Чӣ гуна истифодаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро танзим кунем, то онҳо муфид бошанду сари моро бо иттилои нолозим пур накунанд? Мо имрӯз тасмим гирифтем доир ба гигиенаи рақамӣ маслиҳатҳо диҳем.
Пеш аз ҳама дар хотир доред, ки агар мо худамон рафтори худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ зери назорат нагирем, зеҳни сунъӣ ва алгоритмҳои бофтаи дигарон инро ба ҷойи мо анҷом медиҳанд ва мо вобастаи онҳо мешавем.
- Агар шумо намедонед, ки барои чӣ аз шабакаҳо иҷтимоӣ истифода мебаред, пас ба асорати пурраи алгоритмҳо меафтед.
- Созандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳангоми сохтани онҳо ба бозиҳои азартӣ такя кардаанд, яъне шумо зуд вобаста мешавед.
- Ҳатто 10 дақиқа хондани саҳифаи тайёрнамудаи алгоритмҳои Facebook ба паст шудани табъи корбарон сабаб мешавад.
- Огоҳ бошед: корбарон моиланд дастовардҳои худро бештар ва ҳаёти худро рангинтар тасвир кунанд. Бо дидани онҳо шумо рӯҳафтода нашавед!
- Бераҳмона саҳифаву гурӯҳҳои бефоидаю нолозимро пок кунед.
- Корбарони беандешаи шабакаҳои иҷтимоӣ зарарасонҳои асосӣ ва дузди вақти шумо мебошанд. Онҳоро ҳазф кунед. Бигзор хӯроки мехӯрдаашон ва либоси наву дастовардҳояшонро ба бобою бибияшон нишон диҳанд. Ба шумо онҳо чӣ лозим?
- Дӯстии корбаронро бисёр эҳтиёткорона қабул кунед, кӯшиш кунед танҳо ба онҳое обуна шавед, ки аз шумо қадаме пешрафтатаранд ва метавонед аз онҳо чизе омӯзед.
- Эҳтиёткорона “писандед” (Like гузоред). Донед, ки он фақат як тугма нест, балки дар асоси писандидани шумо алгоритмя маводҳои монандро ба шумо пешниҳод мекунанд.
- Одат кардаед фақат сарлавҳа хонед? Кӯшиш кунед мақолаю матнҳоро пурра хонед!
- Баъд истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ қадар вақт сарф караданатон ва чизҳои дар хотиратон мондаро дар ҷое сабт кунед. Баъдан онҳоро омӯзед ва хулоса кунед, ки шумо бо хоҳиши худ инқадар вақтатонро сарф кардед ё он вақтро аз шумо “дуздиданд”?
Ба дӯстонаон фиристед, то онҳо низ аз гигиенаи рақамӣ огоҳ шаванд.
Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!
Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!
“Сиёсатмадор барои худ - на, барои миллат кор мекунад...” Нигоҳе ба 101-соли Низорамо Зарифова
Як ҳафта танаффус. Дастикам 30 нафар алайҳи чеҳраҳои боздоштшуда шаҳодат додаанд
Чӣ гуна чангу ғубор ба пиряхҳои Тоҷикистон таъсир мерасонанд?
Ҳайати ҳукумати “Толибон” дар Ӯзбекистон. Онҳо аз Самарқанду Бухоро дидан кардаанд
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Мусодираи беш аз 21 ҳазор маводи тарфгарӣ дар Суғд
Якбора 3 размикори тоҷик соли 2025-ро бо рақобатҳои нав оғоз мекунанд. Ҳарифонашон кистанд?
Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”
"Боим" дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ кист?
Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд
Ашёи муҳим барои саноати ҳарбӣ. Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма метавонад пешсаф шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста