Хароҷот барои пухтани зеби дастурхони тоҷикон - оши палавро барои 1 оилаи иборат аз 5 нафар ва вобаста ба минтақа ҳисоб кардем.

Барои пухтани оши палав ба 5 нафар чунин миқдор маҳсулот лозим аст: гӯшт (0,5 кг), биринҷ (1 кг), равғани растанӣ (300 гр.), пиёз (0,5 кг), сабзӣ (1 кг).

Гӯштро метавон зиёдтар истифода бурд. Инчунин вобаста ба хоҳиш, дигар маҳсулотро низ ба оши палав илова кардан мумкин аст: нахӯд, лӯбиёгӣ, сирпиёз, тухми бедона, лимӯ, зирк, долма (гӯшти қимаи дар барги ангур печонда). Тавре ки мегӯянд, ин ба иштиҳо ва имкони хароҷот вобаста аст.

Қобили зикр аст, ки нархи маҳсулот барои оши палав дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон фарқ дорад. Аз ин рӯ, маҳсулоти оши паллавро ба ду минтақа - ҷануб ва шимол тақсим кардем.

1/2

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.