Қадами Қурбон, овозхони маъруфи маҳаллихон дар минтақаи Кӯлоб ва яке аз писандидатарин овозхонҳои ҷавонон дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ беш аз 4 моҳ аст, ки бемор аст ва барои табобат ба маблағ ниёз дорад. Дар ин бора ҳамсари овозхон Ҷонона Шамсиддинова дар як суҳбати телефонӣ ба «Азия-Плюс» хабар дод.

Ба гуфтаи вай, овозхон беш аз панҷ моҳ аст, ки бемор аст, аммо табибон бемории ӯро мушаххас накардаанд, зеро ташхисҳо нишон медиҳад, ки ӯ ҳеч бемории ҷиддие надорад. Ба гуфтаи ҳамсараш, онҳо тақрибан ба ҳама беморхонаҳои Душанбе рафтаанд, вале табибон дар муайян кардани дарди ҳамсараш оҷиз мондаанд.

Аммо ба гуфтаи ӯ, яке аз пизишкон ба онҳо тавсия додааст, ки ӯро барои муолиҷа ба хориҷа баранд, то бемории шавҳарашро ташхис ва муайян кунанд. Вале ӯ мегӯяд, ки онҳо барои ин кор пул надоранд.

“Барои ба хориҷа бурдан, ташхис ва табобат пули зиёд лозим аст, ки мо онро надорем. Мо ҳатто барои доруворӣ пул надорем. Намедонем чӣ беморӣ аст, ки шавҳарамро ин қадар азоб медиҳад. Ин беморӣ якбора хуруҷ мекунад ва дар як шабонарӯз 8-9 соат давом мекунад, ӯ  бо азобе тоб меорад ва боз дард рафъ мешавад. Ин аҳвол 5 моҳ боз давом дорад»,-мегӯяд ҳамсари овозхон.

Худи Қадами Қурбон дар як наворе, ки аз сӯйи бархе блогерон дар хонаи духтараш дар ноҳияи Восеъ сабт шудааст, мегӯяд, ки дард дар қисмати гурдаи росташ аст ва хеле дарди ҷонкоҳе аст, ки ӯро бистарӣ кардааст.


Ҷонона Шамсиддинова аз он шикоят кард, ки дар ин панҷ моҳи бемории шавҳараш касе аз дӯстони ӯ ба хонаводаи онҳо ёрие накардааст ва ҳато боре ҳам телефону ҳолпурсӣ накардаанд.

Ҳамсари Қадами Қурбон афзуд, барои онҳо бемор будани шавҳараш хеле мушкил аст, зеро хонаводаро худи ӯ таъмин мекунад. Ӯ аз мухлисони ҳамсараш хоҳиш дорад, ки ба шавҳараш ёрӣ расонанд, зеро онҳо 6 фарзанд доранду мехоҳад Қадам болои сари онҳо бошад.

Блогнавис Қурбон Неъматов дар саҳифаи худ дар Ютуб видеоеро нашр кардааст, ки гуруҳе аз блогнависон ба хонаи духтари овозхон ташриф овардаанд. Қадами Қурбон дар ин навор дар бораи бемориаш нақл мекунад ва аз мардуми хайрхоҳ хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳои мушкил ӯро танҳо нагузоранд.

Овозхон ҳам дар ин видео аз дӯстонаш, ки ба иқрори худи ӯ ҳатто “калкулятор дар ҳисоб кардани онҳо сардаргум мешуд”, шикоят мекунад, ки ҳатто боре барояш занг намезананд.

Ҳамсари овозхон дар суҳбати имрӯз ба “Азия-Плюс” гуфт, ки пас аз нашри видеои дирӯза, мардум ба ёрии ҳамсараш шитофтаанд ва онҳо табобатро дар рӯзҳои наздик дигарбора оғоз мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи феврали соли 2021 Қадам Қурбон ба «Азия-Плюс» гуфта буд, ки чаҳор моҳ боз ба як бемории номаълуме гирифтор будааст, ки ӯро то дами марг бурдааст.

Ин овозхони тоҷик гуфта буд, ки  тӯли чор моҳ бемории барояш номаълум ӯро азият медод, ки ҳеҷ доруву табибе натавонистааст дардашро даво бахшад. Ӯ гуфт, баъди муолиҷаҳои тӯлонӣ 15 рӯз барои дақиқ намудани беморӣ дар беморхонаи «Мадади Акбар»-и шаҳри Душанбе бистарӣ шуда, табобат гирифтааст.

«Ягон дору даво накард, 15 рӯз дар беморхонаи «Мадади Акбар» бистарӣ будам, гуфтанд, ки бемории меъда дорам. Аммо ман аз дарди меъда азият намекашидам ва шикояте надоштам», - гуфта буд овозхон.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.