Чанде аз созмонҳои рӯзноманигорӣ ва рӯзноманигорони тоҷик бо ирсоли як муроҷиатнома ба Дастгоҳи раисиҷумҳур ва Додситонии кулли Тоҷикистон аз шеваи баргузории нишастҳои матбуотӣ аз сӯи вазорату идораҳои кишвар нигаронӣ карда, амали онҳоро нодида гирифтани фармонҳои роҳбари давлат ва қонунҳои амалкунанда дар самти дастрасӣ ба иттилоот унвон кардаанд.

Қарор аст дар Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату ниҳодҳои давлатӣ рӯзи 26-уми июл оғоз шаванд ва то 15-уми август давом кунанд. 

Дар ин муроҷиатнома, ки дирӯз, 17-уми июл дар сомонаи расмии чанде аз созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон нашр шуд, аз ҷумла, аз баргузор накардани нишастҳои матбуотӣ аз сӯи ниҳодҳои қудративу калидии Тоҷикистон дар ҳолатҳои ғайриодӣ, фавқулода ва изтирорӣ, талаби дархости хаттӣ барои посух гуфтан ба оддитарин саволи рӯзноманигорон аз сӯи ниҳодҳои расмӣ, дастнорас будани вазирону раисон барои рӯзноманигорон ва дар маҷмуъ, нақзи баргузории нишастҳои матбуотӣ ва таъмини дастрасӣ ба иттилоот аз сӯи тамоми ниҳодҳои давлатӣ нигаронӣ шудааст.

Муаллифони ин муроҷиатнома, ҳамчунин, гуфтанд, ки “бо гузашти солҳо мо муносибати сард, бепарвоӣ, иҷро нашудани талаботи қонунгузории Тоҷикистон дар самти дастрасӣ ба иттилоот ва нақзи тамоми фармонҳои президенти кишварро дар ин самт аз сӯи вазорату кумитаҳо, мақомоти расмӣ ва дигар мансабдорон мушоҳида мекунем”.

Онҳо аз ҷумла афзудаанд, ки дар нишастҳои хабарӣ, ки ҳоло дар як сол ду маротиба баргузор мешаванд, "мансабдорон танҳо арқоми хушку холиро пешниҳод мекунанд ва дар сурати садо додани суоли иловагӣ, аз шарҳу таҳлил худдорӣ мекунанд; камаш 40 дақиқаи як нишасти хабариро ба хондани пресс-релизе, ки нусхаи он дар дасти рӯзномангорон ҳам ҳаст, сарф мекунанд; ба бахши саволу ҷавоб ҳамагӣ 10-15 дақиқаи нишастро мебахшанд, ҳамчунин, баъзе ҳисоботдиҳандагон муносибати дағалонаро ҳам дар рафти нишастҳо ба худ иҷозат медиҳанд".

Муаллифон барои ҳалли масъала чанд пешниҳод манзур кардаанд ва тақозо кардаанд, ки “Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ниҳодҳои назоратианд, ба мушкили ҷойдошта аҳамият дода, аз мақомоти давлатӣ иҷро шудани волоияти қонунро дар кишвар талаб кунанд”.

“Азия-Плюс” шакли комили ин муроҷиатномаро бознашр мекунад:

“Муроҷиатномаи рӯзноманигорон ва созмонҳои рӯзноманигорӣ

Ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нусха: Ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мо, рӯзноманигорон, созмонҳои рӯзноманигорӣ ва воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон (ва онҳое, ки ин матнро нашру бознашр мекунанд), дар арафаи оғози мавсими нишастҳои матбуотӣ ва ҷамъбасти нимаи аввали соли 2023 ба таваҷҷуҳи шумо мерасонем, ки амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба баргузории нишастҳои хабарӣ ва таъмини дастрасӣ ба иттилоот, ки иҷроишаш ба намояндагони тамоми ниҳодҳои давлатӣ ҳатмист, солҳост нақз мешаванд.

Ҳанӯз 4 марти соли 2005 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо судури як амр (АП-1677) намояндагони тамоми ниҳодҳои давлатиро муваззаф кардааст, ки ҳар се моҳ (ҳоло ҳар шаш моҳ) нишасти матбуотӣ баргузор намуда, аз кори худ ба мардум гузориш диҳанд. Дар он солҳо, дар воқеъ, Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои болотарин сатҳи озодии баён дар тамоми кишварҳои пасошӯравӣ ба шумор мерафт ва ин амри президент ба аҳамияти шаффофият ва боз будани дастгоҳҳои давлатӣ таъкид мекард.

Ба ҷуз санади имзокардаи сарвари давлат, ки зикраш рафт, оид ба дастрасӣ ба иттилоот ва ҳуқуқи хабарнигорон дар ин росто дар қонуни ҶТ “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” низ гуфта шудааст. Зиёда аз ин, роҳбари давлат дар соли 2009 фармон “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма”-ро имзо кард (аз 7 феврали соли 2009 №622), ки ин ҳам бо мақсади мустаҳкам намудани интизоми иҷроия, баланд бардоштани нақши ВАО дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ ба роҳ андохта шуда буд.

Аммо бо гузашти солҳо мо муносибати сард, бепарвоӣ, иҷро нашудани талаботи қонунгузории Тоҷикистон дар самти дастрасӣ ба иттилоот ва нақзи тамоми фармонҳои президенти кишварро дар ин самт аз сӯи вазорату кумитаҳо, мақомоти расмӣ ва дигар мансабдорон мушоҳида мекунем.

Нишастҳои хабарӣ, ки ҳоло дар як сол ду маротиба баргузор мешаванд, на танҳо қолабӣ шудаанд, балки моҳияти худро низ аз даст додаанд: мансабдорон танҳо арқоми хушку холиро пешниҳод мекунанд ва дар сурати садо додани суоли иловагӣ, аз шарҳу таҳлил худдорӣ мекунанд; камаш 40 дақиқаи як нишасти хабариро ба хондани пресс-релизе, ки нусхаи он дар дасти рӯзномангорон ҳам ҳаст, сарф мекунанд; ба бахши саволу ҷавоб ҳамагӣ 10-15 дақиқаи нишастро мебахшанд, дар ҳоле, ки дар ин муддат мешавад танҳо ба 2 ё 3 суол посух гуфт.

Ба ҷуз ин, баъзе ҳисоботдиҳандагон муносибати дағалонаро ҳам дар рафти нишастҳо ба худ иҷозат медиҳанд: аз минтақаҳои Тоҷикистон (ба хусус вилояти Хатлон) ҳамкасбони мо шикоят доранд, ки онҳоро ба таври интихобӣ ба нишастҳои хабарӣ роҳ медиҳанд; дар шаҳри Душанбе роҳбарони аввали вазорату кумитаҳо ва ниҳодҳои қудратӣ метавонанд дағалона аз посух ба ин ё он суоли рӯзномангорон саркашӣ кунанд ва ё аслан иҷозаи суолро надиҳанд (дар нишасти хабарии охири Вазорати корҳои хориҷии ҶТ аз ҳамин усул кор гирифта шуд); роҳбарони аввале (ба монанди раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҳастанд, ки солҳои зиёд аслан ба нишастҳои хабарӣ намеоянд ва аз суолҳои рӯзноманигорон дурӣ меҷӯянд. Ин ҳолатҳоро ҳам мо як навъи монеъ шудан ба фаъолияти рӯзноманигорон ва вайрон кардани қонунҳо ва фармонҳои мавҷуда меҳисобем.

Ба ҷуз ин, мушоҳидаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки монеъагузории техникӣ ҳам вуҷуд дорад: масалан, ҳангоми таҳияи нақшаи баргузории нишастҳои матбуотӣ имкониятҳои рӯзноманигорон ва ВАО ба инобат гирифта намешаванд - дар як рӯз ва ҳатто дар як соат якчанд ниҳоди калидӣ метавонад нишасти хабарӣ баргузор кунад, ки пушиши саривақтии онҳо барои аксари редаксияҳои хурд имконнопазир мешавад.

Барои намуна, 2 феврали соли 2022 дар шаҳри Душанбе дар як рӯз 13 (!) нишасти матбуотии вазорату кумитаҳо таъйин шуда буд. Ҳеч кадом ВАО дар Тоҷикистон имкон надошт, ки ба ҳамаи ин нишастҳо хабарнигор фиристад.

Ин ҳолат дар зеҳни мо - рӯзноманигорон - чунин хулоса ба бор оварда буд, ки ташкили 13 нишаст дар як рӯз барқасдона сурат гирифтааст ва маҳз ба он хотир чунин тасмим гирифта шудааст, ки мо натавонем дар нишастҳо ширкат кунем ва ба суолҳои худ аз мақомот посух гирем.

Дар бораи аксари ҳолатҳои зикршуда ВАО борҳо навиштаанд ва норизоии худро аз нишастҳои хабарӣ ва дастнорас будани вазирону вазоратҳо, кумитаву раисон тавассути васоити ахбори омма ва саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ расонидаанд, аммо вазъият, мутаассифона, тағйир накард.

Зиёда аз ин, кор то ҷое расид, ки ниҳодҳои расмии Тоҷикистон барои посух гуфтан ба оддитарин саволи рӯзноманигорон дархости хаттӣ талаб мекунанд. Ва агар дархост фиристода шуд, посухи номукаммал медиҳанд. Бархе аз ниҳодҳои алоҳида аслан ҷавоб намедиҳанд, ки ин амал на танҳо нодида гирифтани рӯзномангорон аст, балки нодида гирифтани фармонҳои роҳбари давлат ва қонунҳо ҳам ҳаст.

Дар қиёс бо ҳолати имрӯза, 10-12 сол пеш аксари вазирону раисон барои рӯзноманигорон ва ВАО дастрас буданд. Барои мо - рӯзноманигорон ва кормандони ВАО - маълум нест, ки чаро ҳоло аксарияти кулли ниҳодҳои Тоҷикистон дастнорас шуданд ва иттилои дар ихтиёр доштаашонро тавассути ВАО ба ҷомеа намерасонанд?!

Мазҳаб Ҷумъа/Asia-Plus

Барои мо ҳамчунин маълум нест, ки чарои вазорату идораҳо, Прокуратураи генералӣ, Суди олӣ ва дигар ниҳодҳои қудративу калидӣ ҳангоми ҳолатҳои ғайриодӣ, фавқулода ва изтирорӣ барои ВАО нишасти хабарӣ баргузор намекунанд ва ҳодисаву рӯйдодҳоро шарҳ намедиҳанд?! Модоме ки мақомот аз хабар додан худдорӣ мекунанд, сокинони кишвар дар ҳолати набудани иттилои расмиву кофӣ рӯ ба хабарҳои дурӯғини (фейкӣ) афроди ҳангомаҷӯ меоранд ва саҳифаҳои онҳоро пайгирӣ мекунанд. Яъне, бо гурехтан аз саволу ҷавоб ниҳодҳои расмии кишвар дар асл мушкилро ҳал намекунанд, балки онро эҷод мекунанд, чунки фазои иттилоотӣ муғлақтару хатарноктар мешавад.

Намунаҳои дурӯғпароканиро мо на як бору ду бор дар низоъҳои марзӣ бо Қирғизистон дидем. Мақомоти масъули Тоҷикистон метавонистанд ва метавонанд дар сурати дарҳои худро боз кардан ба рӯи рӯзноманигорон ва ВАО аз онҳо пешгирӣ кунанд, то мардум иттилоъро аз гурӯҳҳои номаълуми хориҷиву иғвоангез нагиранду, маълумоти расмиву тасдиқшударо аз дохили кишвар дарёбанд.

Дигар, татбиқи протоколи ҷаласаи ҳуқумати ҷумҳурӣ аз 30 июни соли 2015 дар бораи ба АМИТ “Ховар” додани ҳаққи истисноии нашри ахбори расмӣ ба чунин натиҷа овард, ки баъзе вазорату идораҳои кишвар бо баҳонаи вуҷуд доштани дастури мазкур ба расонаҳои мустақил иттилооти дархостшударо пешниҳод накарданд. Дар ҳоле, ки ин дастур танҳо ба хотири беҳтар намудани фаъолияти АМИТ “Ховар” равона карда шуда буд ва набояд ба маҳдуд кардани ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот оварда расонад.

Хуллас, агар вазъияти баамаломада, нишастҳои матбуотии ба дарднахур ва бархурди солҳои охири мансабдорону ниҳодҳои давлатро нисбати рӯзноманигорон ва ВАО таҳлил кунем, натиҷа ин мешавад, ки амру фармонҳои роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки иҷроишашон ба намояндагони тамоми ниҳодҳои давлатӣ ҳатмист, нақз мешаванд. Шояд, ҳамин бошад, ки дар рейтинги ҷаҳонии озодии сухан (Хабарнигорони бидуни марз, 2023) кишвари мо миёни 180 давлати дунё ҳоло дар ҷойи 153 аст. Ҳатто Афғонистон дар ин руйихат аз мо як зина болост.

Барои ҳалли ин масъала мо, рӯзноманигорон ва кормандони ВАО пешниҳод дорем:

- Ҳамаи мансабдорон, вазорату кумитаҳо, раисону афроди масъул мунтазири нишастҳои матбуотии шашмоҳа нанишинанд ва ба дархостҳои шифоҳӣ ва хаттии рӯзноманигорон ва ВАО сари вақт посух диҳанд;

- Ҳангоми рух додани воқеаҳои муҳим, ҳодисаҳои изтирорӣ ва дигар рӯйдодҳои наву ҷиддӣ нишасти кутоҳи хабарӣ баргузор кунанд;

- Дар нашри хабарҳои расмӣ ва дархости дастрасӣ ба иттилоот набояд нисбати расонаҳо ва рӯзноманигорони мустақил ба табъиз роҳ дода шавад;

- Дар нишастҳои матбуотӣ ҳатман роҳбарони аввал иштирок кунанд ва ба суолҳо бидуни дағалӣ посухи мукаммал диҳанд;

- Бо хондани варақи иттилоотӣ 40 дақиқа вақти нишастро нагирданд ва вақти асосиро ба суолу ҷавоб бахшанд;

- Нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои кишвар дар Душанбе мисли солҳои пешин дар як макон баргузор шаванд, то рӯзноманигорон тавонанад бе ягон мушкил дар онҳо ширкат кунанд;

- Аз баргузории якчанд нишасти хабарӣ дар як соат даст кашанд, то барои инъикоси саривақтӣ ба редаксияҳои хурд ин амал монеъа эҷод накунад;

- Ҳангоми нишастҳои матбуотӣ ба як соат қаноат накунанд ва дар сурати мавҷуд будани саволҳо ба ҳамаи онҳо посух диҳанд.

Мо, намояндагони ҷомеаи рузноманигорӣ тақозо мекунем, ки Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ниҳодҳои назоратианд, ба мушкили ҷойдошта аҳамият дода, аз мақомоти давлатӣ иҷро шудани волоияти қонунро дар кишвар талаб кунанд.

 

Шаҳло Акобирова, директори иҷроияи ташкилоти ҷамъиятии “Хома”

Умед Бобохонов, директори генералии гуруҳи расонахои “Азия-Плюс”

Ҷамшед Маъруфов, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Расонанигор”

Абдумалик Қодиров, котиби генералии “Медиа Алянси Тоҷикистон” (МАТ)

Хуршедҷон Ниёзов, директори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

Нуриддин Қаршибоев, раиси Ассотсиатсияи миллии воситахои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) – созмон ва шахси масъул барои тамос.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.