Дар Тоҷикистон 5 млн 30 ҳазор нафар ё беш аз 94 дарсади аҳолӣ бар зидди бемории COVID-19 ваксина зада шуданд.
Дар ин бора ба «Азия-Плюс» рӯзи 19 июл аз Вазорати тандурустӣ хабар доданд ва гуфтанд, ки то ин давра воя (доза)-и дуюми ваксинаро 5 млн 17 ҳазор нафар ё беш аз 92 дарсади аҳолӣ гирифтаанд.
- Ҳамзамон вояи сеюми ваксинаро 4 млн 4 ҳазор нафар ё 70 дарсади аҳолӣ қабул карданд. Дар ҳолати пайдо гардидани зарурат, захираҳои ваксина шумурда шуда, шаҳрвандон бо вояи чоруми ваксина низ фаро гирифта мешавад, - гуфтанд аз ин ниҳод.
Бояд гуфт, ки ба Тоҷикистон то имрӯз 15 млн 157 ҳазор воя ваксинаи зидди бемории коронавирус ворид шудааст.
Аз вазорати тандурустӣ, инчунин гуфтанд, ки гарчанде дар ҷумҳурӣ ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, вале дар робита ба он ки дар кишварҳои ҳамсоя хуруҷи дубораи он авҷ гирифтааст, сокиноне, ки бар зидди бемории коронавирус ваксина нагирфтаанд, ба муассисаҳои тиббии ҷойи зисти худ барои ваксиназанӣ муроҷиат намоянд.
Қаблан, дар вазорат гуфта буданд, ки дар робита ба афзоиши ҳолатҳои сироят аз коронавирус дар кишварҳои ҳамсоя, санҷишҳоро дар ин самт дар сарҳад ва фурудгоҳҳо пурзӯр мекунанд. Мусофироне, ки тариқи роҳи ҳавоӣ ё заминӣ сафар мекунанд, бояд бо худ гувоҳнома (сертификат)-и ваксина зидди коронавирусро дошта бошанд.
“Ғайр аз ин, ҳарорат санҷида мешавад ва агар он баланд бошад, тести коронавирус гирифта шуда, танҳо пас аз маълум шудани натиҷаи тест чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Маълумоти шахс ба дармонгоҳи маҳалли зист фиристода шуда, ӯ зери муоинаи табибон қарор мегирад. Меҳмонони кишвар - ба дармонгоҳи макони иқомат (хонаи иҷора, меҳмонхона) фиристода мешаванд”, - гуфтанд дар ин ниҳод.
“Сиёсатмадор барои худ - на, барои миллат кор мекунад...” Нигоҳе ба 101-соли Низорамо Зарифова
Як ҳафта танаффус. Дастикам 30 нафар алайҳи чеҳраҳои боздоштшуда шаҳодат додаанд
Чӣ гуна чангу ғубор ба пиряхҳои Тоҷикистон таъсир мерасонанд?
Ҳайати ҳукумати “Толибон” дар Ӯзбекистон. Онҳо аз Самарқанду Бухоро дидан кардаанд
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Мусодираи беш аз 21 ҳазор маводи тарфгарӣ дар Суғд
Якбора 3 размикори тоҷик соли 2025-ро бо рақобатҳои нав оғоз мекунанд. Ҳарифонашон кистанд?
Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”
"Боим" дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ кист?
Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд
Ашёи муҳим барои саноати ҳарбӣ. Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма метавонад пешсаф шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста