Дар шаҳрдории Душанбе хабар доданд, ки тамрини раҳпаймоӣ ё худ “маршировка”-и донишҷӯён ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолият бо шумораи кам идома дошта, онҳо дар бораи боздоштани он ҳоло дастур нагирифтаанд.
“Маршировка дар пойтахт ба муносибати 30-солагии ҷашни Истиқлолият бо шумори кам идома дорад. Айни замон дар он зиёда аз 7 ҳазор нафар донишҷӯён (қаблан 15 ҳазор зикр шуда буд – Идора) иштирок доранд. Дар он ҳамаи тадбирҳои эҳтиётӣ риоя мешавад. Ҳар рӯз ба донишҷӯён бепул маҳлули антисептикӣ ва ниқоб дода шуда, онҳо бо оби нӯшокӣ таъмин карда мешаванд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” Нуралӣ Шоҳиён, сардори Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе.
Ба гуфтаи ӯ, тамринҳои раҳпаймоӣ ҳар рӯз аз соати 6 то 10-и субҳ гузаронида мешавад.
“Маршировкаҳо дар якчанд қисмати шаҳр мегузаранд. Донишҷӯён дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, варзишгоҳи “Локомотив”, майдони варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва дигар ҷойҳо машқу тамрин мекунанд”, - хабар дод ӯ.
Номбурда зикр кард, ки ҳоло ба онҳо дар бораи боздоштани машқу тамринҳо дастур нарасидааст. Дар ҳамин ҳол, Шоҳиён бо итминон изҳор дошт, ки донишҷӯён масофаи иҷтимоӣ ва реҷаи ниқобпӯширо риоя мекунанд.
“Агар ба мо бовоар надошта бошед, биёед, худатон бинед”, - Шоҳиён.
Дар Вазоратимаориф ва илм қаблан ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки алҳол маълум нест, ки “маршировкаҳо” барқарор мешаванд ё не.
Дар Вазорат шарҳ доданд, ки қарори боздоштан ё баргузории “маршировка” вобаста ба вазъи эпидемиологӣ аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус қабул мешавад.
Ёдрас мекунем, ки тибқи нақша ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ намоишномаи театришуда ва роҳпаймоии идона дар хиёбони Рӯдакӣ омода мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.