Як бинои истиқоматии сеошёна дар маркази шаҳри Душанбе, ки дар он ҳанӯз одамон зиндагӣ доранд, тахриб шуда истодааст.

Дар хонаи воқеъ дар кӯчаи Лоҳутӣ 8/6 (мавзеи собиқ “Зелёний бозор”) ҳудуди 50 манзил ҷойгир буда, 10 нафар аз соҳибмулкон то ҳол бо бинокорон ба созиш нарасида, ҳоло ҳам аз хонаҳои худ нарафтаанд, ҳарчанд дигар хонаҳои ин биноро вайрон карда истодаанд.

Мутобиқи қарори ҳукумати шаҳр, сохтмончиён бояд бо сокинони бино созиш ҳосил намуда, онҳоро ба ҷойи дигар кӯчонанд. То ин вақт тахриби хона мумкин нест.  Ҳамаи хонаҳои паҳлӯ ва ҳамсояҳо, ки бо бинокорон ба созиш расидаву манзилашонро тарк кардаанд, тахриб мешаванд.

Якез аз соҳибмулконе, ки манзилашро тарк карданӣ несту бо бинокорон ба мувофиқа нарасидааст, Раҳима Набиева мебошад. Ӯ даҳҳо сол дар мақомоти умури дохила кор карда, рутбааш подполковник аст.

Миёни сокинони норозӣ инчунин омӯзгори мактаби олӣ, нафақахӯр, ки ба сафиати муҳандис-лоиҳакаш кор кардааст ва дигар намояндагони зиёиёни ҳақиқӣ, ки барои рушди кишвар саҳми беандоза гузоштаанд, ҳузур доранд. Гузориши видеоии мо доир ба шароити зист ва рӯзгори сокинони ин бинои садамавӣ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.