Департаменти давлатии ИМА аз тасмими Москва ба кам кардани шумори дипломатҳои амрикоӣ дар Русия изҳори таассуф кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар баёнияи вазорати корҳои хориҷии ИМАдар ин робита зикр шудааст, ки ин иқдом асоснок нест.

ИМА ният дорад, бурду бохти тасмими мазкурро "арзишёбӣ кунад ва иқдомҳои ҷавобӣ биандешад".

Ахиран президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки 755 корманди бахши дипломатии Амрико дар Русия ихтисор мешаванд. Ҳайати дипломатии ИМА 455 кормандро - ҳамон миқдоре, ки дар бахши дипломатии Русия дар ИМА фаъолият мекунанд, ташкил хоҳад дод.

Мақомоти Русия ин хабарро 28 июл расонӣ карданд. Тасмими мазкур дар посух ба таҳримҳои нави ИМА зидди Русия гирифта шудааст.