Раҳбари Бюрои федеролии тафтишоти ИМА ё FBI Ҷеймс Комӣ баъди як рӯзи ҷаласаи зеркумитаи ҳуқуқии Сенати Амрико оид ба парвандаи робитаи ёвари пешини президент Трамп дар умури амнияти миллӣ Майкл Флинн бо сиёсатмадорони рус, аз мақомаш барканор шуд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, масъалаи дахолати эҳтимолии Русия дар маъракаҳои интихоботи президентии Амрико низ ҳамзамон баррасӣ шуд. Иштирок дар санҷиши шуъбаҳои гуногуни маъмурияти ИМА-ро Ҷеймс Комӣ ҳамоҳанг мекард.

Гуфта мешавад, Трамп дар изҳороти худ қайд кард, ки барканории Комӣ барои Бюрои федеролии тафтишот "оғози нав"-е хоҳад буд. Дар Кохи сафед гуфтанд, ки ҷустуҷӯи сардори навро барои бюро фавран оғоз мекунанд. Комӣ аз соли 2013 ба ин сӯ раҳбари бюрои мазкур буд.