Карим Ҳайдаров, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, рӯзи 6-уми июл, дар 86-солагӣ аз бемории монанд ба коронавирус даргузаштааст. Дар ин бора ба “Азия плюс” аз Академияи миллии илмҳои кишвар ва ҳамкорони марҳум хабар доданд.
Торнамои расмии АМИТ марги Карим Ҳайдаровро яке аз талафотҳои бузург дар илми тоҷик, махсусан, дар соҳаи фармакология маънидод кардааст.
Ба гуфтаи як ҳамкори марҳум, академик чанд рӯзи охир дар яке аз бемористонҳои шаҳри Душанбе бо нишонаҳои монанад ба коронавирус бистарӣ шуда буд.
Манбаъ гуфт, писару ҳамсарашон ҳам ҳамроҳашон дар беморхона бистарӣ буданд ва эҳтимол аст, ҳамаи онҳо аз бемории коронавирус ранҷ мекашиданд.
Ӯ аз қавли наздикони марҳум гуфт, ки ҳоло вазъи ҳамсару писарашон муътадил аст.
Карим Ҳайдаров соли 1934 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст. Соли 1959 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст. Фаъолияташро ҳамчун сардухтур дар беморхонаии ноҳиявии шаҳри Норак оғоз намуда, соли 1964 рисолаи номзадии худро дар мавзуи “Омӯзиши қиёсии фармакологии «Триакантин» ва “Папаверин” дифоъ" кардааст.
Ӯ соли 1972 доктори тиб ва соли 1982 профессори ин ришта шуда буд. Солҳои 1991-1995 Раиси Кумитаи фармакологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон солиёни зиёд дар кафедраи фармакологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба унвони профессор ба донишҷӯён сабақ додааст.
Ихтирои ӯ доруҳои «Тимогар» ва «Тимотсин» аст, ки барои муолиҷаи бемориҳои ҷигар, роҳи меъдаю рӯдаҳо, узвҳои такягоҳ истифода мешаванд. Ӯро ҳамчун асосгузори мактаби фармакологҳо дар соҳаи синтези химиявӣ ва пайвастҳои табиӣ медонанд.
Академики марҳум соли 2020 ҷоизаи Ибни Синоро аз Академияи улум дарёфт карда буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Кумитаи бехатарии озуқаворӣ сабаби манъи воридоти чорво ва баъзе маҳсулоти чорводориро аз Тоҷикистон ба Русия шарҳ дод
“Иқлими номусоид ва фиреби соҳибкорон”: Раиси Мастчоҳ ду сабаби иҷро нашуднии нақшаи ҷамъоварии пахтаро гуфт
Бонки олмонӣ ба Тоҷикистон дар таъмиру навсозии беморхонаҳо кумак мекунад
Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон гуфт, соли равон ба чанд кишвари дигар хатсайрҳои нав боз мекунад
Поёни баҳси даҳсола. "Tajik Air" ба ширкати “SkyRoad Leasing”-и Литва $2 млн пардохт мекунад
Қитъаи роҳи Қалъаи Хумб то Рӯшон "як сол пеш аз муҳлат" ба истифода дода мешавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи ҳуфта ва танбеҳи маъшуқ”
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар дохил зиёд шуда, воридоти он ҳам афзудааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 январи соли 2025
Эрон раводидро пурра лағв кардааст. Акнун навбати Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста