Масъулини Маркази миллии тестӣ (ММТ), ягона ниҳоди танзимкунандаи имтиҳонҳои дохилшавӣ дар кишвар бамаротиб кам шудани шумори довталабон ба донишгоҳҳои кишварро таваҷҷуҳи бештари ҷавонон барои таҳсил дар хориҷи кишвар унвон карданд.
Сабзалӣ Ҷаъфарзода, роҳбари Маркази миллии тестӣ зимни нишасти матбуотии имрӯза гуфт, воқеан динамикаи бақайдгирии довталабон дар се соли ахир дар ҳоли камшавӣ аст ва агар соли 2020 теъдоди довталабон ба донишгоҳҳои кишвар бештар аз 100 ҳазор нафар буд, пас имсол ин шумора то 82 ҳазор камтар шудааст.
Ӯ яке аз сабабҳои камшавии довталабонро дар соли равон назар ба ду сол пеш бозшавии сарҳадҳо унвон кард, ки донишҷӯён тавонистанд ба хориҷ рафта таҳсил кунанд.
- Мо фикр мекунем, ки соли 2020 соли пандемия буд ва роҳҳо баста буданд, бисёр нафарон ба муассисаҳои таълимии дохили кишвар таваҷҷуҳ карданд. Солҳои 2021 ва 2022 ин теъдод камтар шуд ва мо албатта, кӯшиш мекунем, ки омилҳои ба ин рақамҳо оварда расонида ва сабабҳои субъективӣ ва объективии онро муайян кунем. Лекин барои инро дақиқ муайян кардан назарпурсӣ анҷом додан лозим аст. Алҳол бо анҷоми марҳилаи имтиҳони маркази тестӣ мо нақша дорем, як назарпурсӣ кунем, - гуфт роҳбари Маркази миллии тестӣ.
Дар ҳамин ҳол, Абдулбосит Шодиниё, муовини роҳбари ММТ дар шарҳи сабабҳои кам шудани шумораи довталабон гуфт, “шояд яке аз омилҳо бартарӣ додани қисме аз довталабон барои таҳсил дар хориҷи кишвар бошад”.
Зимнан раҳбарияти Маркази миллии тестӣ иддаои бархе аз коршиносонро дар бораи он ки кам шудани довталабон натиҷаи қонуни нави даъват ба артиш мебошад, рад ё тасдиқ накарданд ва гуфтанд, ки “ин нуқтаи назари ниҳодҳое аст, ки ба соҳаи маориф тааалуқ дорад ва барои инро дақиқ кардан назарпурсӣ гузаронидан лозим аст”.
Гузоришҳои нави Маркази миллӣ тестӣ нишон медиҳад, ки дар се соли ахир асосан шумораи довталабони писар дар донишгоҳҳо кам шудааст. Онҳо гуфтанд, агар соли 2020 қариб 57 дарсади довталабон писарҳо буданд, пас имсол ин теъдод ба 53 дарсад кам шуд.
Қонуни нави хидмат дар артиши Тоҷикистон дар аввали соли 2021 қабул шуд. Бар асоси он донишҷӯёне, ки дар кафедраи ҳарбӣ таҳсил мекунанд, бояд як сол хидмат кунанд ва муҳассилони риштаи магистратура ва докторантура ҳаққи ба таъхир гузоштани хидматро надоранд. Пештар донишҷӯёни шаш донишгоҳи калонтарини кишвар баъди хатми кафедраи ҳарбӣ соҳиби билети ҳарбӣ мешуданд. Онҳое, ки дар риштаи магистратура ва аспирантура таҳсил мекарданд, дар вақти таҳсил аз хидмат дар артиш озод буданд. Вале ин қонун чунин имконотро аз онҳо “рабуд”
Маҳз қабули ин қонунро бархе аз коршиносон омили коҳиши довталабон ба донишгоҳҳо медонанд. Чунки пеш аз ин, дар донишгоҳҳо кафедраҳои ҳарбӣ амал мекард ва бештари донишҷӯён барои озод шудан аз артиш ва ҳамчунин, гирифтани маълумот ба донишгоҳҳо дохил мешуданд.
Аз ҷумла, моҳи январи соли равон Абдураҳмон Қурбонов, як корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди президент аз қонуни нави даъват ба артиш интиқод карда гуфта буд, ин қонун метавонад барои соҳаи маориф ва илм оқибатҳои пешгӯинашаванда ва фалокатбор биёрад.
Ӯ афзуда буд, ки ба таври назаррас кам шудани теъдоди довталабони таҳсил дар мактабҳои олӣ натиҷаи қабули қонуни нави даъват ба артиш аст.
“Қабул гардидани қонуни мазкур ба низоми мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ таъсири ҷиддии манфӣ расонд. Аввалан бо қабул гардидани ин қонун сатҳи нуфуз ва эътибори мактаби олӣ, майлу хоҳиши ҷавонон барои таҳсил дар ин муассисаҳо коҳиш ёфт, - гуфта буд Абдураҳмон Қурбонов.
Дар ҳамин ҳол, Икром Субҳонзода, директори Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф дар нишасти матбуотӣ, рӯғзи 2 август гуфт, кам шудани теъдоди донишҷӯён паёмадҳои манфӣ дорад, ки он метавонад ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ зарар расонад”.
Ӯ гуфтааст, коҳиши довталабон метавонад, норасоии кадриро ба бор орад.
Бо вуҷуди интиқодҳо аз қонуни нави даъват ба артиш, масъулони Вазорати дифоъ ва маорифи кишвар бар ин назаранд, ки қонун монеи таҳсили ҷавонон дар донишгоҳҳо намешавад.
Соли равон беш аз 82 ҳазор нафар барои донишҷӯ шудан ҳуҷҷат супоридаанд, ки аз ин 52 ҳазор аздавраи аввал гузашта, донишҷӯ шуданд. Соли 2020-ум 103 ҳазору 777 нафар худро тавассути ММТ ҳамчун довталаб ба қайд гирифта, ҳудуди 70 ҳазор нафар донишҷӯ шуда буданд. Соли 2021 шумораи довталабон 91,5 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Тавофуқ ҳосил шуд. Тоҷикистон дар соли 2025 ҳам ба Афғонистон барқ мефурӯшад
Филми ҳунарии “Фурӯғ” ба синамоҷашнвораи “МО” меравад
Вазири нақлиёти Тоҷикистон хостори барқарор кардани рафтуомад ба Русия тариқи қатораву автобус шудааст
Форуми Digital Tajikistan дар Душанбе зиёда аз 1000 иштирокчиро гирдиҳам овард
Рухсатнома барои боркашонӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон бекор шуд
Вазорати энергетика: 80%-и ҳодисаҳои тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон ба об марбутанд
Эрон низ сафирашро дар Афғонистон нав кард
4 “Шоҳҷоиза” ва беш аз 120 ғолиб. Киҳо соҳиби ҷоизаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” шуданд?
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард
Дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ Тоҷикистон соҳиби 7 медал шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста