Директори Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Русия Александр Калашников пешниҳод кардааст, ки муҳоҷироне, ки барои кор ба Русия меоянд, ба маҳбусони зиндонҳои ин кишвар иваз карда шаванд.
Ӯ изҳори итминон кардааст, ки ин барои иншооти сохтмоне, ки дар он қувваи корӣ намерасад, мувофиқи мақсад хоҳад буд, менависад Коммерсант.
Ӯ таъкид доштааст, ки инро наметавон бо ҷалби шаҳрвандон ба сохтмонҳои ГУЛАГ (Сарраёсати лагерҳо - воҳиди Комиссариати халқии корҳои дохилӣ) муқоиса кард. Барои шаҳрвандони қонуншикан дар Русия шароити тамоман нави кор фароҳам мешавад. Онҳо метавонанд дар хобгоҳ ё хонаи иҷора зиндагӣ карда, маоши шоиста гиранд. Корфармо метавонад ба онҳо барои иқомат бо оилаашон шароит муҳайё созад.
Ба гуфтаи Калашников, айни замон 188 ҳазор нафар маҳбусон ҳуқуқ доранд, ки барои ивази ҷазо ба корҳои маҷбурӣ ариза диҳанд.
Ӯ хотиррасон кардааст, ки соли равон шумори зиндониён дар Русия то 483 ҳазор нафар кам шуд. Барои муқоиса: соли 2010 шумори онҳо зиёда аз 860 ҳазор нафарро ташкил медод.
Муҳоҷирон бекор намемонанд
Раиси Иттифоқҳои касабаи муҳоҷирони корӣ Ренат Каримов дар суҳбат бо «360tv» эътироф намудааст, ки ба ин ташаббус назари мусбат дорад. Ба гуфтаи ӯ, агар шахс ба манфиати ҷомеа кор карда тавонаду бо шароити хуб ва маоши шоиста таъмин шавад, дар зиндон нишастани ӯ ҳеҷ маъние надорад.
“Ин кор ба ҳеҷ ваҷҳ ба камшавии вуруди муҳоҷирон боис шуда наметавонад. Муҳоҷирон мустақил нестанд, онҳоро сармояи бузург, ки ҳозир синфи ҳукмрон аст ва қисматҳои хурди тиҷорати миёна идора мекунад. Ҳамаи онҳо барои дарёфти фоидаи зиёд бо камоли майл аз онҳо истифода мекунанд”, - изҳор доштааст Ренат Каримов.
Номбурда зикр кардааст, ки то замони пандемия 5-7 млн шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия кор мекарданд ва аз ин рӯ, таъмини 188 ҳазор нафар маҳбусон бо ҷойи корӣ ба шуғли муҳоҷирон таъсири ҷиддӣ нахоҳад дошт.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Аз Душанбе то Маскав: таваққуфгоҳҳо барои мошин дар кишварҳои гуногун чӣ гуна кор мекунанд
Нуқтаи обтақсимкунии “Головной”. Тоҷикистону Қирғизистон онро чӣ гуна тақсим карданд?
“Рӯйхати сиёҳ”-и ВКД-и Русия чист ва барои аз он берун кардани ном чӣ бояд кард?
Қитъаи роҳе, ки Қирғизистон аз Тоҷикистон ба иҷора гирифта буд, мақоми бетараф мегирад
Қурби рубл боло меравад. Кадом омил боиси тақвияти қурби пули Русия гардид?
Дар Душанбе барои сохтмони метро мутахассис омода мекунанд
“Коргарони “Роғун” метавонанд рӯза нагиранд”. Муфтии Тоҷикистон гуфт, кӣ метавонад рӯза нагирад
Интихоботи парлумонии Тоҷикистон. Аз оғоз то имрӯз
Азим Байзоев, яке аз мубаллиғони омӯзиши забони тоҷикӣ, даргузашт
Як созмони байналмилалӣ ҳукми зиндони Рухшона Ҳакимоваро маҳкум карда, озодиашро талаб намуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста