Ҳафтаи гузашта Эмомалӣ Раҳмон бо имзои қарори Ҳукумат пешниҳоди Маҷлиси вакилони Суғдро барои тағйири ҷойномҳо дар 8 шаҳру ноҳияи вилоят пазируфта, барои тасвиб ба Маҷлиси миллӣ ирсол кард
Аз ҷумла бар пояи ин қарор дар шаҳри Исфара номи ҷамоати Шаҳрак ба Зумрад ва деҳаҳои Чорқишлоқ - Чордеҳ ва Матпарӣ - Моҳпарӣ ном гирифтанд.
Дар Истаравшан деҳаи Ҳавотоғи ҷамоати Ниҷонӣ ба Шодобдеҳ ва Ҷарқӯрғони ҷамоати Зарҳалол ба Куҳандиж иваз шуданд. Дар шаҳри Конибодом ҷамоати деҳоти Ғафурҷон Ортиқов номи Фирӯзоба ва ҷамоати Эргаш Шарифов номи Куҳандиёрро гирифтанд.
Дар Панҷакент номи деҳаи Қумсойи ҷамоати Сӯҷина ба Соҳил, Пушти қӯрғони ҷамоати Моғиён ба Пуштакуҳ, Авазалии ҷамоати Саразм ба Шоҳгузар, Соҳибназар ба Шоҳканд, Абдусамад ба Самадобод ва Раҷабалӣ ба Раҷабобод иваз шуданд.
Дар робита ба ин тағйири ҷойномҳову номгардон, Умед Ҷайҳонӣ донишманд ва пажӯҳишгари ҷойномҳо чунин натиҷагирӣ кардааст.
Чорқишлоқро Чордеҳ кардан дуруст аст
Номгардонии ҷамоати Шаҳрак ба Зумрад ва Чорқишлоқ ба Чордеҳ дуруст аст, ба ин далоил: “шаҳрак” исми омм аст ва “қишлоқ” макони зимистонгузаронии туркҳову муғулҳоро меноманд. Тоҷикон аз куҳантарин замонҳо шаҳру деҳа доранд ва қишлоқ номидани деҳаҳои тоҷикон тавҳин бар мост.
Номи деҳаи Матпарӣ, ки ба Моҳпарӣ номгардон кардан мехоҳанд, бояд бештар пажӯҳида шавад. Шояд вожае куҳану суғдӣ бошад, ки зоҳири туркӣ гирифтааст. Чунин вожаҳо кам нестанд, масалан, утоқро ҳама туркӣ мепиндоранд, вале он суғдӣ аст. Аммо “қишлоқ” нест. Ҳечгуна киштлохе надоштаву надорем ва суғдӣ ҳам нест.
Дар ҷамоати Ниҷонӣ деҳаи Ҳавотоғро мехоҳанд Шодобдеҳ биноманд. Ҳавотоғ ҷойноме туркӣ аст, аммо дар Варзоб низ деҳае Шодоб ном дорад. Аз ин рӯ, номе дигар бояд барои Ҳавотоғ пайдо кунанд. “Тоғ” дар забонҳои туркӣ ба маънои “кӯҳ” аст. Агар вижагиҳои ҷуғрофиёии Ҳавотоғ имкон диҳанд, метавон аз ҳамин вожаи кӯҳ дар сохтани номи нав баҳра гирифт. Масалан, агар кӯҳе наздикаш бошад, ки доманааш ё қуллааш фурӯ рафта бошад, метавон онро Ҳованкӯҳ номид. Ҳован ҳамон ҷувоз аст, ки туркизабонҳо ӯғур мегӯянд.
Дар ҷамоати Зарҳалол Ҷарқӯрғонро хостаанд Куҳандиж биноманд. Куҳандиж исми омм аст барои ҳар шаҳру қалъаи қадимӣ. Қӯрғон баробари туркии диж аст ва қалъа низ арабишуда аз калот аст, ки форсӣ аст. “Ҷар” низ вожае туркӣ аст, зеро дар ҳама забонҳои туркӣ ба кор меравад, аммо дар забонҳои эронӣ танҳо дар форсии тоҷикӣ ва забонҳои помирӣ ба кор меравад. Ин вожаро Унсурӣ, Фаррухӣ ва Носир Хусрав дар ашъорашон ба кор бурдаанд ва баробари форсии он “шикоф, рахна; чок дар замин; канора, партгоҳ; мешавад. Ҷарқӯрғон эҳтимолан диже буда, ки бар ҷар ҷой дорад. Дар он ноҳия диж бисёр аст ва шояд бархе аз суғдиён боз мондаву бархе ҳам аз нахустин садаҳои исломӣ. Дар ҳар сурат, қӯрғонро метавон бо диж ҷойгузин кард.
Дар шаҳри Конибодом ҷамоати деҳоти Ғафурҷон Ортиқов номи Фирӯзоба ва ҷамоати Эргаш Шарифов номи Куҳандиёрро гирифтанд. Фирӯзоба ҷойноми хубест, аммо “куҳандиёр” муносиб нест. Ҳар диёре куҳан аст. Умуман, номи касонро бояд аз воҳидҳои идорӣ ё маъмурӣ бардошт. Барои ҷамоати деҳоти Эргаш Шарифов бояд номе аз таърихи ҳамон сарзамин пайдо кард.
Дар Панҷакент номи деҳаи Қумсойи ҷамоати Сӯҷина ба Соҳил, Пушти қӯрғони ҷамоати Моғиён ба Пуштакуҳ, Авазалии ҷамоати Саразм ба Шоҳгузар, Соҳибназар ба Шоҳканд, Абдусамад ба Самадобод ва Раҷабалӣ ба Раҷабобод иваз шуданд.
Панҷакентро бояд ё Панҷиканд карду ё Панҷекат
Нахуст бояд шаҳри Панҷакентро тоҷикона Панҷиканд ё суғдиёна Панҷекат номид. Аммо бар ин нукта бояд таваҷҷуҳ кард, ки дар ҷойномҳои суғдӣ, ки то кунун боз мондаанд, пасванди -кат бар деҳаву русто будани он макон далолат мекунад ва шаҳрҳо пасванди -канд доранд.
Қумсойро Соҳил номидан дуруст нест. Соҳил исми омм аст. “Қум” туркизабонҳо “рег”-ро меноманд ва “сой” “рӯд” аст. “Сой” эҳтимолан бо “су, сув” дар забонҳои туркӣ ҳамреша бошад, ки баробари форсии он “рӯд” аст. Чунончи, туризабонҳо Сурхобро Қизилсу меноманд. Чун ин деҳа бар канори рӯди Зарафшон ҷой дорад, метавон онро Рӯдбор номид.
Пушти қӯрғонро Пуштакӯҳ номидан дуруст нест, зеро “пуштакӯҳ” исми омм аст ва дар ҷуғрофиё барои номидани сарзамине ба кор меравад, ки пасту ноҳамвор бошад. Агар он деҳа дар пушти кӯҳе ҷой дошта бошад, мешавад онро Пуштикӯҳ номид. Вале чунин ҷойноме дар Дарвоз ҳам дорем. Барои Пушти қӯрғон бояд дигар ном ёфт.
Дар ҷамоати Саразм Авазалиро хостаанд Шоҳгузар биноманд. Агар Шоҳгузар номи пешини он деҳ бошад, дубора расмӣ карданаш айни савоб аст, аммо агар ҳаргиз шоҳе аз он деҳ гузар накарда бошад, чунин номиданаш дуруст нест. Куллан бояд аз корбурди вожаҳои шоҳу амиру вазиру дигар унвонҳо дар ҷойномсозӣ дар кишвари ҷумҳурӣ парҳез кард. Аз ин рӯ, Шоҳканд номидани Соҳибназарро ҳам дуруст намешуморам. Пештар ҳам хоста буданд Чкаловскро Шоҳкант биноманд, ки пешниҳодашон нагузашт ва он шаҳрро Бӯстон номиданд, ки беҳуда коре шуд. Дар Тоҷикистон 41 шаҳру деҳу макон Гулистон ном дорад, ки гувоҳ бар коршинос набудани маҷлиснишинҳои тоҷик аст.
Аммо номгардонии деҳаи Абдусамад ба Самадобод ва деҳаи Раҷабалӣ ба Раҷабобод дуруст аст. Ин ду ҷойном дуруст сохта шудаанд.
Дар ноҳияи Зафаробод маҳаллаи Ҳамид Алиев ба Суғдиён номгардон шуда, ки бад коре аст, зеро 8 ҷой ин номро дорад. Ҳамчунин деҳаи Ҷомиро Сомониён номидан ҳам дуруст нест, зеро аз ин ҷойном низ 8-то ҳамин акнун дорем. Куллан аз корбурди номи Сомонӣ ва Сомониён дар номгузории деҳу рустоҳо ва ҳар гуна нуқтаи маскунӣ ё номаскунӣ бояд парҳез кард. Сомониён хушномтарин фармонравоён дар таърихи тоҷикон буданд, вале дар паи номгардониҳои беҳуда бадном шуданд.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров деҳаҳои Котмаи ҷамоати Ғозиён номи Шоҳиён, Хилватқӯрғони ҷамоати Ёва – Қалъаманор, Аждарлии ҷамоати Исмоил – Ориён, Янгуқӯрғони ҷамоати Ҳайдар Усмонов – Деҳсор ва Қӯрғонча номи Куҳандеҳро гирифт. Ин ҷойномҳо низ чандон муносиб нестанд. Шоҳиёну Ориён ҳарчанд дар пайравӣ аз Қубодиёну Сомониён сохта шудаанд, вале далелу мисдоқ надоранд. Қалъаманор калламанорро мемонад ва хушоҳанг нест. Деҳсор низ ноҳанҷор аст. Пасванди -сор бар макон далолат дорад ва кӯҳсору яхсору чашмасор бо он сохта шудаанд, ки бар бисёр будани кӯҳу яху чашма дар маконе далолат мекунанд. Аммо аз “деҳсор” чунин маъние ҳосил намешавад. Янгиқӯрғонро метавон Навдиз ва Қӯрғончаро Дизак номид. Диз гунае дигар аз диж аст.
Дар ноҳияи Ашт деҳаи Сарқамиши ҷамоати Ифтихор ба Сарсабз ва деҳаи Қароқазони ҷамоати Меҳробод ба Чоҳи Исфаҳон табдили ном карданд. Сарқамиш ҷойноме туркӣ аст ва қоидатан бояд Сариқамиш бошад, ки “сарӣ” дар он “зард” ва “қамиш” ҳамон “най” аст. Аз ин рӯ, метавон онро Найзор ё Найистон номид, ки ҳаргуна маконеро номанд, ки най дар он бисёр рӯяд. Қароқазонро Чоҳи Исфаҳон номидан дуруст аст.
Аз Маҷлиси миллӣ дархост мешавад, ки ҷойномҳои пешниҳодиро бознигарӣ карда ва мавридҳои такрориро радд кунад ва ҷойномҳои номуносибро бо пешниҳодҳои муносиб ҷойгузин кунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров
Газ аз поруи чорво: биодайджестерҳо дар Тоҷикистон мушкили мардумро осон мекунанд
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Даромади операторони хусусии алоқа дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд
Қонунӣ шуд. Додрас шудан мехоҳӣ? Забони хориҷӣ омӯз!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста