Шукрона Мадиева, мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №119-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон-2023” ғолиб омад ва унвони “Мураббии сол”-ро соҳиб шуд.
Бино бар маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар, марҳилаи ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон-2023” аз 21 то 23-юми сентябри соли ҷорӣ баргузор гардид, ки дар он 5 нафар мураббияҳо аз тамоми кишвар иштирок доштанд.
1. Алимзода Мастура Бозорбой - мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №24-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон;
2. Бобоҷонова Марҳабо - мураббияи кӯдакистони №4-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд;
3. Ғафурова Фариза Наҷмиддиновна - мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №8-и шаҳри Ҳисор;
4. Мадиева Шукрона Муродовна - мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №119-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе;
5. Оҷибангиева Саврина Касировна - мураббияи кӯдакистони №5-и шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Ҳангоми интихоби ғолиб, дониш, маҳорати касбӣ, қобилияти ташкилии онҳо ба инобат гирифта шуд.
Ҳамин тавр, бо хулосаи ҳакамони озмун, Шукрона Мадиева, мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №119-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ғолиби озмун эълон карда шуд.
Ҳамакнун, маросими расмии ҷоизасупорӣ ба иштирокчиён ва ғолиби озмун 30-юми сентябр, зимни таҷлили Рӯзи омӯзгор, баргузор мегардад.
Гуфтан ба маврид аст, ки ҳадаф аз баргузории озмун баланд бардоштани мақоми мураббӣ, сатҳу сифати таълиму тарбияи томактабӣ ва нақши мураббиён дар рушди ҷомеаи имрӯза мебошад.
Соли гузашта, дар ин озмун Озодамоҳ Қодирова, аз вилояти Хатлон ғолиб гардида буд.