Маҳмадсаид Шоҳиён, директори “Тоҷикфилм” гуфт, дар филми “Дар талоши ҳақиқат” ҳеҷ гуна сензура вуҷуд надошт ва он ҷойҳое, ки “қайчӣ зада шуд”, ба хотири маҳдудияти вақт буд.
“Дар талоши ҳақиқат” филмест, ки 26-уми январ нахустнамоиши он баргузор шуд, вале қабл аз он, Некрӯз Ҷалилиён, коргардони тоҷик дар саҳифаи фейсбуки худ навишт, ки филмро ӯ бардоштааст, вале аз ҷониби Маҳмадсаид Шоҳиён чандин қисмаш "бурида" шудааст.
Ба гуфтаи Маҳмадсаид Шоҳиён, коргардон тибқи шартнома бояд дар ҳудуди 1 соату 20 дақиқа филми мазкурро таҳия мекард ва ҳамин вақт ба инобат гирифта шуд.
“Филм пурра аз ҷониби "Тоҷикфилм" ба навор гирифта шуд, чандин бор дар Шӯрои бадеӣ рӯнамоӣ гардид, ҳама коргардонҳо онро диданд ва назарашонро гуфтанд. Ҳеҷ сензура вуҷуд надошт. Мо филмро 2,5 соат таҳия карда наметавонистем”, - гуфт Маҳмадсаид Шоҳиён.
Номбурда таъкид кард, ки коргарони филм Манзаралӣ Шералӣ аст ва касе дигар ҳаққи чунин даъворо надорад.

Манзаралӣ Шералӣ нахост дар ин маврид бо рӯзноманигорон ҳарф занад ва қазияи мазкурро шарҳ диҳад.
Бояд гуфт, ки филми “Дар талоши ҳақиқат” аз рӯйи асари “Интиқоми арвоҳ”-и рӯзноманигори шинохта Хуршед Атовулло ба навор бардошта шуд ва дар бораи корнамоии як рӯзноманигор ҳикоят мекунад.
Некрӯз Ҷалилиён даъво дорад, ки филми “Дар талоши ҳақиқат”-ро ӯ ба навор бардоштааст ва аз ҷониби Маҳмадсаид Шоҳиён - директори “Тоҷикфилм” филми мазкур зери сензура қарор гирифта, чандин қисматаш "бурида" шуд.

Ҷалилиён навишт, "ин филм, ки тамғаи "истеҳсоли Тоҷикфилм"-ро задаанд, бо камераи ман бепул наворбардорӣ ва дар компютери ман бепул тадвину рангпардозӣ шудааст".
“Филме, ки ба шумо нишон медиҳанд, филми аслӣ нест. Ин филм зери сензураи Шоҳиён ончунон бурида ва саркӯб шудааст, ки аз як филми хуби детективӣ (албатта дар шароити бешароитӣ сохташуда) ба як филми драмаи миёнаҳоли ҷойҳое нороҳаткунанда аз нигоҳи тадвин, пайвастагии хати сюжа ва мантиқ табдил ёфтааст", - навишт Некрӯз Ҷалилиён.
Ҳоло филми “Дар талоши ҳақиқат” дар Кинотеатри "Ватан" ҳамарӯза манзури тамошобинон мегардад.
Кӯдакони муҳоҷирони тоҷик чӣ гуна ба мактабҳои Русия қабул карда мешаванд?
Амрико 10 миллион доллар ҷоиза барои боздошти Сироҷиддин Ҳаққониро бекор кард
Қирғизистон Шартномаи марз бо Тоҷикистон ва созишномаҳо дар бораи роҳ ва чорроҳаҳоро ба тасвиб расонид
Ҷоми Осиё-2027. Тоҷикистон марҳилаи интихобиро бо пирӯзӣ оғоз кард
Барои афзоиши истеҳсоли гӯшту тухм ва асалу моҳӣ 133 млн сомонӣ ҷудо мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2025
"Бо иштиҳои том!" Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Асад Маҷид Хон
Сармураббии дастаи футболи Тоҷикистон барои шикаст аз Белорус узр пурсид
“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста