Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе ба аёдати кӯдакони бемор аз Исфара ба бемористони «Шифобахш» рафт ва шӯрои пизишконро ҷамъ овард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аммаи писарбачаҳо Фотима, ки ҳоло ҳамроҳи онҳо дар бемористон аст хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, вазир табобати кӯдаконро ба ӯҳда гирифта, қасд дорад, масъалаи онҳоро бо ҳамкасбонаш аз Русия, Ӯзбекистон ва Эрон баррасӣ кунад.
«Дирӯз вазир ба ҳуҷраи бачаҳо омада, бо онҳо ним соат суҳбат кард. Ва баъд шӯрои табибонро ҷамъ карданд, ки дар он ман ҳам низ ширкат доштам. Тамоми асноди ташхис ва муолиҷаи писарбачаҳо ба вазир ироа шуда, ҳоло ӯ бо ҳамкорони дигар кишварҳо вазъи онҳоро баррасӣ хоҳад кард. Ба мо ваъда доданд, ки дар сурати зарурат кӯдаконро барои табобати минбаъда ба дармонгоҳ (клиника)-ии хориҷӣ мефиристанд”, - афзуд Фотима.
Вай изҳор дошт, ки имрӯз кӯдакон худро беҳтар ҳис мекунанд ва ба тамоми табибони «Шифобахш» ва вазир изҳори сипос намуд.
Дар ҳамин ҳол, таъкид шуд, ки вазир вазъи бачаҳоро таҳти назорат гирифтааст ва ҳоло барои ҳарчи зудтар шифо ёфтани онҳо ҳама чораҳо андешида мешаванд.
Хотирасон мекунем ки кӯдакони бемор аз Исфара, ки қаблан ҳамроҳи волидонашон дар Маркази миллии тиббии “Шифобахш”-и шаҳри Душанбе табобат гирифта буданд, дубора бемориашон хуруҷ карда, ба чанд рӯз пеш ба пойтахт оварда шуданд. Онҳо дар беморхонаи «Шифобахш» бистарӣ шуда будан.
Ёдовар мешавем, ки дар хонаводаи Маҳмудовҳо – Мустафохоҷаи 6-сола, Абдуллохони 10-сола ва волидони онҳо, ки қаблан барои табобат аз Исфара ба Душанбе оварда шуда буданд, ба ории коагулопатияи дуюмдараҷаи токсикӣ (Вторичная токсическая коагулопатия) гирифтор шуда буданд. Пас аз табобат рӯзи 7 июн онҳо аз бемористон рухсатӣ шуданд.
Аммо бо гузашти ҳудуди як моҳ, ба гуфтаи Фотима, саломатии писарбачаҳо бадтар шуд, ҳарчанд табобати кӯдакон ва волидони онҳо қатъ нашуда буд ва онҳо зери назорати табибон табобатро идома медоданд. Чун ин беморӣ ҳадди аққал ду сол табобатро талаб мекунад.
"Акнун ташхис ва табобат аз имрӯз дубора оғоз мешавад, зеро аз даҳону бинии кӯдакон боз хун меравад ва дар баданашон доғҳои кабуд пайдо мешавад. Волидайни писарбачаҳо дар Исфара ҳастанд. Модарашон ба ҳолати қаблӣ баргаштааст, яъне боз касеро намешиносад ва аҳволи падарашон низ хуб нест", - афзуд ӯ.
Ёдовар мешавем, ки вазъи хонаводаи Маҳмудовҳо пас аз муроҷиати Фотима ба шабакаҳои иҷтимоӣ бо дархости кумак маълум шуд.
Пас аз ин, бо фармони вазири тандурустии кишвар ду писарбачаро барои табобат ба Душанбе интиқол доданд. Ва рӯзи 19 май волидони кӯдакон низ ба пойтахт оварда шуданд.
Ҳодиса аз он сар шуд, ки моҳи март ҳашт нафар аъзои оила баъди хӯрдани самбусаи алафӣ бемор шуданд.