Масҷиди калонтарини Тоҷикистон, ки бо маблағгузории давлати Қатар дар маркази Душанбе сохта шуд, бо иштироки роҳбарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар ба эҳтимоли зиёд рӯзи 8-уми июн ифтитоҳ хоҳад шуд. Дар ин бора як манбаъ аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳоло барои кушодаи ин масҷид омодагӣ мебинанд ва сафари амири давлати Қатарро ба Тоҷикистон интизоранд.
“Амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ дар аввали моҳи июн бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ҷараёни ин сафар, ба эҳтимоли зиёд, рӯзи 8-уми июн президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ин масҷидро боз мекунанд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Сафари ҳайати Қатарро дар Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ тасдиқ кардаанд, вале нагуфтаанд, дақиқан кӣ меояд.
Бояд гуфт, ки дар нишасти матбуотии моҳи феврали соли ҷорӣ Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим гуфта буд, ки ин масҷид дар семоҳаи дуюми соли равон кушода мешавад.
Маврид ба зикр аст, ин бузургтарин масҷид дар Тоҷикистон буда, тибқи иттилои ироагардида, дар он метавонанд дар як вақт беш аз 100 ҳазор нафар намоз гузоранд.
Бунёди масҷид моҳи октябри соли 2011 оғоз гардида, 8 сол идома ёфт. Арзиши лоиҳа қариб 100 млн. доллар арзёбӣ шуда, 30 млн. долларашро давлати Тоҷикистон ва маблағи боқимондаро давлати Қатар пардохт кардааст.
Масҷид дар майдони 12 гектар ҷойгир буда, аз мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон, биноҳои маъмурӣ, ошхона ва таваққуфгоҳ барои 500 мошин иборат аст.
Он бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъморӣ бунёд гардида, аз 4 манораи баландиаш 75 метр ва гумбази 47-метра иборат аст.
Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе бузургтарин масҷид дар Тоҷикистон аст.
Принсипи муомила ба мисл. Тоҷикистон низ раводидро барои шаҳрвандони Эрон пурра лағв кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 феврали соли 2025
Ҳуқуқшинос, муҳандис ва вакили парлумон: Вазири нави меҳнату муҳоҷират кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 феврали соли 2025
Низоми 10-холаи баҳогузорӣ, норасоии кадрӣ, мақоми омӯзгор... Вазири маориф дар нишасти матбуотӣ боз чӣ гуфт?
Моякӯбӣ барои кӣ ва чӣ муҳим аст?
“Ба кушторҳои Конибодом рабт надорад”. Мақомоти Суғд дарёфти ҷасади як зан аз дарёи Сир, ки боиси сару садо шуда буд, шарҳ доданд
Таҳсили ғайриқонунии динии қариб 40 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа. Кумитаи дин ду роҳи ҳал пешниҳод мекунад
Чаро зани серфарзанди тоҷикро дар Русия баъди тақдими хона дастгир карданд?
Вазири энергетика 5 шарти расидан ба "истиқлолияти комили энергетикӣ" дар соли 2027-ро гуфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста