Раҷаббой Аҳмадзода раиси Суғд, дар нишасти хабарии имрӯзи ҳукумати вилоят эълом кард, ки дар хонаву беморхонаҳои ин вилоят дар умум 834 нафар беморони коронавирус бистарӣ ва зери табобати духтурон қарор доранд. Вай гуфт, ки аз субҳи имрӯз бори нахуст коҳиши сироятёбӣ ба ин бемориро ба қайд гирифтаанд.
Аммо раиси вилоят, аз омори фавтидаҳо аз коронавирус дар Суғд чизе нагуфт.
Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, дар беморхонаҳои ҳудуди вилоят 349 нафар беморон бистарӣ буда, дар хонаҳо низ 485 нафар беморон дар ҳолати сабук табобат мегиранд.
Ба гуфтаи раиси Суғд, субҳи имрӯз, бино ба маълумоти оморӣ, дар вилоят коҳиши сироятёбӣ ба коронавирус бори нахуст сабти ном шудааст
“Маълумоте, ки имрӯз ба ман аз Раёсати тандурустии вилоят дастрас шуд, аз субҳи имрӯз камтар динамикаи поёнравии воридшавии беморон ба беморхона ва ҳам камшавии беморон дар дохили маҳаллаҳо ба қайд гирифтем. Бисёриҳое, ки фавтида истодаанд, тибқи хулосае, ки табибон пешниҳод карда истодаанд, асосан беморони ишимияи дил ё диабети қанддоштаҳоро ин вирус таъсири ҷиддӣ мерасонад”.
Дар ҳамин ҳол Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд гуфт, дар Бемористони клиникавии вилоятӣ 110 кас, дар бемористони марказии ҷамоати Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 49 ва дар Бемористони сироятии шаҳри Хуҷанд 71 бемор бистарӣ мебошанд.
Аммо ӯ дар мавриди марг аз коронавирус чизе нагуфт, ки аз оғози эъломи дигарбораи ин беморӣ аз санаи 21-уми июн то имрӯз чанд кас қурбони коронавирус ё илтиҳоби шуш шудаанд.
Мақомоти вилояти Суғд мегӯяд, ҳоло се беморхонаи касалиҳои сироятӣ бо 1030 рахти хоб фаъолият дорад ва ба гуфтаи Раҷаббой Аҳмадзода иловатан, боз 1700 кати захиравии карантинӣ омода шудааст. Дар 21 муассисаи нигаҳдошти тандурустӣ низ 5100 рахт барои ҳолатҳои зарурии фаврӣ омода мебошад.
Ӯ илова кард, ки ба маблағи 3 миллион сомонӣ дар беморхонаҳо оксиген ва доруворӣ харидорӣ шуда, ройгон тақсим карда шудааст. “Дирӯз аз ҳисоби буҷети вилоят, боз мо маблағҳои иловагӣ ҷудо намудем. Он оилаҳое, ки имрӯз эҳтиёҷманд ҳастанд дар хонаҳо табобат гирифта истодаанд, суроға ба суроға ёрдам карда истодаем.”-гуфт раиси вилояти Суғд.
Бино ба иттилои мақомот, дар марҳилаи якум ба вилояти Суғд зиёда аз 32 ҳазор воя воксини “Астразенека” ворид шуда буд ва асосан кормандони соҳаи тандурустӣ, маориф ва гурӯҳе аз аҳолӣ ва кормандони сохторҳои дигар воксин зада шуданд.
Раҷаббой Аҳмадзода афзуд, боз 40 ҳазор воксини “Астразенека” ворид мешавад ва нафароне, ки дар марҳилаи аввал аз он воксин зада шуда буданд, истифода мебаранд. Вай афзуд аҳолии боқимонда аз воксинаи "Модерна"-и истеҳсоли Амрико, ки ба Тоҷикистон ворид шуд, ройгон воксин зада мешаванд.
Раиси вилояти Суғд мегӯяд, ӯ ба тозагӣ дастур додааст, ки аз ҳисоби фонди раиси вилоят барои духтуроне, ки дар шароити сахту сангин барои табобати беморони коронавирус кор мекунанд, маблағ ҷудо шаваду ёрӣ расонанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 декабри соли 2024
Кӯчаҳои камодам, сокинони ҳаросон, посбонӣ дар гирди гулхан. Гузориш аз як деҳаи Конибодом, ки дар як шаб 4 касро куштанд
Фавти 2 кӯдак аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар Шаҳристон
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар раиси ҲХДТ интихоб шуд. Ба вазифаи муовинони ӯ киҳо интихоб шуданд?
Мошинро аз дарё берун оварданд, вале ҷасадҳо нест. Ҷустуҷӯи ҷасади ронанда ва 2 мусофир идома дорад
Муҳокима дигарбора оғоз шуд. Манобеъ мегӯянд, “ба эҳтимоли зиёд то охири сол ҳукми чеҳраҳои шинохтаи боздоштшуда содир мешавад”
Даргузашти "Суқрот"-и тоҷик дар Душанбе
Тоҷикистон даъват кард, ки дар пасманзари биёбоншавии ҷаҳонӣ пиряхҳо ҳифз шаванд
“Беҳтарин ҳамсар” ва “Беҳтарин оилаи ҳунарманд”-и Тоҷикистон маълум шуд. Онҳо кистанд ва чӣ гуна ғолиб шуданд?
Боздошти як шаҳрванди Ӯзбекистон бо гумони даст доштан дар куштори генерали рус Игор Кириллов
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста