Ба фарқ аз Тоҷикистон, дар Арманистон рӯзноманигорони зиёде ҳастанд, ки ба тадқиқоти журналистӣ машғуланд ва расонаҳои алоҳидаи мустақиле низ амал мекунанд, ки самти фаъолияташон танҳо тадқиқоти журналистӣ аст. Яке аз онҳо “Hetq.am” мебошад.

Ин расона давоми 20 – соли охир аввал чун ҳафтанома ва баъдан чун расонаи онлайнӣ фаъолият дошта, то соли 2015 ягона воситаи ахбори оммае буд, ки тадқиқоти журналистӣ анҷом медод. Имрӯз чунин расонаҳо бештар шудаанд.

Дар “Hetq.am” ҳудуди 20 рӯзноманигоре, ки бо тадқиқот сару кор доранд, фаъолият мекунанд ва аксари онҳо ҷавонанд.

Яке аз вижагиҳои фазои расонаии Арманистон ин аст, ки дар 20 соли охир рӯзноманигоре боздошт нашудаву паси панҷара нарафтааст. Рӯзноманигорони арманистонӣ мегӯянд, аз сӯи ҷомеаи шаҳрвандии ин кишвар пуштибонӣ меёбанд.

Ба гуфтаи рӯзноманигорон маҳз ҳимояти ҷомеаи шаҳрвандӣ сабаб шудааст, ки онҳо дар раванди тадқиқотҳо худсонсур ва ҳарос надоранд ва барои онҳо хати қирмиз ҳам таъйин нашудааст.

“Ин омил боиси рушди тадқиқоти рӯзноманигорӣ дар Арманистон шудааст”,-мегӯяд Тирайр Мурадян, яке аз тадқиқотгарони фаъоли ин расона.

Монеаҳо дар рушди тадқиқоти журналистӣ

Ба гуфтаи Мурадян, ягона монеа барои тадқиқот ин ҳаводиси тағйирёбандаи дохилии кишвар аст, ки на ҳамеша ба ӯ имкон медиҳанд, то кори худро то ба охир расонад.

Тирайр Мурадян

Ӯ аз ҳаводиси соли 2020 дар минтақаи худмухтори Қарабоғи кӯҳӣ (Минтақае бо номи Қаробоғи кӯҳии худмухтор дигар вуҷуд надорад ва он аз 1-уми январи соли 2024 расман ба ҳайати Озарбойҷон бармегардад. -идора) мисол овард, ки баъди он аксари мавзӯъҳои онҳо моҳҳо “ях” мебастанд ва онҳо наметавонистанд тадқиқоти журналистӣ гузаронанд.

“Дар чунин вазъ на вақт барои тадқиқот пайдо мекунем ва на ҷомеа ба ин тадқиқот таваҷҷуҳ мекунад. Чунки фикру зикри ҷомеа ба мавзӯъи муҳимтар банд аст ва тадқиқот ба касе ҷолиб нест”, - афзуд вай.

Седа Ергнян, як тадқиқотгари дигари ин расона мегӯяд, мушкили дигар дастрасӣ ба иттилои пӯшида аст, ки аксари ниҳодҳо бо баҳонаи сири иқтисодӣ онро пешниҳод намекунанд.

Дар ҳамин ҳол, Трдат Мушегян, рӯзноманигори дигари ин расона, ки бештар дар мавзӯъи хариди давлатӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ тадқиқот мегузаронад, мушкили асосиро пайдо кардани мавзӯъ ва гирифтани иттилоъ ва шарҳ аз мақомоту мансабдорон унвон кард, ки кори журналистро мушкил мекунад.

Трдат Мушегян

“Хатти қирмиз”

Рӯзноманигорони “Hetq.am” бештари мавзӯъҳои тадқиқотро аз иттилое, ки дар расонаҳо нашр мешавад, аз манбаъҳои худ дар мақомоти давлатӣ (инсайдер), мушоҳидаҳои худ, аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва муроҷиати хонандагон пайдо мекунанд. Ҳамчунин, Эдик Багдасарян, сармуҳарири расона, ки таҷрибаи чандинсолаи тадқиқоти рӯзноманигорӣ дорад, ба кормандонаш мавзӯъ пешниҳод мекунад.

“Хати қирмиз дар интихоби мавзӯъ барои тадқиқотҳо вуҷуд надорад”, - мегӯяд Тирайр.

Вале меафзояд, пеш аз инқилоби соли 2018 доираи мавзӯъҳо барои тадқиқоти журналистӣ васеъ буд, вале баъди ба сари қудрат омадани ҳукумати нав он тангтар шудаст.

“Ҳарчанд фасод дар байни мансабдорони имрӯза зиёд аст, вале онҳо хуб пинҳон карда метавонанд. Яъне дар бораи кабинаи ҳукумати нав маълумоти кам дастрас аст ва аксаран онҳо шахсони ношиносанд. Ин сабаб шудааст, ки қиссаҳои фасодзадагии онҳо камтар рӯи об барояд”, - гуфт ӯ.

Трдат ҳам бар ин назар аст, ки ҳарчанд ҳукумати имрӯза дар гузашта худро душмани фасод мегуфтанд, вале имрӯз, маълум мешавад, ки худ дар фасод дармондаанд. Аз ин рӯ, масъалаи фасод мавзӯи дарднок аст ва вақте онҳоро исбот мекунем, онҳо ба сахтӣ қабул мекунанд.

Гурез аз посух ва дарёфти роҳҳои нав

Дар баробари ин, мушкилоти гирифтани маълумот аз мансабдорон, гурези онҳо аз посух ба суоли рӯзноманигорон ва ҳамин тариқ, бепосух мондани дархостҳои рӯзноманигорӣ дар ин кишвар ҳам мушкили умда боқӣ мемонад.

“Чанде пеш ба роҳбари палати болоии парлумони кишвар барои шарҳи як мавзӯъе, ки ба фасодзадагии ӯ рабт дошт, мактуби расмӣ исрол кардам. Сухангӯяш посух дод, ки қонеъкунанда набуд”,- нақл мекунад Тирайр.

Седа Ергнян

Дар ҳамин ҳол, Седа Ергнян нигаронӣ мекунад, ки мақомот ва мансабдорон дар муқоиса бо 5 соли пеш ба тадқиқотҳо вокуниш намекунанд ва ё дар бештари ҳолатҳо онро нодида мегиранд.

“Ҷомеаи шаҳрвандӣ гоҳ-гоҳ аз мақомот талаб мекунад, ки ба тадқиқотҳо вокуниш кунанд ва ҷинояткоронро ҷазо диҳанд, вале мақомот аксар вақт хомӯшанд. Ин хомӯшӣ вазъро барои тадқиқот бад ва роҳи дигаронро ба фасод боз мекунад”, - мегӯяд Седа.

Седа ва Трдат бар ин назаранд, ки нисбат ба 7-8 соли пеш ҳоло барои тадқиқоти журналистӣ имконоти бештар пайдо шудааст. Аз ҷумла, махзанҳои нави интернетӣ пайдо шудаанд, ки аксари маълумот дар онҳо мавҷуд аст.

“Имрӯз тадқиқоти журналистӣ нисбатан осон шудааст”,-мегӯяд Седа.

Вале афзуд, гирифтани маълумот аз мансабдорони ҳукумати пешин осонтар буд ва ҳукумати имрӯза кӯшиш мекунанд, ки бо рӯзноманигорон ҳамкорӣ накунад. Онҳо ба ин андешаанд, ки ҳар чизе журналистон менависанд, рӯзи дигар ҷомеа фаромӯш мекунад.

20 махзани додаҳо, вале боз ҳам гирифтани маълумот мушкил аст

Як бахши калони тадқиқотҳои журналистии “Hetq.am”-ро хариду фурӯши ғайриқонунӣ ё ношаффофи амволи ғайриманқул аз сӯи мансабдорон дар дохил ва хориҷи кишвар ташкил медиҳад. Барои гузаронидани чунин тадқиқотҳо ба онҳо махзани додаҳои боз дар ин кишвар, ки беш аз 20 ададро ташкил медиҳад, кӯмак мекунад. Маълумот оид ба дороиҳои мансабдоронро дар хориҷи кишвар аз пойгоҳҳои созмону ташкилотҳои байналмилалии зиддифасод, ки бо онҳо ҳамкорӣ доранд, дастрас мекунанд.

“Дар Арманистон беш аз 20 махзани додаҳои боз ҳаст, ки аз онҳо истифода мекунем. Дар ин махзанҳо ҳамаи маълумот, сар аз суроға то дороиҳо дар бораи шахси ҳаққи ширкат дар интихоботдошта, аз ҷумла мансабдорон, мавҷуд аст”, - мегӯяд Тирайр.

Вале Седа Ергнян нигаронӣ кард, ки бо вуҷуди мавҷудияти махзани додаҳои боз ҳанӯз ҳам баъзе маълумот дастрас нестанд ва мақомот ҳам тариқи дархости рӯзноманигорӣ онро намедиҳанд.


Ӯ афзуд, дар чунин ҳолатҳо онҳо маҷбур мешаванд аз инсайдерҳои худ истифода карда, маълумот гиранд ва ё аз махзани додаҳои бози созмонҳову ташкилотҳои байналмилалӣ истифода баранд.

Трдат Мушегян гуфт, ёфтани иттилоъ дар Арманистон осон аст, танҳо хоҳиш бояд дошт. Дар баробари ин, ҳастанд мавзӯъҳое, ки наметавон онҳоро собит кард. Ӯ аз як тадқиқоти худ мисол овард, ки дар як хариди давлатӣ дӯсти яке аз вазирони кишвар даст дошт ва рӯзноманигор бо вуҷуди донистани ин маълумот, натавонист онро исбот кунад.

“Дӯст”-и вафодор

Ҷомеаи шаҳрвандӣ аз камтарин дӯстони рӯзноманигорон дар ин кишвар аст, ки маълумот пешниҳод ва дар навиштани тадқиқот кӯмак мекунад. Ҳарчанд солҳои охир фаъолмандии ҷомеаи шаҳрвандӣ низ коҳиш ёфтааст, аммо ҳамоно яке аз дӯстони рӯноманигор боқӣ мондааст.

Седа нақл кард, ки аксаран баъди нашри тадқиқоти рӯзноманигорӣ шахсони алоҳида, мансабдорони собиқ, шахсиятҳову ҳизбҳои сиёсӣ дар робита ба тадқиқот маълумоти иловагӣ пешниҳод мекунанд, ки аксаран боиси тадқиқоти нав мешавад.


Ин рӯзноманигор гуфт, дар маҷмӯъ, ҷомеа ба мақомот бовар дорад ва бо худдорӣ аз интиқод, онҳоро дастгирӣ мекунад.

“Муносибати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба тадқиқот асосан мусбат аст. Ҳарчанд матни калони тадқиқотро намехонанд, вале ҳастанд онҳое, ки муҳиммияти навиштаҳои моро дарк мекунанд, онро мехонанд. Дастгирии онҳо аз навиштану шарҳу занг ба идора ва зимни суҳбатҳои алоҳида эҳсос мегардад”, - гуфт Трдат Мушегян.

Ифтитоҳи парванда

Бо вуҷуди он ки мақомот ба тадқиқотҳои рӯзноманигорӣ на ҳамеша вокуниш мекунанд, дар баъзе ҳолатҳо маҷбур мешаванд, бо онҳо созиш кунанд ва ҳатто барои ошкор кардани қонунвайронкунӣ сипоснома медиҳанд.

Дар асоси чанд тадқиқоти рӯзноманигорони “Hetq.am” мақомот нисбати мансабдорон парвандаҳои ҷиноятӣ боз карда, чандин нафарро дастгир ва хонаву замин ва амволе, ки мансабдорон ғайриқонунӣ соҳиб шуда буданд, дубора ба давлат баргардонидаанд.

Дар байни онҳо тадқиқотҳои журналистии Тирайр, ки бештар оид ба фасоди молии мансабдорон навишта шудааст, зиёд мебошанд. Яке аз онҳо баргардонидани қисме аз заминҳои Боғи манументи Ирвон аст, ки чанд мансабдор бо роҳи ғайриқонунӣ харида буданд. Дар пайи тадқиқоти ин рӯзноманигор бар зидди мансабдорони алоҳида парвандаҳои ҷиноятӣ боз карданд.

Кутоҳнависӣ ва шарҳ дар навор

Дар “Hetq.am” якҷо бо нашри тадқиқот кӯшиш мекунанд, ки дар навори 5-6 дақиқаӣ мазмуни асосии онро шарҳ диҳанд, то барои хонандаи имрӯза, ки матни кӯтоҳро меписандад, осон шавад.

Ҳамчунин, методи дигар қисм ба қисм нашр кардани тадқиқот ва ё истифодаи инфографикаву диаграмаҳо аст.


Дарди ошно

Яке аз монандиҳои дигари журналистикаи Тоҷикистон ва Арманистон ба таври худкор ҷудо шудани журналисткаи ҳукуматӣ ва мустақил аст, ки аксаран шеваи кори онҳо бо ҳам фарқ дорад. Журналистони мустақил рӯзноманигорони ҳукуматиро мубаллиғ ва ё “пропогандист” меноманд. Дар Арманистон ҳам расонаҳои ҳукуматӣ дар зарурат зидди расонаҳои мустақил мақолаҳои интиқодии фармоишӣ нашр мекунанд. Махсусан вақте сухан дар бораи тадқиқоти журналистӣ ё ошкоркунии ҷинояти мансабдорон меравад.

Дар баробари ин, байни расонаҳои мустақил ҳамкорӣ ҳаст ва онҳо тадқиқотҳои журналистии хуби ҳамдигарро бознашр мекунанд.

Седа мегӯяд, дастгирии ҳамкоронашро эҳсос мекунад, ҳарчанд расонаҳои зиёди кишвар ҳукуматӣ ва дар хидмати мансабдоронанд.

“Вақте расонаҳои мустақил аз амали ғайриқонунии мансабдоре менависанд, расонаҳои алоҳида бар ивази маблағ онҳоро сафед ё бо ташкили сафҳаи фейкӣ ба расона “ҳуҷум мекунанд”, - мегӯяд Седа.

Трдат мегӯяд, дар чунин ҳолатҳо ба чизе аҳамият намедиҳад ва кори худро давом дода, ба хонандагон такя мекунад, ки бо шарҳу навишатҳояшон ӯро рӯҳбаланд мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.