Дар Душанбе нахустин китоб дар бораи пешбурди блогҳо ба забони тоҷикӣ бо номи “Блогинг, қадам ба қадам” чоп шуд. Ин китоб аз ҷониби рӯзноманигор Аслам Мӯминзод навишта шуда, дар нашриёти “Ирфон” ба табъ расидааст.

Китоби мазкур аз ҳашт қисм иборат буда, дар он дар бораи фаъолияти блогерӣ, намудҳои блогҳо, намудҳои платформаҳои блогинг, тафовути онҳо аз ҳамдигар, усулҳои интихоб ва истифодаи босамари платформаҳо, роҳҳои кушодани блогҳо, ҳуқуқ барои пешбурди блог, усулҳои эҷод намудани контенти босифат, роҳҳои афзоиши муштариёни блог, роҳҳои пул кор кардан аз блогҳо ва роҳҳои муваффақ намудани  блогҳо ба хонандагон маълумоти муфид пешниҳод шудааст.

Китоби “Блогинг, қадам ба қадам” ҳамчун дастури роҳнамо бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши блогерону рӯзноманигорон барои пешбурди фаъолияти блогерӣ таҳия шудааст.

Бояд гуфт, ки блогинг ҳоло ба як бахши муҳими зиндагии инсонҳо табдил ёфтааст. Он барои маркетологҳо воситаи бозорёбии рақамӣ, барои воизон минбар барои суханронӣ, барои ширкатҳо воситаи таблиғи молу маҳсулот, барои мутахассисон воситаи худро муаррифӣ кардан ва барои рӯзноманигорон воситаи нашр кардани иттилоот ва барои ҳаваскорон воситаи дилхушиву фароғат, барои бархе аз одамон воситаи баёни дарду алам, барои хотиранависон рӯзнома ё дафтари хотираҳо ва барои шахсони муваффақ воситаи даромаду пешбурди рӯзгор аст.

Ҳар кас ба воситаи блогинг метавонад, ки фикрҳо ва идеяҳои худро ба ҷаҳониён пешниҳод кунад ва он имкон медиҳад ҳамчун восита барои сохтани шабака, ҷамъоварии ҳамфикрону дӯстон ва барои ба даст овардани даромад мусоидат кунад. Аммо муваффақ шудан дар бахши блогинг кори осон нест. Китоби мазкур ба хонанда моҳияти блогингро мефаҳмонад ва роҳҳои сохтани блоги муваффақро нишон медиҳад.

Китоби “Блогинг, қадам ба қадам”  ба хоҳишмандон барои ба муваффақият ноил шудан дар ҷодаи блогинг кӯмак мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.