Соли равон 126 нафар шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба як кишвари аврупоӣ - Британияи Кабир сафарбар шуданд.
Дар ин бора имрӯз, 26 июл зимни нишасти матбуотӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Ширин Амонзода хабар дод.
Ба гуфтаи вазир меҳнат, боз 200 нафари дигар интизори гирифтани раводиди ин кишвар ҳастанд.
Ширин Амонзода гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон дар Британия асосан дар корҳои мавсимии гармхонаҳо кор мекунанд.
Мақомот мегӯянд, талош доранд теъдоди кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирони тоҷикро зиёд кунанд.
Ба гуфтаи ӯ, феълан 90 дарсади муҳоҷирон барои кор ба Русия ва 5 дарсад ба Қазоқистон мераванд.
Зикр шуд, ки дар шаш моҳи соли равон 322 ҳазору 68 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки нисбат ба ҳаиин давраи соли гузашта 2 маротиба зиёд мебошад.
Ҳамин тариқ, дар ин давра аз хориҷи кишвар 240 ҳазору 596 муҳоҷири меҳнатӣ ба ватан баргаштанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,5 маротиба зиёд мебошад.
Қаблан дар Вазорати меҳнат хабар дода буданд, ки ширкати бритониёӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кори мавсимӣ ба ин кишвар даъват кардааст ва то ҳол ҳудуди 1 ҳазор нафар дархост додаанд, вале баъди имтиҳони забони англисӣ ҳудуди 250 нафари онҳо (ҳамон вақт) пазируфта ва интизори даъвати кор ҳастанд.
“Талаботи ширкат танҳо як аст: донистани забони англисӣ дар сатҳи муошират. Дар Бритониё онҳо дар як рӯз то ҳашт соат кор мекунанд ва барои ҳар соат кор то 12 доллар мегиранд. Дар як моҳ ҳудуди 1,5-2 ҳазор фунт стерлинг кор мекунанд. Муҳлати шартномаи кор шаш моҳ аст. Баъди шаш моҳ муҳоҷири тоҷик бояд ба ватан баргардад, - гуфта буданд дар Вазорат.





Медали тиллои таэквондочии тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалӣ дар Беларус
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 43
Грантҳои президентӣ барои занони ҳунарманд. Ба куҷо бояд муроҷиат кард ва кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
“Беш аз 180 ҳазор ҷой намерасад”. Муовини вазири маориф як мушкили гузаштан ба низоми таҳсили дувоздаҳсоларо шарҳ дод
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 марти соли 2026
Идомаи ҳамлаҳои шадид ба Теҳрону Тел-Авив ва изҳороти ду тараф дар бораи поёни ҷанг. Шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Дар 31 муассисаи Тоҷикистон хонандагон дар се баст таҳсил мекардаанд
Чин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 9 иншооти сарҳадӣ месозад
Сарфи назар аз афзоиши содирот, касри тавозуни савдои Тоҷикистон зиёд шудааст
“Намоде аз вафодорӣ ба пешаи интихобкардааш”. Тоҷинисо Саидоваро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста