Вазири дифоъ, сардори Ситоди нерӯҳои мусаллаҳ ва як қатор фармондеҳони баландпояи артиши Афғонистон дар робита ба ҳамлаи хунини Толибон ба пойгоҳи нерӯҳои ҳукуматӣ дар вилояти Балх аз мақомҳояшон барканор шуданд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ вазири дифоъ Абдуллоҳ Ҳабибӣ, сардори Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон Қадамшоҳ Шаҳим ва се фармондеҳи баландпояи пойгоҳи низомии Шоҳин-2009-ро дар вилояти Балх барканор кард. Додситонии кулли Афғонистон ба зудӣ бозпурсии ин афсаронро дар доираи парвандаи санҷиши ҳамлаи Толибон ба пойгоҳи мазкур оғоз хоҳад кард.

Гуфта мешавад, ҷангиёни Толибон 21 апрел ба пойгоҳи артиши Афғонистон дар шаҳри Мазори Шарифи Балх ҳамла карда, дасти кам 140 низомиро куштанд. Манобеи расмии Афғонистон мегӯянд, ки ҷангиёни Толибон дар тан либоси артиши миллии ин кишварро доштанд. Ин пурқурбонитарин ҳамла ба пойгоҳҳои низомии Афғонистон аст.

Намояндаи артиши милли Афғонистон гуфтааст, ҷангиёни Толибон замоне ҳамларо оғоз карданд, ки сарбозон баъди адои намози ҷумъа аз масҷид берун мешуданд. Онҳо ҳатто сарбозеро, ки дар ошхона буд, паррондаанд.

Толибон мегӯяд, барои гузаштани девори аввали дифоии пойгоҳ аз маргталабон истифода кардааст. Дар натиҷаи ин ҳамла, дасти кам 10 ҷангии гурӯҳи даҳшатафкани мазкур кушта шудаанд.

Давлати Афғонистон ба хотири арҷгузорӣ ба қурбониён 23 апрелро рӯзи мотами миллӣ эълон кард.