Рӯзҳои 11-12 сентябри соли ҷорӣ аксари минтақаҳои Тоҷикистонро чангу ғубор фаро мегирад. Ғайр аз ин, суръати вазидани шамол то 15-20 м/сония мерасад, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Чангбоде, ки аз самти ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ ба кишвар ворид мегардад, вилояти Хатлон, хусусан шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Данғара, Ёвон, Восеъ, Панҷ, Фархор, Дустӣ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ: Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода ва Рӯдакиро фаро мегирад.
Гуфта мешавад, бо сабабҳои омилҳои метеорологӣ баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера аз моддаҳои муаллақ (чанг) ва зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10), Рм-2,5 (заррачаҳои андозаашон 2,5мкр) дар назар аст.
Агентӣ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки аз сайругашти бисёри рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт, минтақаҳои камшамол, инчунин корҳои саҳроӣ, сохтмонӣ ва сафар намудан худдорӣ намоянд.
Таъкид мешавад, ки шароити мазкур ба кӯдакон, пиронсолон, занҳои ҳомила, беморони диққи нафас ва қалб таъсири манфӣ дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 декабри соли 2025
“Моро дуруст фаҳмед”, “Бахилӣ накунед” ё “Вазирони қатор аз паси президент”. Нуктаҳои муҳим ва берун аз матни паёми имсола
Ҷавоне, ки баъди рад кардани хостгорӣ, ба куштори дӯстдухтараш муттаҳам буд, 24 сол равонаи зиндон шудааст
Суҳроб Нуралӣ ба ҷои Шоҳин Самадӣ сухангӯи ВКХ таъин шуд
Тоҷикистон кай расман ба Созмони ҷаҳонии бокс шомил мешавад?
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2026 аз 15 то 25% зиёд мешавад
“Моро дуруст фаҳмед”. Муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва ваъдаи поёни маҳдудияти интиқоли барқ дар соли 2027
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Дар пайи мушкили таъмини барқ, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мехарад
Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста