Соли нави хониш оғоз мегардад ва хатмкардагоне, ки ба макотиби олии кишвраҳои хориҷӣ дохил шудаанд, бояд ба таҳсил раванд. Аммо дар сарҳад онҳо метавонанд ба ҳолати ногувор афтанд - бе ҳамроҳ метавонанд онҳоро ба ҳавопаймо иҷоза надиҳанд.
Ба “Азия-Плюс” аз як корбар дархост расид: нотариус изҳор доштааст, ки дигар ваколатномаро ба намояндаи ширкати ҳавопаймоӣ ба расмият даровардан мумкин нест.
“Ба гуфтаи ӯ, ҳатман шахси калонсол, ки намояндаи ширкати ҳавопаймоӣ нест, бояд ҳамроҳаш бошад. Ин талабот асоси қонунӣ дорад?”, - мепурсад ӯ моро.
Пас лозим аст ё не?
Маълумотро ба “Азия-Плюс” дар Вазорати адлия тасдиқ карданд.
Тибқи маълумоти манбаъ, мувофиқи қоидаҳои нав, мусофирони синни аз 16 то 18-сола мустақилона сафар карда наметавонанд.
“Ҳамроҳи онҳо бояд шахси калонсоле бошад, ки метавонад хешованд ё наздиконашон бошад. Дигар ба намояндаи ширкати ҳавопаймоӣ ба расмият даровардани ваколатнома мумкин нест. Яъне ба ин ё он гуна бояд ягон кас бо наврас парвоз кунад”, - гуфтанд дар Вазорат.
Ба кӯдакони синни аз 16-сола поин ин талабот амал намекунад.
“Агар онҳо расман ба номи ширкати ҳавопаймоӣ ваколатнома гирифта бошанд, мисли пешин ба онҳо ба сафари бе ҳамроҳ иҷоза дода мешавад”, - изҳор доштанд дар Вазорати адлия.
Дар ширкати ҳавопаймоии Somon Air ҳам ин маълумотро тасдиқ карданд.
“Барои сафари ноболиғи 16-18-сола чунин ҳуҷҷатҳо талаб карда мешавад:
- розигии аз ҷониби нотариус тасдиқшудаи ҳарду волидон барои сафари ноболиғ ба хориҷа, ки иҷозаи ҳарду волидонро ба сафар тасдиқ кунад.
- ваколатнома ба шахси ҳамроҳ. Агар шахси калонсоли ҳамроҳ ба ноболиғ падар ё модар набошад, ваколатномаи аз ҷониби нотариус тасдиқгардида талаб мешавад, ки ваколатҳои ӯро тасдиқ намояд. Дигар ба намояндаи ширкати ҳавопаймоӣ ба расмият даровардани ваколатнома мумкин нест”, - гуфтанд дар ширкати ҳавопаймоӣ.
Ин аз куҷо пайдо шуд?
Ба савол дар бораи асоси қонунӣ доштан ё аз куҷо пайдо шудани чунин қоида дар Somon Air ба ҷой доштани кадом як супориши дохилӣ ишора намуданд.
Дар робита ба асоси қонунӣ доштани чунин қоида мувофиқи моддаи 272 Кодекси граждании ҷумҳурӣ, “шахси воқеӣ, ки ба синни 18-солагӣ нарасидааст, барои сафар ба хориҷи кишвар ва бозгашт ба он танҳо бо розигии волидайн ё шахсони онҳоро ивазкунанда ва ҳамроҳи онҳо ё ҳамроҳи шахсоне, ки ба он ваколат доранд, ҳуқуқ дорад”.
Яъне, ба корманди ширкати ҳавопаймоӣ ба расмият даровардани ваколатнома мустақиман манъ нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, қобили зикр аст, ки на ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоӣ харидани билет боз ба як шахси калонсолро талаб мекунанд.
Масалан, дар Turkish Airlines ва Маркази раводид (виза)-и Туркия дар бораи ҷой надоштани мушкилӣ дар парвоз бо ноболиғ изҳори назар карданд.
Тавсияҳо барои волидон
“Азия-Плюс” ҷиҳати рӯшанӣ андохтан ба ин масъала боз кӯшиш ба харҷ медиҳад, лекин барои парвози бароҳат ва бехатари кӯдаки шумо, қаблан бо ширкати ҳавопайоӣ маслиҳат кунеду тавсия бигиред ва бовар ҳосил намоед, ки шумо ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро бо худ доред.
Фаромӯш накунед, ки ҳама гуна нодурустиҳо ё мувофиқат накардан метавонад ба манъи парвози шумо боис гардад.
Тайёрӣ ба сафар бодиққатиро талаб мекунад, бахусус агар дар бораи парвози ноболиғон сухан равад.
Дар сурати зарурат қоидаҳои навро риоя кунед, то ки фарзанди шумо бехатар ва бе ҳеҷ тарсу воҳима ва ташвиш барои таҳсил ба хориҷа равад.