Бунёди амрикоии «Americares» дар якҷогӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барои гурезагон ва паноҳандагони афғон дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1,2 млн доллари америкоӣ маводи тиббӣ додаст. Дар ин бора Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар хабар медиҳад.
Манбаъ мегӯяд, ин мавод тавассути Ташкилоти ҷамъиятии Авасто“ ба Тоҷикистон оварда шуда, шурӯъ, аз моҳи январи соли 2022 он ба гурезагон ва паноҳандагони афғон дастрас мегардад.
“Маводи тиббӣ фарогирӣ 60 номгӯй, аз қабили доруворӣо, андитеприсант, маводи дӯхт, сӯзандоруҳои андозашон ҳаҷмҳои гуногун, бандажҳои эластикӣ, тоскулоҳҳои муҳофизатӣ, маводи муҳофизатӣ аз нурҳои рентгенӣ, маҷмӯъ барои гирифтани хун ва ғайраҳо мебошанд”, - мегӯяд манбаъ.
Роҳбари Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Баҳодур Қурбониён дар маросими тақдими мавод зикр намуд, ки имрӯз Афғонистон, мутаассифона, гирифтори буҳрони амиқи сиёсӣ ва гуманитарӣ мебошад, ки метавонад оқибатҳои ҷиддии дарозмуддатро ба бор оварад.
Дар маросими тақдими маводи тиббӣ Баҳодур Қурбониён, муовини Раиси ҲХДТ Хайриниссо Юсуфӣ, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳири Ағбар, муовини Раиси ТҶХ «Авасто» Ҳилола Қаҳҳорова, намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок карданд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.





Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста