Намояндаи ширкати сайёҳии “Расул”, ки ба фиристодани зойирини тоҷик ба Макка ва Мадина машғул аст, ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки ба гумони ғолиб, гурӯҳи аввали зойирини тоҷик охири моҳи январи соли 2021 ба ҳаҷ фиристода мешаванд.
“Қаблан ҳукумати Арабистони Саудӣ изҳор дошт, ки онҳо ба қабул ва хизматрасонӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ аз 1 ноябр омодаанд, лекин ба мо то ҳол дар бораи иҷозаи ҳаҷ мактуб нарасида, қарори мушаххас ҳам гирифта нашудааст”, - қайд карданд дар ширкат.
Ҳамчунин зикр шуд, ки Вазорати ҳаҷи Арабистони Саудӣ пешниҳод намудааст, ки “қабули зойирин дар моҳи шашуми қамарӣ оғоз гардад”, ки он ба охири моҳи январи соли 2021 рост меояд.
“Имсол аз шаҳрвандон начандон зиёд дархост гирифтем. Ин шояд ба пандемия ва маҳдудиятҳое, ки ҳукумати Арабистони Саудӣ ҷорӣ кард, вобаста бошад. Вуруд ба қаламрави ин кишвар ба шаҳрвандони синни аз 18 то 50-сола иҷоза шудааст”, - гуфт ӯ.
Бино ба маълумоти Кумитаи дин, соли гузашта 3 ҳазору 273 шаҳрванди Тоҷикистон Ҳаҷҷи умраро анҷом дода буданд.
Ҳанӯз охири моҳи октябр аз Кумитаи дин ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати анҷоми ҳаҷи умра иҷоза дод. Он замон зикр шуда буд, ки раҳбарияти ширкатҳои “Расул” ва “Ормон”, ки ба ҳамлу нақли шаҳрвандони Тоҷикистон ба умра сару кор доранд, машғули омода кардани санадҳои лозим барои сафарбар кардани гуруҳи аввал ҳастанд.
Вуруд ба Арабистони Саудӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бо мақсади анҷоми маросими Ҳаҷи умра охири моҳи феврали соли 2020 бар асари хуруҷи коронавирус боздошта шуд.
Сухангӯйи Кумита Афшин Муқим зикр карда буд, ки агар имсол маросими адои ҳаҷ баргузор нашавад, навбати зойирин пурра нигоҳ дошта шуда, ба соли дигар гузаронида мешавад. Шӯрои уламо ба зойирин тавсия дод, ки маблағи барои адои маросими ҳаҷ ҷамъовардаашонро ба корҳои хайру эҳсон ва рушду шукуфоии кишвар сарф кунанд.
Қобили зикр аст, ки ҳамасола дар мавсими ҳаҷ қариб 2,5 млн нафар мусалмонон аз саросари дунё барои адои яке аз рукнҳои ҳатмии ислом ба Арабистони Саудӣ роҳ пеш мегиранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мурабаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
“Таҷҳизоти техникӣ корношоям мешаванд”. Чаро шиддати барқ паст аст ва ба куҷо метавон муроҷиат кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста