Дар зарфи 6 моҳи соли равон зиёда аз 39 ҳазор ҷуфт пеш аз тӯйи хонадоршавӣ аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд.

Дар нишасти матбуотии рӯзи 5 август дар Вазорати тандурурстӣ хабар доданд, ки аз ин теъдод дар 306 нафар бемории гепатити навъи В, дар 31 ҷуфт - гепатити навъи С ва дар 13 ҳолат бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ) ошкор шудааст.

Ғайр аз ин, дар 7 ҳолат бемории оташак (сифилис) ва 14 далели бемории рӯҳӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ҳадаф аз муоинаи тиббӣ пеш аз издивоҷ дар он аст, ки ҷавонон пеш аз тӯй аз вазъи солимии ҳамдигар огоҳ бошанд ва барои ташаккули оилаи солим шароит фароҳам оранд. Инчунин аз таваллуди кӯдакон бо  нуқсонҳои модарзодӣ ва бемориҳои ирсӣ пешгирӣ карда шавад.

Мувофиқи қарори ҳукумат аз соли 2015 ва меъёрҳои Кодекси оилаи Тоҷикистон, ҳамаи ҷавонон пеш аз тӯйи хонадоршавӣ бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд.

Дар муоина табибони соҳавӣ ҷавононро аз назар гузаронида, натиҷаҳои аз озмоишгоҳ гирифташуда ба ошкор намудани бемориҳое чун оташак, ВНМО/ БПНМ (ВИЧ/СПИД), бемории сил ва гепатит кумак мекунанд.

Дар сурати ошкор шудани ин ва дигар бемориҳо шахсе, ки аз муоина гузашт, ба табобат фиристода мешавад. Пас аз анҷоми табобат муоинаи такрорӣ гузаронида мешавад. Шумори муоинаҳои такрорӣ маҳдуд нест. Табиби оилавӣ бар асоси натиҷаҳои муоина ва хулосаи мутахассисони соҳавӣ дар бораи омода будани шахс барои издивоҷ маълумотнома медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.