Шурӯъ аз пагоҳ, 14-уми октябр, дар Душанбе пайвастшавии хонаву иншоот ба маркази гармидиҳӣ оғоз мегардад ва мувофиқи ҷадвал давра ба давра ҳамаи аҳолии шаҳри Душанбе бо гармӣ таъмин мешаванд.
Қиёмиддин Сайфуллоев, сармуҳандиси Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе бо тасдиқи ин хабар ба АМИТ “Ховар” гуфтааст, ки пайвастшавӣ ба маркази гармидиҳӣ пагоҳ аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ оғоз гардида, барои пурра таъмин намудани 4 ноҳияи шаҳри Душанбе бо оби гарм як ҳафта зарур аст.
“Шоҳқубурҳои марказҳои барқу гармдиҳии шаҳри Душанбе аллакай бо об пур карда шудааст. “Марказҳои барқу гармидиҳии № 1 ва 2-и шаҳри Душанбе, дегхонаҳои ғарбию шарқӣ ҳоло пурра омодаи кор мебошанд. Тамоми корҳои таъмирӣ дар таҷҳизоти асосии ёрирасон аллакай ба анҷом расонида шудаанд”,- гуфтааст Сайфуллоев.
Оғози пайвастшавӣ ба маркази гармидиҳӣ дар Душанбе дар ҳолест, ки қаблан Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар дода буд, ки нимаи дуюми моҳи октябр пастшавии ҳарорат ва боридани боронҳои бошиддат дар назар аст.
Дар ҳамин ҳол, Қиёмиддин Сайфуллоев гуфтааст, «пеш аз он ки мо шоҳқубурҳоро бо об пур намоем, аввал ҳар як Муассисаи давлатии шабакаҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва масъулини ҳар ноҳияро хабардор мекунем, ки шаҳрвандонро огоҳ намоянд, то агар нуқтае таъмирталаб бошад, омодагӣ дида, онро дуруст намоянд.
Айни ҳол маълум нест, ки чӣ қадар бинову иншоот ва хонаҳои истиқоматӣ бо маркази гармидиҳӣ пайваст мешаванд. “Азия- Плюс” барои дақиқ намудани он ба ниҳоди масъул мактуб исрол карда, интизори посух аст.
Зимнан, моҳи январи соли 2022 дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии пойтахт раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки зимистони имсол 220 иншооти нав ба низоми гармидиҳии пойтахт пайваст карда шавад.
Дар ҳамин ҳол, соли гузашта аз МД “Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе” ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки дар мавсими гармидиҳии солҳои 2021-2022 дар пойтахти Тоҷикистон бо гармӣ таъмин намудани 2 ҳазору 762 бинову иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2020-ум 251 иншоот зиёдтар аст.
Ин иншоот аз 2 211 бинои истиқоматӣ, 64 муассисаи тиббӣ, 172 мактаб ва кӯдакистон, 315 корхонаву ташкилот иборат аст.
Ҳамагӣ дар ноҳияи Сино ба 1297 иншоот, Шоҳмансур - 512, Исмоили Сомонӣ – 510 ва Фирдавсӣ – ба 443 иншоот гармӣ интиқол дода мешавад.
Ҳамин тариқ, тарофаи гармидиҳии соли гузашта иваз нашуда, барои аҳолӣ 1,18 сомонӣ барои 1 метри мураббаъ бо шумули ААИ, ташкилотҳои буҷетӣ - 98,67 сомонӣ барои 1 Гккали гармӣ (бе назардошти ААИ), барои ҳамаи дигар истеъмолгарон - 113,47 сомонӣ барои 1 Гккали гармӣ (бе назардошти ААИ) муқаррар шудааст.
Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории ҶТ, муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе” ба ҳамаи корҳо дар ин самт то нуқтаи тақсимоти гармӣ (элеватор) ба манзилҳо масъул буда, ба ҳолати коммуникатсияҳои муҳандисӣ дар дохили бино, баргузории корҳои таъмир, ивази шабакаҳои гармидиҳӣ дар дохили биноҳо худи сокинони биноҳо масъуланд.
Тибқи қонун дар бораи нигоҳдории хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ, ки 10 июни соли 2009 тасдиқ шудааст, моликони манзил ӯҳдадоранд, ки ҳамаи шабакаҳои дохили биноро дар ҳолати коршоям нигоҳ дошта, мукаммалии онро вайрон накунанд ва ба интиқоли гармӣ тариқи шабакаи ягонаи хона монеъа эҷод насозанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон интиқоли нерӯи гармӣ танҳо дар шаҳри Душанбе амалӣ гардида, дар ҳамин ҳол, танҳо як қисмати шаҳр бо гармӣ таъмин мешавад.
Мавсими гармидиҳӣ дар Тоҷикистон ҳамасола аз нимаи моҳи ноябр шурӯъ шуда, то нимаи моҳи марти соли оянда давом мекунад. Нерӯи гармӣ дар ду корхона - Маркази барқу гармидиҳи Душанбе” ва “МБГ Душанбе-2” истеҳсол карда мешавад.
Вазорати нақлиёт гуфт, рухсатнома барои убури сарҳад аз Чин дастрас шудааст
Ҳарифи размикори тоҷик Муҳаммад Наимов дар UFC маълум шуд
“Аз 42 кас барои фиристодан ба Арабистони Саудӣ пул гирифтааст”. Боздошти як мард бо гумони қаллобӣ
“Дар кишварҳои истеҳсолкунанда қимат шуд”. Вазорати энергетика сабаби гаронии гази моеъро шарҳ дод, аммо камчинии онро рад кард
Қоҳир Расулзода дар Хатлон муассисаҳои таълимӣ ва иншооти иҷтимоиро боз кард
Тоҷикистон ва Малдив созишномаи бекор кардани раводидро имзо карданд
Охири фасли тирамоҳ дар Тоҷикистон серборону сершамол мешавад
“Серпул, меҳрубон, масъулиятшинос…” Шавҳари идеалӣ аз нигоҳи сокинони Душанбе чӣ гуна аст?
Дар Тоҷикистон ҷувории худӣ намерасад. Барои харидани он миллионҳо сарф мешавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҳомони ҳилагар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста