Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои парвоз тариқи хатсайрҳои мунатзам байни шаҳрҳои Душанбе ва Маскав қарор қабул намуда, арзиши билетҳоро муқаррар кард, хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари Агентӣ Икром Субҳонзода.

Бино ба гуфтаи ӯ, парвози аввалин бо хатсайри Душанбе-Маскав аз ҷониби ширкати ҳавопаймом “ЮтЭйр” рӯзи ҷумъа, 2 апрел ва минбаъд як маротиба дар ҳамин рӯзи ҳафта анҷом дода шуда, ширкати “Сомон Эйр” ҳар ҳафта рӯзи сешанбе парвоз ба иҷро мерасонад.

“Дар вохӯрии кории чанде пеш мо аз ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ талаб кардем, ки ба беасос боло бурдани арзиши билетҳо роҳ надода, нархи онро дар ҳудуди арзиши аслӣ танзим кунанд, - гуфт Субҳонзода. – Пас аз таҳлил ва омӯзиши хароҷоти ширкатҳо мо тасмим гирифтем, ки арзиши билетҳо ба як самт ва бозгашт аз он ҷо 500 доллар муқаррар шавад, - гуфт Субҳонзода

- Масалан, агар ба самти парвози Душанбе-Маскав талаботи мусофирон зиёд бошад, ширкатҳо нархро аз 300-350 доллар ва дар бозгашт ба Душанбе – 150 доллар муқаррар карда метавонанд, лекин онҳо бояд дар назар дошта бошанд, ки нарх ба ҳар ду самт аз 500 доллар болотар набошад".

Зимнан зикр шуд, ки роҳандозии хатсайрҳо бо як парвоз ба ҳар ду самт дар як ҳафта ба барқарор шудани алоқаи ҳавоии мунтазам байни кишварҳо оғоз бахшида, бо беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ, “бар асоси қарорҳои дахлдор” дар бораи зиёд кардани парвозҳо тадбирҳо рӯйи даст гирифта мешаванд.

Икром Субҳонзода таъкид дошт, ки мусофироне, ки дар онҳо таби баланд ё аломатҳои беморӣ ошкор мешавад, инчунин мусофироне, ки маълумотномаи гирифтор набудан ба бемории коронавирусро (бо методи ПЦР), ки на дертар аз 72 соати пеш аз омадан ба даст овардаанд, бо худ надошта бошанд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.

Маҳз бо ҳамин гуна маълумотнома бидуни истисно ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон акнун метавонанд ба Маскав парвоз кунанд, лекин танҳо бо хатсайрҳои мунтазам.

Доир ба масъалаи харидани билет ва маълумоти муфассал дар ин бора шаҳрвандон метавонанд ба нуқтаҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймоӣ ё ба намояндагиҳои ширкатҳо муроҷиат кунанд.

Ёдрас мекунем, ки бо қарори ситоди фаврии мубориза бо паҳншавии коронавируси Русия, аз 1 апрел ин кишвар алоқаи ҳавоиро бо Тоҷикистон, Олмон, Венесуэла, Сурия, Ӯзбекистон ва Шри-Ланка барқарор мекунад.

Қобили зикр аст, ки бар асари пандемияи коронавирус Тоҷикистон аз 19 март ва Русия аз 27 марти соли 2020 сарҳадҳои ҳавоии худро баста, тамоми ин муддат байни кишварҳо парвозҳои ба ватан баргардонидани шаҳрвандон ва парвозҳои чартерӣ анҷом дода мешуданд.

Айни замон Тоҷикистон бо Туркия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Қазоқистон алоқаи ҳавоии мунтазам дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.