Дар арафаи оғози соли нави таҳсил дар вилояти Хатлон ба 31 омӯзгори ҷавон шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи замин барои сохтмони манзил тақдим карда шуд.
Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон зимни тақдими шаҳодатнома гуфт, ки ин як роҳи ҳалли мушкилоти норасоии омӯзгорон дар вилоят аст.
Ҳамчунин, раиси вилоят ба хонандагоне, ки муассисаҳои таълимии вилоятро бо шаҳодатномаи аъло ва медали тилло хатм кардаанд, ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналминалӣ, омӯзгорони онҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва падару модари ин хонандагон мукофоти пулӣ тақдим кардааст.
“Дар маҷмуъ, раиси вилоят бо дарназардошти собиқадорону дигар кормандони соҳаи маориф, ба 100 нафар дар ҳаҷми умумии 500 ҳазор сомонӣ мукофотҳои пулӣ дод”, - гуфта мешавад дар изҳороти дафтари матбуоти раиси вилоят.
Бояд гуфт, норасоии омӯзгорон дар кишвар яке аз муаммоҳое аст, ки Вазорати маориф ва илми кишвар барои ҳалли он чандин сол инҷониб талош дорад. Дар ин роҳ баъзе аз мақомоти маҳаллӣ ҳам бо пешниҳоди ҳар гуна имтиёзҳо кӯшиш доранд норасоии омӯзгоронро дар маҳалли худ коҳиш диҳанд.
Фестивали “Сад ранги чакан” чӣ гуна ҷамъбаст шуд?
Ду ҷавон дар Душанбе ба шикастани терминалҳо ва дуздии пул гумонбар дониста мешаванд
Иҷлосияи нахустини ҳайати нави парлумон рӯзи 19-уми март баргузор мегардад
Путин ба ҳалли масъалаи муҳоҷирон муҳлат дод. Русия чӣ гуна хориҷиёнро интизор аст?
Тоҷикистону Русия ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар бахши кишоварзӣ тавофуқ ҳосил карданд
Дар Ӯзбекистон зиёда аз 310 корхона бо сармояи Тоҷикистон фаъолият доранд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 марти соли 2025
Сабти номи довталабон дар ММТ барои ширкат дар имтиҳони дохилшавӣ оғоз шуд. Довталаб бояд чиро донад?
Вазорати рушди иқтисод мегӯяд, 42% аҳолии кишвар ба синфи миёна шомиланд
Чӣ тавр тоҷикон дар деҳот аз нерӯи офтоб истифода мебаранд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста