Дар ин аломат ҳолати истисно низ ҳаст. Масалан, андешаи коршиносон. Бо вуҷуди ин, андешаи коршиносон низ бояд дар асоси ҷамъоварӣ/таҳқиқот ва далел асос ёфта бошад. Аз ин рӯ, ҳамаи маълумот ва асоснок будани андешаи коршиноси беҳтаринро низ бояд тафтиш намуд.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!