Ду узви як хонадон, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз хӯриши “икра” заҳролуд шуда буданд, дар бемористон боқӣ монда, ду нафар дигар пас аз беҳбудӣ мураххас шудаанд. Дар ин бора Абдуғаффор Темуров, муовини сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов ба "Азия-Плюс" хабар дод.
Ба иттилои Абдуғаффор Темуров ҳоло Муноҷот Каримова, ки дар шӯъбаи эҳё қарор дошт, пас аз беҳтар шудани вазъи саломатиаш ба шӯъбаи табобатӣ бистарӣ гузаронида шуда, якҷо бо Туйдинисо Зарипова, узви дигари ин хонадон, табобатро идома медиҳанд.
“То он замоне, ки саломатии ин ду нафар боз ҳам беҳтар нагардад, иштиҳояшон хуб нашавад, зери назорат хоҳанд буд”, - гуфт муовини сартабиб.
Саломатии боқимонда 4 узви дигар ин хонадон ҳоло хуб арзёбӣ мегардад ва онҳо аз бемористон рухсат шудаанд.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 11-уми ноябри соли равон, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 8 узви як хонадон аз хӯриши “икра” заҳролуд шуда, пас аз ду рӯзи худдармонӣ, ба бемористон интиқол дода шуданд.
Пас аз 10 рӯзи табобат ду аъзои оила – Муҳаррам Каримова ва Умринисо Каримова фавтидаанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки ҳодисаи саҳролудшавӣ аз маҳсулоти дар шароити хонаомодашуда дар Тоҷикистон зиёд ба чашм мерасад. Аз ҷумла, моҳи октябри соли 2021 дар ноҳияи Темурмалик дар натиҷаи истеъмоли консерва 18 узви як хонавода заҳролуд шуда, 4 нафарашон ба ҳалокат расида буданд.
Ҳамчунин, моҳи августи соли равон бар асари бемории стафилококк доштани 4 нафар ошпази қаҳвахонаи “Одилон” дар маркази шаҳри Исфара 22 нафар заҳролуд шуда буданд. Бактерия дар хӯриш бо иловаи майонез ошкор шудааст.
Интиқоли барқи “Роғун” ба Қазоқистон. Бо кадом шарту шароит амалӣ хоҳад шуд?
Амалиёти “зидди тамбашавӣ” дар роҳҳои Душанбе. Беш аз 1000 нақлиёт ба ҷаримагоҳ интиқол ёфт ва ронандагон ҷарима шуданд
“Мо чизе намедонем”. Мурофиаи дуюми чеҳраҳои шинохта боз дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста баргузор шуд
Муштзани тоҷик дар Чин пирӯзӣ ба даст оварда, мукофотпулии хуб гирифт
Ҳушдор аз гардиши пулҳои қалбакӣ. Бонки миллии Тоҷикистон пайомади пардохт бо “Чиптаи Бонкии Шӯхӣ”-ро шарҳ дод
“Танк”-и тоҷик ба рақобатҳояш дар UFC идома медиҳад
Эмомалӣ Раҳмон дар Истаравшан мактабу корхонаи нав ифтитоҳ кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Сулаймон ва Билқис”
Боздошти як зан дар Хатлон барои химчакӯб кардани набераҳояш
“Сӯхта, нобуд кардем”. Дар Хатлон беш аз 3 тонна доруву маҳсулоти тиббӣ нобуд карда шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста