Дар муноқишаи ахири марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки аз 14 то 18-уми сентябр идома кард, тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 41 нафар, бино ба ҳисоби расонаҳои кишвар бештар аз 60 нафар сокини Тоҷикистон қурбон шуданд. Ҷониби Қирғизистон расман аз кушта шудани 59 нафар хабар дод.
Қабл аз анҷоми муноқиша, 18-уми сентябр аввал адиби тоҷик Абдуқодири Рустам дар саҳифаи фейсбуки худ ва баъдан Ҳизби демократи Тоҷикистон бо нашри изҳороти Шӯрои сиёсӣ аз ҳукумат хостанд, ки ба ёди қурбониён низои ахири марзӣ, дар ҷумҳурӣ як рӯз мотами миллӣ эълон карда шавад.
Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳеҷ як аъзои он ба ин пешниҳод посухи расмӣ надод ва то ҳол дар кишвар мотами миллӣ ҳам эълон нагардид.
Ин дар ҳоле буд, ки Қирғизистон рӯзи 20-уми сентябр дар кишвари худ, ба хотири 59 қурбониии муноқишаи марзӣ, мотами миллӣ эълон кард.
Давоми 31-соли истиқлоли Тоҷикистон, ки 5 соли аввали он бо ҷанги шаҳрвандӣ сипарӣ гардида, беш аз 150 ҳазор қурбонӣ дар пай гузошт, касе дар хотир надорад, ки рӯзеро мотами миллӣ эълон карда бошанд. Ҳамчунин, рӯзи хосаи қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ низ вуҷуд надорад.
Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, ки бори охир дар Тоҷикистони Шӯравӣ соли 1989 дар робита ба қурбониёни ҳодисаи заминҷунбии Шарора рӯзи мотами миллӣ эълон гардида буд.
"Бузургтарин мотами миллӣ - ҷанги шаҳрвандӣ буд"
Иброҳим Усмонов, собиқ мушовири давлатии президенти Тоҷикистон ва муҳаққиқи соҳаи журналистика, ки чанд сол ба ҳайси идеологи ҳукумат фаъолият кардааст, мегӯяд “бузургтарин мотами миллӣ – ин ҳамон ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992 – 1997 буд”, ки эълон карда нашуд.
“Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ 157 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон қурбон шуданд ва ин бузургтарин мотами миллӣ буд. Аз ин мотами миллӣ ёд намекунем, ягон нишоние надорем, гуфта наметавонем, ки чӣ буду чӣ газашт. Аксарияти мардуми тоҷик фаромӯш кардаанд. Боре даъво ҳам накарданд, ки мотами миллӣ эълон карда шавад. Ҳоло фикр мекунед аз 41 нафар ёд мекунему ба поси хотири инҳо мотам эълон мекунем?”, - мепурсад Иброҳим Усмонов.
Сайфулло Сафаров, собиқ муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон, мегӯяд, “мардуми мамлакат бе ин ҳам сардаргуманд ва мушкилоти зиёде доранд. Ҳаводиси ахири марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ҳамаро ошуфтахотир кардааст. Ҷони қурбониён ҳам бисёр азиз аст ва барои арҷгузориашон ҳукумату мардуми мамлакат ҳама корро анҷом медиҳанд. Аммо, ба назарам, ҳоло мо набояд ба тасмимҳои мегирифтаи ҳукумат дахолат кунем”.
Ин сиёсатшинос аз он андеша мекунад, ки барои эълони мотами миллӣ “оё мо омода ҳастем?”
“Ин ҷо метавонад чанд масъалаи дигар рӯй занад. Аз ҷумла, масъалаи Бадахшон. Ҳукумат ин ҷанбаҳоро ҳам мумкин аст, ки ба назар гирифта бошад”, - таъкид мекунад Сайфулло Сафаров.
Касе намедонад, ҳукумат намегӯяд...
Тавре мушоҳида мешавад, идеологҳои ҳукумат дақиқ наметавонанд посух гӯянд, ки чаро дар Тоҷикистон мотами миллӣ эълон намешавад. Ва ё метавонанд посух гӯянд, аммо бо назардошти ҳассосияти мавзӯъ, намехоҳанд мушаххас гӯянд.
Аз ҳукумати кишвар ҳам касе ҳозир намешавад, ки ба ин савол посухи рӯшан гӯяд.
Абдуқодири Рустам, нафаре, ки пешниҳоди эълони мотами миллӣ кард, низ “дар посухи ин савол оҷиз аст”.
Дар умум, касе посухи дақиқ намедиҳад, ки чаро дар Тоҷикистон ба хотири ёдбуди қурбониён мотам эълон намешавад.
Вақте медонӣ, ки ёдат намекунанд...
Мотами миллӣ барои пос доштани ёди қурбониён эълон карда мешавад. Эълони мотам маънои эҳтиром ба ҳаёти инсон, қадру манзалати ӯ, зикри корномаи ӯро дорад. Яъне, бо эълони мотами миллӣ давлат ва ҷомеа таъкид мекунад, ки нафарони қурбоншуда барои миллати хеш азиз ҳастанд ва дар роҳи рост ва ҳақ ҷон доданд.
Дар тамоми давлатҳои ҷаҳон пас аз қурбонию талафоти зиёд ҳатман мотами миллӣ эълон карда мешавад ва сокинони он маҳал қурбондодаҳои худро ёд мекунанд.
Мегӯянд, рӯзҳои душвор одамонро ба ҳам қаринтар мекунад. Аммо чаро ҳукумати Тоҷикистон ба хотири ёди шаҳрвандони қурбоншудааш, сарбозони дар роҳи ҳифзи Ватан ҷон додааш як рӯзи мотам эълон намекунад?
Мо ҳам натавонистем ба ин савол посух пайдо кунем.
Дар Туркия барои 5 кас бо гумони шарикӣ бо муттаҳамони ҳамла ба “Крокус” то 15 соли зиндон талаб карданд
Шумораи доварони тоҷик, ки бозиҳои байналмилалии футболро ҳакамӣ мекунанд, зиёд шуд
Мусодираи беш аз 1 тонна маводи нашъадор дар натиҷаи амалиёти “Кӯкнор-2024”
Футболбозони тоҷик ба Суперлигаи Ӯзбекистон мераванд: теъдоди онҳо бисёр мешавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Бунёни ошиқ”
Муҳоҷиронро соли 2025 дар Русия чӣ интизор аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2025
“Фишоратон баланд нашавад” ва ё “мо ниёз ба кадрҳо дорем”. Ҳарфҳои берун аз матни паёми Эмомалӣ Раҳмон
Чаро духтари афғонистонӣ, ки аз шавҳараш шикоят мекард, аз Тоҷикистон ихроҷ шуд?
100% бештар аз соли гузашта. Барои баргузории 3 озмун аз фонди президент беш аз 23,5 млн сомонӣ маблағ ҷудо шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста