Хадамоти федералии назорат дар соҳаи маориф ва илми Русия (Рособрнадзор) чунин мешуморад, ки ворид намудани баҳодиҳӣ ба нутқ (санҷиши нутқи шифоҳӣ) ба имтиҳон барои муҳоҷирони мувофиқи мақсад аст. Дар ин бора ба РБК дар хадамоти матбуоти Рособрнадзор хабар додаанд.

"Дар давраи будубош дар кишвари мо дар ҳолатҳои гуногун аксари муҳоҷирон бояд бо русҳо алоқаи шифоҳӣ дошта бошанд", - шарҳ додаанд дар хадамот.

Дар он ҷо ҳамчунин зикр кардаанд, ки “айни замон танҳо дар имтиҳони гирифтани иҷозатнома ба кор ё патент қисми шифоҳӣ вуҷуд надошта, барои сатҳҳои боқимонда бахши “Гуфтор” пешбинӣ шудааст”.

Дар Хадамот зикр кардаанд, ки барои ба имтиҳон барои муҳоҷирон дохил намудани бахши “Гуфтор” ба муқаррароти баргузории имтиҳон аз забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ, таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории ин кишвар тағйирот дохил кардан зарур аст.

Дар ин ҷо имкони бозбинии балли ҳадди ақалли имтиҳон барои хориҷиёнро, ки барои дарёфти ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) ё шаҳрвандӣ зарур аст, аз эҳтимол дур надонистаанд.

Дар мусоҳиба ба РБК Наталя Трухановская, ректори Донишкадаи забони русии ба номи Пушкин пешниҳод намудааст, ки балли ҳадди ақалл аз 50 то 80 зиёд шуда, санҷиши нутқи шифоҳӣ ба имтиҳон дохил карда шавад. Ба гуфтаи ӯ, донишкада оид ба баргардонидани сатҳи натиҷаи мусбат ба 80 балл аз 100 балли имконпазир аллакай пешниҳоди худро додааст.

Ӯ ҳамчунин ишора кардааст, ки бахши гуфтор аз имтиҳон барои муҳоҷирони корӣ соли 2021 хориҷ шуда буд. Дар ҳамин ҳол, ба ақидаи намояндагони ин донишкада, гуфтугӯи зиндаи шифоҳӣ кафолати асосии он аст, ки муҳоҷири кории оянда метавонад амалҳои касбиро ба таври кофӣ иҷро кунад ва ба ҷомеа мутобиқ шавад.

“Ӯ бояд забони русиро донад ва ба дастурҳое, ки дар ҷои кор ба ӯ дода мешаванд, сарфаҳм рафта, ҳам дар муоширати касбӣ ва ҳам дар муҳити хонавода ва ҷомеа фикрҳои худро баён карда тавонад”, - мутмаин аст Трухановская.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.