Хадамоти алоқа қасд дорад суръати интернетро дар Тоҷикистон беҳтар ва қимати онро коҳиш диҳад. Дар ин бора имрӯз, 30 январ, зимни нишасти хабарӣ муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳом Атоев хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, Хадамоти алоқа қасд дорад дар асоси дастури раисиҷумҳур барои рушди соҳаи иртиботот, таъмини интернети баландсуръат, коҳиши арзиши он ва ҷалби сармоягузорон ба ин соҳа бо ин масъала машғул шавад.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон аз сифат ва суръати интернет дар кишвар изҳори норозигӣ карда буд. Президент дар паёми худ ба парлумон гуфт: “Сайёҳон асосан ба куҷо мераванд? Дар куҷо интернети хуб вуҷуд дорад”.
Сипас, ба Хадамоти алоқа дастур дод, ки дар якҷоягӣ бо ширкатҳои мобилӣ ва воридкунандагони интернетӣ ҷиҳати беҳтар кардани сифат ва коҳиши арзиши алоқаи мобилӣ ва интернет чораҳои зарурӣ андешанд.
Ба гуфтаи Илҳом Атоев, айни ҳол аз ҳисоби мутахассисон ва муҳандисони соҳа ситоди доимӣ таъсис дода шудааст.
“Хадамоти алоқа дар якҷоягӣ бо ширкатҳои мобилӣ нақшаи мушаххаси рушд дорад. Дар ҳоли ҳозир кормандони хадамот ба омӯзиши масъалаи фарогирии интернет дар шаҳру навоҳии кишвар машғуланд”, - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа барои муайян кардани сифати интернет дар ВМКБ бо сафари корӣ қарор дорад.
Илҳом Атоев ба хабарнигорон гуфт: “Ҳоло ӯ дар Мурғоб аст, ки дар аксари ҷойҳо танҳо 2G мавҷуд аст. Мо ин вазъро меомӯзем. Худам баъди нишасти хабарӣ ба вилояти Суғд меравам”.
Ба гуфтаи ӯ, тибқи нақша дар ояндаи наздик бояд 450 истгоҳи базавӣ барои 4G вориди Тоҷикистон шавад.
“Танҳо дар марҳилаи аввали рушди инфрасохтор дар ҷумҳурӣ 500 стансияи базавӣ лозим аст. Мушкилот дар он аст, ки аксари одамон дар назди хонаҳои худ ҷойгир кардани истгоҳҳои асосиро манъ мекунанд. Аз ин лиҳоз сифати интернет паст мешавад”, - мегӯяд Атоев.
Муовини раиси Хадамоти алоқа ваъда дод, ки дар ояндаи наздик нархи интернет аз ҳисоби роҳандозии роҳҳои алтернативӣ поин хоҳад рафт. Ҳоло иқтисоддонҳо ин масъаларо меомӯзанд.
Даромади ширкатҳои хусусии мобилӣ дар соли 2022 2,9 миллиард сомонӣ (282 миллион доллар) будааст. Дар соли 2021 даромад ба 265 миллион доллар баробар шуда, шумораи умумии корбарони интернет ба 4,5 миллион нафар мерасад.
Зимнан, 882 ҳазор муштарии ширкатҳои мобилӣ барои гирифтани шиносномаҳои нави ID-и дигар сабти ном нашудаанд. Тибқи қарори ҳукумат, мӯҳлати сабти дубораи симкортҳо 15 феврали соли 2023 ба охир мерасад.
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор... Андар муносибати ҷашни Наврӯз ба дину мазҳаб
Роҳбари боксчиёни ҷаҳон Умар Кремлёв зодаи Ҳисор будааст. Ӯ ба Ватан омад
Тӯйи арӯсӣ ва хатнасур барои оилаҳои камбизоат. Суратгузориш аз таҷлили ҷашни Наврӯз дар Кӯлоб
Садамаи нақлиёт дар Левакант: ронандаи мошини дар канал ғарқшударо меҷӯянд
Як мард барои лату кӯби собиқ ҳамсараш дар ҷустуҷӯи мақомот аст
Тақвими бозиҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар соли 2023 тасдиқ шуд
Пайомадҳои заминларза дар Тоҷикистон: се нафар захмӣ ва беш аз 60 чорво нобуд шудаанд
Дар Тоҷикистон Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон таъсис дода мешавад
"Роҳбари салафиҳои Тоҷикистон" дубора зиндонӣ шудааст
Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста